ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ЧОРВОИ ХАЛҚРО БО ЧАРОГОҲ ТАЪМИН КУНЕД! ДАХОЛАТИ ДОДСИТОНИИ КУЛ БА БАҲСИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ин ниҳод ахиран шикояти дастаҷамхии сокинони деҳаи Гулрӯд (собиқ Қудуқ)-и ноҳияи Восеъро дар мавриди  ғасби тамоми заминҳои чарогоҳ дар атрофи ин деҳа аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб” мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар ҷараёни баррасӣ муайян шудааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 24 декабри соли 2018, №224 барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” ба шаҳрванд Фарезов Ҳ. – 197,3  га замин,  аз  ҷумла 47,75 га  замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га  ҷариҳо барои  истифодабарии  мероси якумра ҷудо карда шудааст. Ва азбаски заминҳои ин хоҷагӣ дар паҳлуи деҳаи Гулрӯд ҷойгир шудаанд, роҳбари “Ҳоҷӣ Довуд” чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст.

Ин боиси норозигии сокинон ва муроҷиати онҳо ба додситонӣ шудааст.

Додситонии кул мегӯяд, дар ҷараёни баррасӣ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ худашон “ташаббус нишон дода”, розӣ шудаанд, ки аз ҳисоби заминҳои худ барои халқ замини чарогоҳ ҷудо кунанд.  Аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” розӣ шудааст, ки 40 гектар аз заминҳояшро ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 гектар аз заминҳои худро дар ихтиёри халқи Гулрӯд (Қудуқ) гузоранд. Додситонии кул дар ин бобат бо дархости ҳалли мушкилоти ба амал омада ва ҷудо намудани  замин барои  чарогоҳ ба сокинони деҳаи Гулрӯд (Қудук)  ба раиси ноҳияи Восеъ мактуби расмӣ ирсол кардааст ва бино ба иттилои маркази матбуоти додситонии кул, “тибқи Қарори Раиси ноҳияи Восеъ аз 19 апрели соли 2021, №422 ҳуқуқи истифодаи 40 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Хоҷи Довуд” қатъ гардида, барои минбаъд ҳамчун чарогоҳ аз тарафи сокинони деҳаи Гулруд (Қудук) истифода намудан вобаста карда шуда,масъалаи ба фонди махсус гузаронида шудани 15 га қитъаи замини чарогоҳ аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” феълан дар ҷараёни баррасӣ қарор дорад.”

Солҳои охир бисёре аз заминҳои чарогоҳ дар атрофи рустоҳо дар Тоҷикистон, ки дар тӯли даҳсолаҳо барои чаронидани чорвои мардум истифода мешуд, ба ихтиёри соҳибкорону пулдорон дода шуданд ва дар натиҷа, мардум аз имкони чаронидани чорвояш маҳрум шуд. Ин мавҷи норозигиҳоро дар байни сокинони деҳот, бахусус чорводорон, ба бор овардааст.

Акс аз Азия Плюс

ҲАҚ БА ҲАҚДОР РАСИД

 Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ, бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муроҷиати дастҷамъонаи сокинони деҳаи Гулруд (Қудук), ҷамоати  деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеро оид ба надоштани имконияти парвариши чорвои хонагӣ бинобар набудани замини чарогоҳ ва гузаронидани кишти зироатҳои донагӣ дар ҳудуди заминҳои  назди деҳаашон мавриди  баррасӣ  қарор дод.

 Бо мақсади санҷиши пурра ва ҳаматарафаи муроҷиати мазкур корманди Раёсат ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, дар маҳал баҳри баррасӣ намудани мушкилоти ҷойдошта, бо муаллифони муроҷиат,  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии “Хоҷи Довуд” ва “Сурхоб” вохӯрда, ҳолати истифодабарии заминро дар ҳудуди деҳаи мазкур арзёбӣ намуданд.

  Муайян гардид, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 24 декабри соли 2018, №224 барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” ба шаҳрванд Фарезов Ҳ. – 197,3  га замин,  аз  ҷумла 47,75 га  замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га  ҷариҳо барои  истифодабарии  мероси якумра ҷудо карда шудааст.

  Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, хоҷагии деҳқонӣ дар моликияти худ  356 сар чорвои хурду калони шохдор дошта, бо қарори раиси ноҳия аз 19.07.2019 сол, ба хоҷагӣ аз ҳисоби заминҳои ба ӯ вобастшуда барои сохтмони молхона (кашар), анбори  хӯроки  чорво  ва ҷой барои  дамгирии подабонҳо дар масоҳати 0,20 га иҷозат дода шудааст.

  Бо назардошти ҳамсарҳад будани заминҳои хоҷагӣ бо деҳаи Гулруд (Қудук) роҳбарияти хоҷагӣ ҳамчун заминистифодабаранда чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст.

 Таҳлил нишон дод, ки бо сабаби ба  якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ  вобаста карда шудани заминҳои гирду атрофи деҳа  ва ҷой надоштани замини  иловагии чарогоҳ,  ки боиси  ба амал  омадани  норозигӣ миёни аҳолии маҳал ва заминистифодабарандагон гардидааст, барои муроҷиат ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштааст.

 Қобили қайд аст,ки зимни вохӯрӣ бо намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва  арзёбӣ гардидани воқеияти истифодабарии замин аз тарафи онҳо, роҳбарияти хоҷагиҳои дар боло зикргардида  ташаббус нишон дода, ҷиҳати ба фонди махсуси ноҳия гузаронида шудани қисми заминҳои ба онҳо вобаст гардида, аз ҷумла аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Хоҷи Довуд” 40 га ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 га барои  минбаъд ҳамчун  чарогоҳ  истифода бурдн иҷозат доданд. 

 Дар рафти санҷиш аз тарафи Прокуратураи генералӣ унвонии Раиси  ноҳияи  Восеъ доир ба ҳалли мушкилоти ба амал омада ва ҷудо намудани  замин барои  чаррогоҳ ба сокинони деҳаи Гулруд (Қудук) мактуби расмӣ ирсол карда талаб карда шуд, ки оид ба  масъалаи ба фонди махсуси ноҳия қабул карда шудани қитъаи заминҳои зикршуда ва минбаъд барои истифода ҳамчун чарогоҳ ба сокинони ин деҳа додани  он қарор қабул намояд.

  Дар ин замина тибқи Қарори Раиси ноҳияи Восеъ аз 19 апрели соли 2021, №422 ҳуқуқи истифодаи 40 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Хоҷи Довуд” қатъ гардида, барои минбаъд ҳамчун чарогоҳ аз тарафи сокинони деҳаи Гулруд (Қудук) истифода намудан вобаста карда шуда,масъалаи ба фонди махсус гузаронида шудани 15 га қитъаи замини чарогоҳ аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” феълан дар ҷараёни баррасӣ қарор дорад.

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button