ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 27 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 27 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БАРКАНОРИИ МУРОДАЛӢ АЛИМАРДОН ВА ТОҶИДДИН ПИРЗОДА АЗ РОҲБАРИИ “АГРОИНВЕСТБОНК” ВА “ТОҶИКСОДИРОТБОНК”

БАЪДИ ЭЪТИРОЗИ МАРДУМ БА СЕ ПАРВОЗИ “СЕВЕРНЫЙ ВЕТЕР” ИҶОЗАТ ДОДАНД

АКААТ ДАР АФРИКА БАНАН ХӮРДА ИСТОДААСТ… ҚИССАИ ТАЛХИ ЯК ҚУРБОНИИ ШИКАНҶА

ГУЛБАҲОРРО ДАР РУСИЯ КӢ КУШТ? ВА БАРОИ ЧӢ?

МАРГИ ФОҶИАВИИ ПАДАРИ СОҲИБИ 7 ФАРЗАНД ВА ТИФЛИ ЧОРСОЛА ДАР РОШТҚАЛЪА

4 КИЛО ҲЕРОИН ДАР ДАРУНИ ҶОМАДОН: БОЗДОШТИ МАҲМУДОВ ДАР ФУРУДГОҲИ ХУҶАНД

ГАРДАНБАНДИ ТИЛЛОИРО ДАР РӮЗИ РАВШАН АЗ ГАРДАНИ ЗАН КАНДА ГИРИФТ…

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар асоси қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”  дар пайи бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ин ду бонк бо судури қарорҳои дахлдор мудир таъин намудааст.

“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд. Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.

Ба ин тартиб, Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода аз мақоми роҳбарии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барканор карда шуданд.

Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, ин ду бонк бо вуҷуди кумакҳои молиявии ҳукумат натавонистанд вазъи молиявии худро беҳтар кунанд ва “аз бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз табдил ёфтанд.

 Бонки миллии Тоҷикистон 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонки дигари  гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд.

Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард. Акнун сарнавишти пулҳои ҳудуди 6 ҳазор муштарии “Тоҷиксодиротбонк” ва тақрибан 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк”–ро бояд мудирони махсус ҳал кунанд. Бонки миллӣ гуфт, бахши аъзами ин пасандозҳо аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  пардохт хоҳад шуд.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ рӯзи 25 май хабар дод, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ танҳо то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 000 сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад. “Маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд”, – гуфта мешавад дар шарҳи Хазина.

Бонки миллӣ қаблан гуфта буд, ки пасандозҳои боқимондаро мудирони махсус аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонкҳои барҳамдодашуда бояд ҷамъоварӣ ва пардохт кунанд. Вале бо гузашти 4 сол аз барҳам додани “Тоҷпромбонк” то ҳол даҳҳо тан аз муштариёни он шикоят доранд, ки ҳанӯз ҳам пулҳои худро пас гирифта наметавонанд.

хххххххххххххххх

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баъди ду рӯзи эътирозҳои паиҳами мусофирон дар саҳни фурудгоҳи Душанбе ба се парвози ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия иҷозат додаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, ду парвози “Северный ветер” аз фурудгоҳи Душанбе ба самти Қазон ва Иркутск шаби 26 ба 27 май сурат гирифта, парвоз ба Санкт Петербург, қарор аст, давоми рӯзи 27 май анҷом шавад.

Ин ширкат дар пайи ду рӯзи эътирози мусофиронаш иҷозати парвоз ба даст овард. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. Ин боиси аз роҳи сафар мондани садҳо мусофире  шуд, ки пули зиёд дода, ба парвозҳои ин ширкат чипта харида буданд. Мусофироне, ки шоми 25 май ва нимаи дуюми рӯзи 26 май дар саҳни фурудгоҳ ҷамъ омаданд ва эътироз карданд, мебоист аз 21 то 23 май ба Иркутск, Қазон ва Санкт Петербург парвоз мекарданд, вале ба ин парвозҳо иҷозат надоданд.

Барои ҳифзи тартибот ба саҳни фурудгоҳ шумори зиёди нирӯҳои милиса низ ҷалб шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 26 май Икром Субҳонзода, мудири агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон  ба назди мардуми гирдиҳамомада омад ва гуфт, ҳадафи онҳо аз манъи парвозҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия пойин овардани нархи парвозҳост.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер” ва “Сибирь”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. “Сибирь” рӯзи 21 май аз нав барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифт, вале ба “Северный ветер” дигар иҷозати парвоз надоданд.

ххххххххххххххххх

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки бар асоси дархосташ мақомоти тафтишотии Русия нафари гунаҳкор дар қатли як зани зодаи Тоҷикистонро дастгир ва маҳкум ба зиндон кардаанд.

28 августи соли 2019 аз Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ёвон вилояти Хатлон Норматова Гулбаҳор Ҷалиловна, санаи таваллудаш 11 феврали 1974, бо аломатҳои марги маҷбурй оварда шуд.

   Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ин аз ҷониби ин идора оид ба ҳолати ба марг расонидани Норматова Г.Д. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба Додситонии кулли Русия дархост ирсол карда шуд.

  “Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 1 моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Руссия (куштор), парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Бобоёров Х.А. боздошт шудааст. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Бобоёров Х.А. дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Норматова Г.Д. чор зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

    Бо ҳукми суди шаҳри Митищии вилояти Москва аз 18 декабри соли 2020 Бобоёров Х.А. дар куштани Гулбаҳор Норматов гунаҳгор дониста шуда, ба 6 соли колонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум шудааст.

“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд”, – таъкид кардааст дар иттилоияаш маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд, вале даҳҳо тани онҳо ҳар сол бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла бо дасти ҳамватанҳои худашон тарки дунё мекунанд.

