Муҳоҷирон

ПИСАРИ 12-СОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ШӮХӢ КАРДААСТ, КИ МУАЛЛИМААШРО МЕПАРРОНАД

Юсуф П., як фарзанди 12-солаи оилаи муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Зеяи вилояти Амури Русия дар мукотибаи хусусӣ бо муаллимааш дар мессенҷери WhatsApp  “шӯхӣ” кардааст, ки мехоҳад ӯро бипарронад.

Скриншоти мукотибаи онҳоро Телеграм-канали @surf_noise1 («Покот»), ки бо мавзеъгириҳои бадбинонааш нисбат ба муҳоҷирон маъруф аст, нашр кардааст.

Тавре аз мукотиба бармеояд, шогирд ба устодаш аввал як барномаи интернетиро фиристодааст. Дар посух ба суоли муаллима мабнӣ ба ин ки «Ин замима ба ман чӣ даркор,  Юсуф посух додааст, ки “То ки ман донам, ки шумо дар куҷоед? Шумо ҳама вақт лозимед барои ман.”

Юсуф П. дар идомаи мукотибааш якбора ба лаҳни таҳдидомез гузашта, менависад: “Мехоҳам ҳамаи муаллимаҳоро парронам. Ва аввалинаш шумо хоҳед шуд. Охири соли таҳсил аст охир.”

Муаллима, ки аз ин ҳарфҳои шогирдаш ба ҳолати шок афтод, пурсидааст: “Сарат дар ҷояш ҳаст?”

“Ин шӯхӣ буд”, – ҷавоб медиҳад Юсуф, вале муаллима ба ӯ хотиррасон мекунад, ки «Барои чунин шӯхиҳо ҷазоҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд!!!»

Телеграм-канали «Покот» хабар додааст, ки Юсуф П. соли 2019 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва ҳоло падараш барои рафтори писараш узрхоҳӣ мекунад.

Таҳдиди куштан, ҳатто агар бо шӯхӣ бошад, хеле ҷиддӣ гирифта мешавад ва метавонад сабаби санҷиш ва ҳатто кушодани парвандаи ҷиноӣ гардад. Ахиран як хонандаи 17-сола аз шаҳри Благовешенски вилояти Амур дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шӯхӣ” кардааст, ки мехоҳад ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби шаҳри Қазонро дар мактаби №27 дар Благовешенск такрор кунад. Дар пайи ин “шӯхӣ” садҳо хонандаву омӯзгори ин мактабро кӯчонда, дарсҳоро қатъ карданд ва мақомот хонандаи “шӯх”-ро хеле бозҷӯӣ ҳам карданд. Дар натиҷа, маълум шуд, ки ӯ гирифтори мушкили равонӣ будааст ва бояд табобат бигирад. Ҳол он ки ӯро метавонистанд барои ин як “шӯхӣ” ба кунҷи зиндон биандозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button