ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 7 КИЛО “МЕТАМФЕТАМИН” АЗ ДУ СОКИНИ ҲИСОР (3 АКС)

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 18 май хабар дод, ки моҳи апрел кормандони ин ниҳод аз ду сокини Ҳисор беш аз 7 кило моддаҳои психотропии навъи “Метамфетамин” мусодира кардаанд. Нисбат ба Абдуғафорзода Сайраҳмон, санаи таваллудаш 4 июни соли 1982, сокини деҳаи Гулимайдони ҷамоати Ҳисор, маълумоташ олӣ, соҳиби 2 фарзанд, муваққатан бекор, ва Зикиров Ҳошимҷон Қаландарович, санаи таввалудаш 16 ноябри 1978, сокини деҳаи Кӯҳони болои ҷамоати Навобод, соҳиби 5 фарзанд, муввақатан бекор, ки соли 2017 бар асоси моддаи 247 барои қаллобӣ суд шудааст, бар асоси моддаи 200 қисми 4 банди “Д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин 2 сокини Ҳисор бар асоси ин банди қонун аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод ибтидо ҳангоми азназаргузаронии автомошинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, рақами қайди давлатиаш 63-17 NN 01, таҳти идораи  шаҳрванд Абдуғафорзода Сайраҳмон, як бастаи селофании рангаш сиёҳро, ки дар дохилаш маводи кристалии рангаш сафедро ҷой карда буданд, ёфт ва мусодира кардаанд. Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда моддаҳои психотропии навъи “Метамфетамин” буда,  вазни холиси он 983 гр ро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки Абдуғафорзода Саидраҳмон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслаки худ Зикиров Ҳошимҷон Қаландарович, сокини деҳаи Кӯҳони боло “бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, миқдори махсусан калони моддаҳои психотропии “Метамфетамин”- ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, як қисмашро таввасути мошинаш аз шаҳри Ҳисор ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқол дода, боқимондаашро дар манзилҳои зисти худ, ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд.”

Мақомот ҳангоми кофтукоб аз анборхонаи манзили Абдуғафорзода Саидраҳмон дар деҳаи Гулмайдон зиёда аз ду кило “Метамфетамин” пайдо кардаанд. Ҳамчунин ҳангоми кофтуков “аз ҳуҷраи меҳмонхонаи Зикиров Ҳошимҷон дар  деҳаи Кӯҳон 4  дастгоҳи нави омодасозии афшура ёфт гардид, ки бе доштани лаёқати оперативӣ маълум намудани махфигоҳи махсус дар дохили онҳо ғайриимкон буд. Ҳамин тариқ аз дохили дастгоҳҳои афшура 4 кг 210 гр моддаҳои психотропии “Метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд. Ҳаҷми маводҳои мусодирагардида дар ҷамъ 7 кг 393 гр ташкил медиҳанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон.

Метамфетамин- намуди тағйирдодашудаи амфетамин ва яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, нисбат ба дигар маводи нашъаовар шиддати қавитар ва зудтаъсиркунанда дорад.

Вобаста аз намуди зоҳириаш ба ин мавод номҳои кӯчагии “Кристалл”, “Шиша” ва “Ях” ро мансуб медонанд. Ин мавод дар лабораторияҳои ғайриқонунии давлатҳои хориҷа омода ва бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Бино ба иттилои Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, вобаста аз усули истифода таъсири метамфетамин баъд аз 20-30 сония оғоз ёфта, аз 6 то 12 соат идома меёбад. Дар ин асно шахсро ҳолатҳои ҳаяҷон, гумшавии иштиҳо, афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ ва ё баръакс хастагӣ ва хоболудӣ, эътимоди зиёд ба худ ва ҳисси зиёдшавии қувват, афзоиши ноустувории рӯҳӣ, такрори ҳаракатҳо, вайроншавии рӯҳия фаро гирифта, хатари тангшавии рагҳои хунгард ва баландшавии фишори хун, сустшавии ҳозима, баландшавии ҳарорати бадан, сактаи мағзи сар, таназзули илтиҳобии асабҳо, халалдоршавии таппиши қалб ва аз кор мондани он ба миён меояд.

“Истеъмоли ингуна маводҳо ҷавононро гумроҳу фирефта намуда ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат зарбаи манфӣ мерасонад, вале мутаассифона нашъаҷалобон ба хотири гарм намудани бозори ҷиноии худ кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ҳазорҳо нафаронро ба доми фиреби худ гирифтор намоянд” – таъкид кардааст маркази матбуоти Агентӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button