ВидеоИлму фанноварӣНомаҳо ба президентҶомеа

НАФАҚАҲОИ МАЪЮБОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 20 ТО 50% БОЛО МЕБАРАНД

Нафақаҳои маъюбонро дар Тоҷикистон аз 1 сентябр ба андозаи аз 20 то 50 дарсад боло мебаранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май фармони №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад”-ро имзо кард.

Бар асоси ин фармон, “бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон“ аз 1 сентябри соли 2021  нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуда, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), низ ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида боло бурда шаванд;
Вале нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Ба ҳукумати Тоҷикистон амр шудааст, ки дар муддати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мувофиқ гардонда, иҷрои ин фармонро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд.

Бино ба омори расмӣ, то 1 январи соли 2020 дар Тоҷикистон 149 ҳазору 704 маъюб расман сабти ном шуда буд. Аз ин шумор 28 ҳазору 626 маъюб ноболиғ будаанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи
нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт
мегардад

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2021:
– нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
– нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;
– нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд;
– дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 майи соли 2021
№186

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button