ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 15 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 15 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН. ХОНАИ СОКИНИ ЧОРКӮҲРО ОТАШ ЗАДА, 230 НИҲОЛРО ШИКАСТААНД

ҲУШДОР БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ: ХУДРО ТО 15 ИЮН САБТИ НОМ КУНЕД, ВАГАРНА АВТОМАТӢ ДАР “ЗАПРЕТ” МЕАФТЕД

АНГЕЛИНА ПАДАРИ ТОҶИКИ 18 СОЛ ПЕШ ГУМКАРДААШРО ЁФТ!!!

ХАТАРИ СЕЛУ ОБХЕЗИҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 17 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

ДУ ЧИПТАФУРӮШИ ҚАЛБАКӢ СОКИНОНРО БА МАБЛАҒИ 128 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

ИДЕ КИ ДАР СЕ ХОНА БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ: ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ДУ КӮДАК ДАР СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮЗИ ИД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Сокинони ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон аз муноқишаи нав дар марз бо ин кишвар хабар доданд.

Сокинони Чоркӯҳ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки шоми 14 май, тахминан соати 20:10, сокинони Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Ғафуров Баҳром Бобоҷоновичро дар маҳаллаи Хайробод оташ задааст. Дар натиҷа ҳамаи 4 ҳуҷраи ин хона бо тамоми ҷиҳозаш ба коми оташ рафтааст. Сокинони Хайробод мегӯянд, хонаи Баҳром Ғафуров пурра дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 метр дарунтар аз хатти баҳсии марз ҷойгир шуда буд.

Сокинон дар суҳбат бо “Бомдод” ҳамчунин хабар доданд, ки вақте онҳо ҳамроҳи марзбонони тоҷик ба фурӯ нишондани сӯхтор дар хонаи Баҳром Ғафуров машғул буданд, сокинони Қирғизистон 230 дарахти мевадиҳандаро, ки сокинони Чоркӯҳ дар мавзеи Сиёҳкӯҳ шинонда буданд, шикастанд ё буриданд. Аксари дарахтҳои шикаста ниҳолҳое будаанд, ки сокинони Чоркӯҳ тоза дар ин мавзеъ шинонда буданд.

Дар аксҳо ва сабти видеоие, ки ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Чоркӯҳ фиристоданд, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, то оташро фурӯ нишонанд, вале дар охир мебинем, ки аз он хона танҳо 4 девори қоқ ва боми сӯхтаву хокистаршуда боқӣ мондааст. Дар аксҳо ҳамчунин ниҳолҳои шикаста ва ҳатто бо решааш аз замин кандашуда дида мешаванд.

Ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара дар Фейсбук тасдиқ кардааст, вале мақомоти расмии Қирғизистон инро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ним моҳ баъди муноқишаи хунини рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон  аст.

Дар ҷараёни он муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 50 нафари дигар хабар додааст. Муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

ххххххх

Рӯзи 13 май, дар рӯзи иди Рамазон дар марзи деҳаи Сойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон бо деҳаи тоҷикнишини Чашмаи ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон муноқишаи гурӯҳӣ рух дод,  баҳси сокинони ду тарафи марз қариб 4 соат давом кардааст.

Мақомоти милисаи вилояти Бодканд хабар доданд, ки тахминан соати 11:20 чорвои як сокини Чашма аз марз гузашта, вориди деҳаи Сойи Қирғизистон шудааст.

Як сокини Сой аз сокинони Чашма талаб кардааст, ки чорвои худро бубаранд. Аз он тараф 5-6 сокини Чашма омада, 5 сокини Сойро латтукӯб кардаанд. Баъди ин дар ду тарафи марз ҳудуди 50-60 сокини маҳаллӣ ҷамъ шудаанд.

Дар маъмурияти вилояти Бодканд ба хабаргузории “Турмуш” гуфтанд, ки то соати 15 ҳарду тарафи муноқиша оштӣ карданд ва сокинони ҳарду деҳа хона ба хона шуданд. Мақомоти Бодканд муноқишаи ахирро ҷанҷоли маишӣ меноманд.

