ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН РАФТУОМАД ТАВАССУТИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОНРО ПУРРА ҚАТЪ КАРДААСТ

Раиси кобинаи вазирони Қирғизистон Улуғбек Маъруфов (Улукбек Марипов) дар мулоқот бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон–Олойи вилояти Ӯш  гуфтааст, ки мақомоти Қирғизистан ахиран дар бораи “то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардаанд.” Ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш дар водии Рашти Тоҷикистон, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, ҳамсарҳад аст. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Раҳбари ҳукумати Қирғизистон, ки ин хабарро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, тафсилоти дигар наовардааст. Вале тасмими бастани марзҳо аз ҷониби Бишкек дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ноҳияҳои Исфараву Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо  ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва беш аз 150 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон  – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Улуғбек Маъруфов дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “масъалаи марз имрӯз яке аз муҳимтарин масъалаҳост. Барои ҳалли он тамоми талошҳо ба харҷ дода мешаванд. Ва мо онро ҳал мекунем. Ахиран дар бораи то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд. Дар баробари ҳалли масоили таъйин ва аломатгузории марзҳо мо масъалаи таҳкими марзҳоямонро ҳам гузоштаем. Барои ин барои марзбононамон тамоми шароит муҳайё сохта мшавад. Дар масъалаи таҳкими марзи давлатӣ нақши калидиро сокинони маҳаллӣ низ иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, шуморо ба сабру ҳусни тафоҳум даъват мекунам. Фақат онҳое, ки дар марз ба сар мебаранд, медонанд, ки зиндагӣ дар инҷо чӣ қадар сахт аст. Ман ҳамеша мегуфтам, ки ин мардум қаҳрамонанд. Боз такрор мекунам, ки ҳадафи асосии мо беҳдуди зиндагии мардуми оддист. Ҳмаи чизи лозим барои инро мо якҷо ва марҳала ба марҳала ба даст хоҳем овард.”

Улуғбек Маъруфов 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ноокати вилояти Ӯш аст. Ӯ моҳи феврали соли 2021 сарвазири Қирғизистон интихоб шуд. Аз 5 май ин мақом ба раиси кобинаи вазирон табдили ном кард. То расиданаш ба раисии ҳукумат, Маъруфов 5 сол раиси Палатаи ҳисоби Қирғизистон буд.

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 24 май президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) дар Сочи бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад. Дар баробари равобити дуҷонибаи Маскаву Бишкек, як мавзӯи асосии дидори ӯ бо Путин роҳҳои оддӣ сохтани равобити Бишкек бо Душанбе дар пайи муноқишаи ахири марзӣ ном бурда мешавад.

Рӯзи 30 апрел дар пайи муноқишаи хунин роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар як гуфтугӯи телефонӣ тавофуқ карда буданд, ки Ҷабборов дар нимаи дуюми моҳи май барои музокирот ба Душанбе меояд. Вале бо онки то поёни моҳи май як ҳафтаи дигар мондааст, то ҳол санаи дақиқи сафари президенти Қирғизистон ба Душанбе эълон нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button