ххххххххххххххххх

Як сокини Тоҷикистон, ки бар асари латтукӯб ва шиканҷа дар шуъбаи милиса маъюб шудааст, суҳбати телефониаш бо яке аз милисаҳоеро, ки ӯро азобу уқубат додаанд, сабт кардааст.

Дар ин сабт, ки як нусхаашро рӯзи 26 май ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ирсол карданд,  марди ҷавоне дида мешавад, ки чанд ҷои рӯяш зоҳиран бар асари латтукӯб сиёҳу кабуд шудааст.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин навор маълум нест, вале дар сабт дида мешавад, ки ин ҷавон бо телефон ба корманди милиса нақл мекунад, ки чанд рӯз боз пушти дари беморхонаву прокуратура давутоз дорад. Вақте корманди шуъбаи милиса сабаб мепурсад, ин ҷавон нақл мекунад, ки ташхиси табибон ба хулосае расидааст, ки пардаи гӯши ӯро даррондаанд.

Ӯ ба корманди милиса, ки худро ба нодонӣ мезанад, мегӯяд, ки “дар ёдат ҳаст, вақте дар шуъба мезадеду ман ака мегуфтам тарафатон, мегуфтӣ, ки акаат дар Африка банан хӯрда истодааст. Вале ман шоҳид дорам. Зане дид ин ҳамаро ва омада, ба ҳамсарам ҳам гуфтааст, ки шавҳаратро дар шуъба панҷкаса чунон заданд, ки ҳама қабурғаҳояш шикасту рехт…”

Бино ба нақли ин ҷавон, ӯро гӯё бо гумони даст доштан дар фурӯхтани кадом чорвои дуздӣ дастгир карда ва шиканҷа додаанд, то ки гуноҳи нокардаро ба калла бигирад.

Бо шиканҷа ва азобу уқубат ба эътирофи гуноҳ маҷбур кардани дастгиршудаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон яке аз мавридҳои умдаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо даъвати созмонҳои байналмилалӣ ҳатто як банди вижаеро дар Кодекси ҷиноятӣ шомил кард, ки барои шиканҷа ҷазои шадид пешбинӣ мекунад. Аммо дар аксари мавридҳо парвандаҳои кормандони ба шиканҷа муттаҳами мақомот бо моддаҳои ҷазояш хеле сабуктар, ба мисли берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ таҳқиқ мешаванд ва дар ниҳоят гунаҳкорон бо ягон ҷазои рамзӣ, ба мисли ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Рӯзи 25 май дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду нафар: як марди баркамол дар синни 65 ва як тифлаки чорсолаи, ба таъбири маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, “ҳанӯз аз бозиҳои тифлӣ серношуда” ва “аз сад гул як гулаш ҳам ношукуфта” дар об ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои КҲФ, як марди 65-солаи соҳиби 7 фарзанд аз деҳаи Занизи ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа субҳи барвақти 25 май, тахминан соати 04:00 аз хона баромада, бедарак шудааст.

Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд маълум гаштааст, ки номбурда ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст. Аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун оварда ба соҳибонаш супурдаанд”, хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамин тавр, бегоҳи 25 май, соати 18:30, як тифли 4-сола аз деҳаи Навободи ҷамоати Сежд, ки дар берун аз хона танҳо бозӣ мекард, ба ҷӯйбори назди хонаашон афтида, ҷон бохтааст.

Аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай наздики 40 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи ғарқшудагон ноболиғон, аксаран кӯдакони хурдсол мебошанд.

ххххххххххххххххх

Маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 27 май хабар дод, ки рӯзи 21 май дар назди фурудгоҳи Хуҷанд аз ҷомадони Масрур Маҳмудов, сокини 39-солаи Душанбе, ки мехост ба Маскав парвоз кунад,  қариб 4 кило ҳероин пайдо кардаанд. Агентӣ мегӯяд, Маҳмудов дар даруни ҷомадонаш ба таври устокорона махфигоҳ сохта буд.

 “Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов Масрур махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, дар дохили он як адад бастаи селофании скотчпечи бӯи махсус дошта ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин аз киссаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда, як адад бастачаи селофании дорои маводи кулухчамонанди зардчатоби бӯйи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки маводҳои аз Маҳмудов Масрур мусодира гардида,  воситаи нашъадори нави “героин” буда, вазни умуми он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Агентӣ.

Бино ба ин манбаъ, дар рафти пурсиш Маҳмудов Масрур эътироф кардааст, ки мехост маводи нашъадорро тавасути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва бо мақсади фурӯш ба пойтахти Русия интиқол диҳад.

Дар робита ба ин нисбат ба Маҳмудов Масрур Раҳматович бар асоси қисми чоруми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир бо миқдори махсусан зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба ӯ бар асоси моддаи 200 ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди афюн, ҳашиш ва ҳероини дунё, қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия низ тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба дигар ахбори криминалии рӯз:

Як сокини 25-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 май, соти 18:00, дар назди Маркази ташхисии пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз гардани як зани 50-сола гарданбанди тиллоиро канда, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Акнун ба ин ҷавон барои ғоратгарӣ бар асоси моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххх

Як зани 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 май дар дохили бозори бузургтарини Душанбе – ҶДММ “Корвон” бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои як зани 38-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт матоъҳо ва рӯймолҳои занонаии сохти хориҷро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Акнун ба ин ҷавонзан барои дуздӣ бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххх

Як марди 61-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи январи соли 2021, ноҳия бо роҳи фиреб ба боварии сокини 30-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардондааст. Инчунин, марди 47-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 228 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст,  ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2020, дар назди маркази савдои “Гарант”-и шаҳри Душанбе  бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат  даромада, аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале то ҳол ин пулро барнагардонидааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button