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва шаҳраки Шоҳимардони ноҳияи Фарғона, ки ҳарду ба қаламрави Ӯзбекистон шомил мешаванд, ҳамроҳ бо ҷамоати Ворухи Тоҷикистон се қаламрави бузургтарине ҳастанд, ки аз 4 тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондаанд ва сокинони ин се маҳдуда барои сафар ба боқӣ қаламрави кишварҳои худ маҷбуранд, ки ҳар дафъа дастикам ду маротиба аз марзи Қирғизистон убур кунанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар Сӯх ва Шоҳимардон, ки ба Ӯзбекистон тааллуқ доранд, низ асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд.

Муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистон низ зиёд рух медиҳанд.

Аз ҷумла 31 майи соли 2020 ҷанҷоли байни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд мунҷар ба занозании бузург бо иштироки садҳо нафар шуд.

Ӯзбекистон дар бораи ҷароҳат бардоштани 187 сокини Сӯх хабар дод ва Қирғизистон шумораи захмиҳояшро 25 нафар гуфт. Дар пайи он ҷанҷоли хунин сокинони ғазаболуди Чашма ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев  ва ҳокими ноҳияи Сӯх Таваккал Раҳимовро сангборон карданд. Баъди ором шудани вазъ мақомоти Ӯзбекистон беш аз 20 сокини Сӯхро барои иштирок дар бетартибиҳо ҳабс карданд.

ххххххххх

Намояндагии мақомоти муҳоҷирати  Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 июн бори дигар он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки феълан дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳушдор дод, ки то 15 июн худро дар идораҳои муҳоҷирати маҳалли зисти муваққати худ дар Русия сабти ном кунанд.

Намояндагӣ гуфт, бо фармони президенти Русия муҳлати сабти номи муҳоҷирон, иҷозат барои иқомати муваққатӣ, барои иқомат ва патент ба таври худкор дароз карда мешуд. Ин шароити боимтиёз 15 июн ба анҷом мерасад.

Ба ин далел, Намояндагӣ аз ҳамаи муҳоҷирони корие, ки ҳоло дар Русия қарор доранд, вале ба кадом сабабе худро дар қайди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар нагузоштаанд ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳалномаи судӣ оид ба ихроҷ ва маъни воридот) надоранд, хостааст, ки “ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гузошта, будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.”

“Агар шумо будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешавед”,  – таъкид шудааст дар ихтори Намояндагӣ.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро хеле зиёдтар аз арқоми воқеӣ мешуморанд.

Зарурати то 15 июн худро сабти ном кардани муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ-ро як моҳ пеш муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар миён гузошт. Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

 Ба дунбол, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи собиқи Шӯрои Федератсия, Сергей Миронов аз мақомоти пулис хост, бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

хххххххх

Ангелина ва падараш Диловар (акси 18 сол қабл)

Блогери тоҷики муқими Русия Ҷунайдулло Худоёров, ки як рӯз қабл дар Фейсбук қиссаи риққатовари духтареро аз Русия нашр кардааст, ки дар ҷустуҷӯи падари тоҷикаш афтодааст, рӯзи 14 май хабар дод, ки Ангелина Граф падари 18 сол пеш гумкардаашро дар 18 соат пайдо кард.

“Тавре маълум гардид, падари Ангелина, яъне акаи Диловар на зодаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, балки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи нави вилояти Суғд буда, айни замон дар шаҳри Волгогради ФР кору зиндагонӣ мекардааст. Ва хушбахтона имрӯз модари Ангелина бо ман тамос гирифта изҳори миннатдорӣ намуд, ки падару амак ва бародари Ангелина дар тамос шуда, бо Ангелина сӯҳбати телефонӣ намуданд”, – навиштааст Худоёров.

