ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ҚИРҒИЗИСТОН 189 МУСОФИРИ “СОМОН ЭЙР”-РО ДАР ФУРУДГОҲИ БИШКЕК ПАС ҚАБУЛ НАКАРД

Шаби 25 май Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар фурудгоҳи “Манас” –и шаҳри Бишкек шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” омада буданд, роҳ надод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас”, бо ин ҳавопаймо 189 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди кишварҳои дигар ба Бишкек омада буданд. 9 мусофири хориҷӣ аз марз гузаштанд ва дар Бишкек монданд. Вале 189 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Бишкек ба Душанбе пас фиристодаанд. Ин ҳавопаймо субҳи 26 май ба Душанбе баргашт.

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас” гуфт, ҳавопаймо бо шаҳрвандони Тоҷикистонро алакай 2-3 соат пас аз фуруд омаданаш дар Бишкек ақиб фиристодаанд. Касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Манас” дарнамондааст”, – мегӯянд дар фурудгоҳ. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар бораи дар Бишкек дармондани садҳо мусофири тоҷик хабарҳо ба даст расида буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳо дар бораи баста шудани марзи Қирғизистон расман огоҳ карда нашуда буданд ва барои парвози “Сомон Эйр” Қирғизистон иҷозат дода буд, вале бидуни огоҳӣ ҳавопайморо аз Бишкек ақиб гардонданд.

Абӯбакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Бишкек гуфт, талош кард, то мушкилро тавассути музокирот бо мақомоти Қирғизистон ҳал кунад, вале ба ӯ гуфтаанд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” бояд ба Душанбе баргардад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 23 май раиси кобинаи вазирони Қирғизистон Улуғбек Маъруфов (Улукбек Марипов) дар мулоқот бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон–Олойи вилояти Ӯш, ки бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон ҳаммарз аст,  гуфтааст, ки мақомоти Қирғизистан ахиран дар бораи “то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардаанд.”

Ин қарор рӯзи 24 май имзо шуд. Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзе баъд гуфт, ки ин қарор рабте ба ҳодисаҳои охири хунин дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон надошта, ҳанӯз баҳори соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус қабул шуда буд ва ҳоло дигарбора  ҷорӣ карда шуд.

Дар ҳар сурат, тибқи ин қарор, равуои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон, ҳатто ба сурати транзит, манъ гардида, ҳаттто ба интиқоли бор ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути марзи ду кишвар манъ шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо танҳо дипломатҳо ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ва он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Қирғизистон қарор доранд, метавонанд аз марз убур кунанд. Ин маҳдудиятҳо дар гузаргоҳҳои заминии «Қулунду», «Қайрағоч», «Қизил-Бел », «Бордобо» ва «Қарамиқ” ва тавре, қазияи ахир нишон дод, дар фурудгоҳҳои Қирғизистон ҷорӣ карда шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бино бар хеле гарон будани нархи парвозҳо байни Русияву Тоҷикистон бисёре аз шаҳрвандони тоҷике, ки мехостанд ба Русия парвоз кунанд ё аз онҷо ба Ватан баргарданд, бо нархи арзонтар тавассути Қирғизистон чипта мехариданд. Ҳоло маълум нест, тақдири чиптаҳои онҳое, ки аз пеш тавассути Қирғизистон чипта харидаанд, чӣ хоҳад шуд?

Моҷарои омада бар сари 189 мусофири тоҷики ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи Бишкек дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ноҳияҳои Исфараву Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо  ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва беш аз 150 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон  – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button