ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

ВИДЕО: ЭЪТИРОЗИ МАРДУМ ДАР ДЕҲАИ ДЕГДОНАКИ ҶАМОАТИ МУҶИХАРФ

Рӯзи 25 май Саид Табаров дар Фейсбук видеои гирдиҳамоии сокинони деҳаи Дегдонаки ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нурободро нашр кард. Дар видеои чордақиқагӣ дида мешавад, ки мардум дар маркази деҳа ҷамъ шуда, эътироз доранд.

Дар видео садои доду фарёди мардум шунида мешавад ва ҳам дида мешавад, ки мақомот барои ором ва пароканда кардани сокинони кормандони милисаро ҷалб кардаанд.

Муаллиф дар шарҳи сабабҳои эътирози сокинон дар зери видео навишт: “Ин мардум дар ноҳияи Нуробод дар охирин дешаи  дараи Муҷихарф зиндагӣ мекунанд. Ин мардум ҳамааш заминҳои чарогоҳ доранд, ки ҳарсола андози заминро дар тирамоҳ месупоранд. Аммо баҳор, ки шуд, вақти истифодаи замин мансабдорон омада заминҳоро ба зӯр ба дигарон мефурӯшанд. Имсол мардум нахостанд, ки заминҳояшонро ба дигарон диҳанд.”

Солҳои охир бисёре аз заминҳои чарогоҳ дар атрофи рустоҳо дар Тоҷикистон, ки дар тӯли даҳсолаҳо барои чаронидани чорвои мардум истифода мешуд, ба ихтиёри одамони пулдору пуштдор дода шуданд ва дар натиҷа, мардум барои чаронидани чорвояш дигар ҷое пайдо карда наметавонад. Ин мавҷи норозигиҳоро дар байни сокинони деҳот, бахусус онҳое, ки зиндагиашонро аз ҳисоби чорводорӣ пеш мебаранд, ба бор овардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи апрел хабар дод, ки дар пайи баррасии  шикояти дастаҷамъии сокинони деҳаи Гулрӯд (собиқ Қудуқ)-и ноҳияи Восеъ дар мавриди  ғасби тамоми заминҳои чарогоҳ дар атрофи ин деҳа аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб”, роҳбарони ин ду хоҷагӣ розӣ шуданд, ки аз ҳисоби заминҳои худ барои халқ замини чарогоҳ ҷудо кунанд.  Аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” розӣ шудааст, ки 40 гектар ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 гектар аз заминҳои худро дар ихтиёри халқи Гулрӯд (Қудуқ) гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button