Худи Ангелина дар шабакаи “ВКонтакте” аз бачаҳои тоҷик барои чунин зуд пайдо кардани падари гумшудааш изҳори сипос кардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Диловар Мирзоев ҳоло 45 сол дошта, дар Волгоград ба як зани зодаи Арманистон издивоҷ кардааст ва аз вай ҳам фарзанд дорад.

Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 13 май  дар Фейсбук хабар дод, ки аз шаҳри Берёзовои ҳавзаи мухтори Хантию Манси дар шимоли Русия Ангелина Дмитриевна Граф, санаи таваллудаш 2 марти соли 2003 ва модараш Анна ба ӯ муроҷиат кардаанд, то барои пайдо кардани падари тоҷики Ангелина кумак кунад. Модари духтар гуфтааст, ки дар шаҳри Берёзово бо як ҷавони тоҷик бо номи Мирзоев Диловар Ҳусейнович як сол зиндагии якҷоя доштааст, вале замони ҳомила буданаш, Диловар  тарки Берёзово кардааст.

Анна гуфтааст, махсус насаби духтарашро Дмитриевна гузошт, чунки Диловарро дар Берёзово ҳама Дима ном мебурданд. Ӯ ҳамин тавр, Ангелинаро то ҳол ягон бор ба калисо набурда ва ғусли таъмид (крестить) ҳам накардааст, чунки падараш мусалмон буд ва Анна фикр мекард, ки яке падараш бар мегардад ва оянда мумкин бихоҳад, ки духтараш дар дини падараш бошад.

Бисёриҳо дар зери ин қисса навиштаанд, ки мутаассифона, чунин Ангелинаҳои аз муҳоҷирони тоҷик ба дунё омада дар Русия ҳазорон нафаранд, ки аз меҳрубонии падар маҳрум ба воя расиданд ваё мерасанд.

ххххххх

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми фиреб додани сокинон бо ваъдаи дарёфти чиптаҳои арзонтари парвоз ба Русия хабар дод.

Дар гузорише, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки Холов Неъматулло Акбархонович, с.т. 1977,  ва ҳаммаслакаш Расулов Комил, с.т. 1986, сокинони ноҳияи Ёвон, аз ду сокини Ваҳдат барои чиптаи парвози Кӯлоб – Маскав аз ӯ 8 ҳазору 950  ва 8 ҳазору 450 сомонӣ сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додаанд.

Неъматулло Холов ва Комил Расулов дар умум аз 16 сокини Тоҷикистон бо ваъдаи харида додани чиптаи парвоз ба шаҳрҳои Русия 128 ҳазор сомонӣ гирифта, ба фоидаи худ сарф кардаанд. Холов дастгир шудааст, вале Расукулвро таҳти кофтуков қарор додаанд.

Русия, баъди як соли бастани марзҳояш ба сабаби пандемияи коронавирус, аз 1 апрели соли ҷорӣ ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Даҳҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксарияти оилаҳояш мардикорӣ дар Русия аст, дар пайи ин барои харидани чиптаи парвоз ба авиакассаҳо фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо истифода аз чунин гармии бозор нархи парвозҳояшон аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро то ба 17 ҳазор сомонӣ боло бурданд.

Талаботи зиёд ба чиптаҳои парвоз ба Русия бозори қаллобонро ҳам гарм кард. Садҳо нафар аз хоҳишмандони сафар ба Русия ба доми қаллобоне афтоданд, ки дар назди авиакассаҳо бо ваъдаи дарёфти чиптаҳои арзонтар сокинонро фиреб медоданд.

