ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПАХШИ МУСТАҚИМ: ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА ЯК МАКТАБ ДАР ҚАЗОН, ЧАНД КАС КУШТА ШУД (ВИДЕО)

Рӯзи 11 май ду навраси мусаллаҳ ба гимназияи №175  дар кӯчаи Файзии шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия ҳамла карданд. Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи ҳамла дастикам 11 нафар, аксар кӯдакон, кушта шуда, беш аз 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз ҳамлагаронро пулис дастгир карда, дувумиро дар қабати сеюм ё чоруми бино муҳосира гирифтааст, вале бино ба хабарҳо, ҳамлагар чанд кӯдакро гаравгон гирифтааст.

Волидоне, ки бо фарзандони худ тамос доштанд, хабар медиҳанд, ки кӯдакон барои наҷоти ҷони худ дар зери партаҳо пинҳон мешаванд. Бархе кӯдакон барои наҷоти ҷонашон ҳатто аз тирезаҳои қабати сеюми бино худро ба замин партофтаанд.

Як намояндаи гимназияи №175 гуфт, яке аз ҳамлагарон 17 сол дошта, шогирди ҳамин мактаб будааст ва ӯро дастгир кардаанд: “Яке аз хонандагон бо худ силоҳ оварда, ҳамсинфонашро паррондааст.»

Пойгоҳи хабарии Baza  номи ҳамлагари дастгиршударо нашр кард. Ӯ Илноз Галявиев буда, 19 сол доштааст ва 4 сол пеш гимназияи №175ро хатм карда, ҳоло дар коллеҷ дар риштаи барномасозии компютерӣ таҳсил мекард. Галявиев баъди боздошташ гуфтааст, ки дар манзили худаш ҳам бомба гузоштааст. Газета.Ру хабар дод, ки дар манзили ҳамлагар баъди расидани мақомот таркиш рӯё додааст.

Падари Илноз Галявиев гуфтааст, ки писараш диндор набуд, ягон фикру нияти баде надошт ваё нишон намедод.

Тирандози дуюмро мақомот дар қабати чоруми бино муҳосира гирифтаанд, хабар медиҳад Life Shot. Бино ба гузоришҳо, ӯ чанд касаро гаравгон гирифтааст. Шахсияти ҳамлагари дуюмро ҳанӯз маълум накардаанд.

Дар пайи тирандозӣ дар гимназияи №175 дар дигар мактабҳои шаҳр Қазон тадбирҳои амниятиро шадид кардаанд.

Дар пойтахти Тотористон ҳазорон нафар аз зодагони Тоҷикистон низ кору зиндагӣ мекунанд. Дар бораи ин ки оё дар ҳамлаи рӯзи 11 май ягон нафар аз зодагони Тоҷикистон низ осеб дидааст ё на?, ҳанӯз маълумоте нарасидааст.

Бархе шабакаҳои телевизионии Русия ба пахши мустақим аз маҳалли ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби Қазон шурӯъ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button