ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОШТҚАЛЪА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 май дар се садама дар Қубодиён,  Восеъ ва  Роштқалъа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ шаби 16 май, соати 23:20 дар Роштқалъа рух додааст. Ронандаи 47-солаи мошини ГАЗ-53, сокини ноҳияи Роштқалъа Сӯҳроб  Афзалшоевич Нозиёнов ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавшанғоз ба тарафи ноҳияи Роштқалъа, дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мошин ба дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа, ду мусофири ин мошин: Қарабозов Назмӣ Мараматшоевич, с.т. 1977 ва Ёдгоров Алёр Қаламович, с.т. 1970, сокинони деҳаи Сорчи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигари ГАЗ-53: Иброҳимов Айнулло Саъдуллоевич, с.т. 1967 ва Ниёзмамадова Савриноз, с.т. 1978, низ сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамин тавр, шоми 16 май, соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Соната”, Мамасидиқов Муҳаммадҷон Юлдошевич, с.т. 1973, сокини ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти  ин ҷамоат ба самти ҷамоати Тахти Сангин дар ҳудуди деҳаи Қизилнишон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Юлдошев Зоҳид Раҷабович, с.т. 1972, сокини ҷамоати 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст. Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

Инчунин, шаби 16 май, соати 23:35, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Беков Заршед Маҳмадуллоевич, с.т. 1992, сокини ҷамоати А.Авазови ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулнораи Абдуҷалил, с.т. 1992, сокини ҷамоати Зарбдорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Ду сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ: Барфаков Раҳимҷон, с.т. 1994 ва Куралов Нусратулло, с.т. 2000 бо иттиҳоми дуздии чорвои мардум дастгир шудаанд. Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Барфаков ва Куралов “бо маслиҳати пешакӣ, аз фурсати муносиб барои худ истифода намуда, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ гардида, аз дохили оғилхонаҳо чорвоҳои калони шохдорро тасарруф менамуданд ва маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои нави ҷинояткорона мегаштанд. Маблағи зарари расонидаашон ба сокинон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.”

Нисбати ин ду нафар бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 16-уми майи соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Мамасидиқов Муҳаммадҷон Юлдошевич, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият ба самти ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур дар ҳудуди деҳаи Қизилнишон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Юлдошев Зоҳид Раҷабович, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрон Юлдошев З.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 16-уми майи соли 2021, тахминан соати 23:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Беков Заршед Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулнораи Абдуҷалил, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Гулнораи А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи16-уми майи соли 2021, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Нозиёнов Суҳроб Афзалшоевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавшанғоз ба тарафи ноҳияи Роштқалъа, дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофиронаш Қарабозов Назмӣ Мараматшоевич, соли таваллудаш 1977 ва Ёдгоров Алёр Қаламович, соли таваллудаш 1970, сокинони деҳаи Сорчи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар Иброҳимов Айнулло Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1967 ва Ниёзмамадова Савриноз, соли таваллудаш 1978, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Гумонбарони дуздии чорвои мардум дастгир шуданд

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар асоси аризаҳои пай дар пайи сокинони ноҳия оиди дуздии моликияташон ба ШВКД ду нафар гумонбарон, сокинони ноҳияи мазкурро, ки ба дуздии чорвоҳои мардум даст задаву аз ҳисоби дигарон рӯзгори худро сомон медоданд, дастгир намуданд

Инҳо Барфаков Раҳимҷон, соли таваллудаш 1994 ва Куралов Нусратулло, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд.
Ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ, аз фурсати муносиб барои худ истифода намуда, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ гардида, аз дохили оғилхонаҳо чорвоҳои калони шохдорро тасарруф менамуданд ва маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои нави ҷинояткорона мегарданд.
Маблағи зарари расонидаашон ба сокинон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button