Ин ҳама норозигиҳои зиёдро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овард ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро даъват карда, ба онҳо барои пойин овардани нархи парвозҳояшон ду рӯз вақт дод. Агентӣ гуфт, дар сурати иҷро накардани ин талаб, ширкатҳоро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум хоҳад кард. Ширкатҳои русӣ ин талабро пазируфтанд ва нархҳояшонро то ҳадди аз 3 ҳазор то 8 ҳазору 500 сомонӣ пойин оварданд. Вале корафтодагон мегӯянд, дарёфти чипта бо ин нархҳо чандон осон нест ва боз ҳам дар байн миёнаравҳое пайдо шудаанд, ки аз ҳисоби фарқи бузурги байни нархи расмӣ ва нархи бозор фоидаи калон ба даст меоранд.

ххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз эҳтимоли обхезиҳои нав то поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор доштааст. Ин ҳушдор бар пояи пешбинии Агентии ҳавошиносии кишвар аст, ки мегӯяд, аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.”Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад”, – мегӯянд ҳавошиносон.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 4 май дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон боронҳои пайдарпай ва селу обхезиҳо  ва чӯкидани замин мушоҳида шуда, сабаби ҳалокати дастикам 9 нафар, вайрон шудани чандин купрӯку иншооти дигари иҷтимоӣ, даҳҳо хонаи мардум ва садҳо гектар замини кишту боғу полез шуд. Пурқурбонитарин рӯзи офатҳои табиӣ 11 май шуд. Дар ин рӯз дар сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафари дигар дар Кӯлоб, як нафар дар деҳаи Ҳалқадашт дар Ҳисор, як нафар дар ноҳияи Кӯшониён ва як нафари дигар дар ноҳияи Вахш ҷон бохтанд. Аз ин шумор 6 нафарашро дар дохили мошинҳо сел бурдааст.

Дар иртибот ба ҳушдори ахири ҳавошиносон дар мавриди то 17 май боқӣ мондани хатари селу обхезиҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

“Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест”,  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи КҲФ.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш шудааст, ки ҳаракат дар чунин роҳҳо дар соатҳои шабонгаҳро маҳдуд кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд.

КҲФ ҳамчунин бори дигар ба моҳигирон муроҷиат кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. “Соҳили ин гуна дарёҳо дар рӯзҳои боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд”, мегӯяд КҲФ.

КҲФ ҳамчунин ба сокинон тавсия додааст, ки селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад. 

ххххххх

ххххххх

Woman crossing street

Рӯзи 13 май, ки дар Тоҷикистон рӯзи иди Фитр буд, бар асари се садамаи нақлиётӣ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав ва дар роҳи Панҷакент – Хуҷанд се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи 13 май, соати 16:30 бар асари бархӯрди  ду мошини “ДЭУ-Тико” бо “ДЭУ-Нексия” дар ҳудуди ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав мусофири “ДЭУ-Тико” ноболиғ Зиёвиддинзода Ҳокимҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. ВКД дар шарҳи сабабҳои ин садама гуфт, ронандаи “ДЭУ-Тико” сокини 44-солаи ҷамоати Чуст Абдуалӣ Зулфиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва ба мошини “ДЭУ-Нексия”, таҳти идораи сокини 55-солаи ҳамин ҷамоат Саъдуллозода Анис бархӯрдааст.
Шоми 13 май, соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, сокини 61-солаи ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ  Муҳиддинов Сироҷ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Сомониён бехатарии қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Раҳимаи Шералӣ, соли таваллудаш 2006, сокини Сомониёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Раҳимаи Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мутаассифона, боз ҳам шоми 13 май, соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра»,  сокини 60-солаи Панҷакент Шодиев Меҳроҷиддин дар километри 69-уми роҳи “Панҷакент-Хуҷанд” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, сокини 55-солаи ҷамоати Ворӯ Солеҳов Солеҳ Саидовичро пахш кардааст. Дар натиҷа, Солиҳов С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххх

Мудири кулли ҶДММ “Наво-2013”, сокини 37-солаи ҷамоати М.Ризои шаҳри Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи июли соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар ивази ваъдаи ҷудо намудани манзили истиқоматӣ аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии ширкаташ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол  ба ӯ на хона додааст ва на пулашро бармегардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button