ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДИД, КИ ТО ҲОЛ НАМУРДААСТ, КОРДРО БА ХИРНОЯШ ЗАД… ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РОНАНДАИ “ТИКО” АЗ СӮИ ДУ НАВРАС (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сокини Турсунзодаро бо ҷурми куштори ронандаи 38-солаи такси Шукуров Маҳмадраҷаб маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кард. Додгоҳ аз ҷумла ташкилкунандаи ин куштор Аъзамҷон Зиёдуллоевро ба 22 соли зиндон ва ноболиғ Раҳматов Ҳ.Х.-ро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳи олӣ Зиёдуллоев Азамҷон Азизович, соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Бақоии ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода ва Раҳматов Ҳ.Х., соли таваллудаш 2003-ро дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус, роҳзанӣ ва рабудани мошини Маҳмадраҷаб Шукуров, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Бозорови ҷамоати Сешанбе гунаҳкор шинохт. Даҳшати ин ҳодисаи одамкушӣ дар он аст, ки ҳангоми куштани ронандаи “Тико” Зиёдуллоев ҳамагӣ 18 сол дошт ва Раҳматов аз ӯ ҳам камтар – ҳамагӣ 17 сол дошта, ҳанӯз хонандаи синфи 11 буд. Ноболиғ буданаш сабаб шуд, ки Раҳматов бо ҳамагӣ 12 соли зиндон – ҳукми ҳадди аксар барои ҷинояткорони ноболиғ дар Тоҷикистон халос шавад…

Маркази матбуои додситонии кулли Тоҷикистон ахиран бархе ҷузъиёти ин парвандаро, ки  ин зимистон дар Турсунзода ва атрофи он сару садои зиёде ба по карда буд, ошкор кард.

Бино ба ин манбаъ, тафтишот собит сохт, ки Зиёдуллоев А.А., ҳамчун ташкилкунандаи ҷиноят бо рафиқи ноболиғаш Раҳматов Х.Ҳ. ба сабаби аз шиносҳояшон пули зиёд қарздор шудан, маслиҳат мекунанд, ки ягон ронандаи таксиро кушта, пулашро бигиранд. Онҳо ба ин мақсад пешакӣ як корди қатшаванда, 2 ҷуфт дастпӯшаки тиббӣ ва сими пӯлодиро барои буғӣ кардани ҷабрдида омода карда, шаби 9  декабри соли 2020, дар истгоҳи тарабхонаи “Муждаи Васл” дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо ҳам вохӯрданд. Зиёдуллоев ва Раҳматов дар ин ҷо Маҳмадраҷаб Шукуровро, ки бо мошини “Тико” мусофиркашӣ мекард, ба маблағи 50 сомонӣ киро карда, аз ӯ хостаанд, ки онҳоро то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба назарашон, ҷойи хилват ва барои содир кардани куштор қулай буд, бурда расонад.

Дар роҳ Зиёдуллоев аз ронанда хоҳиш мекунад, ки мошинро ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонад. Баъди тақрибан 200-300 метр, дар як ҷои торик онҳо аз ронанда хостанд, ки мошинро манъ кунад.

  “…ва Раҳматов Х.Ҳ. барои ҷалб кардани диққати ронанда Шукуров М.М. ба ӯ қоғази қимматноки 200-сомонаро дода, хоҳиш мекунад, ки ҳаққи хизматрасониро гирифта, бақияи онро диҳад.

   Шукуров А.А. ҳангоми аз кисааш баровардан ва ба шуморидани маблағи пулӣ овора буданаш, Зиёдуллоев А.А., ки дар паси ронанда нишаста буд, якбора ба ронанда ҳучум карда, ба гардани ӯ симро андохта сахт кашида буғӣ кардааст.

   Дар ин лаҳза, ронанда Шукуров М.М. бо дастонаш кӯшиши худро муҳофизат кардан ва аз сим халос шуданро мекунад, вале Раҳматов Х.Ҳ. сараввал бо корди дар дасташ буда, ба cap ва гардани Шукуров М.М. 2 маротиба ва боз 15 маротиба зарба зада, ба охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёт хавфнокро мерасонад.

   Зиёдуллоев А.А., ки содиркунии ин ҷиноятро роҳбарӣ мекард мебинад, ки Шукуров М.М. аз буғӣ кардан ва зарбаҳои бо корд задаашон ба ҳалокат нарасидааст, ба Раҳматов Х.Ҳ. супориш додааст, ки гардани Шукуров М.М.-ро бо корди дар дасташ буда буррад, аммо Раҳматов Х.Ҳ ин корро ба анҷом расонида наметавонад.

    Пасон, Зиёдуллоев А.А. бо бераҳмии махсус симеро, ки бо он гардани Шукуров М.М.-ро буғӣ карда истода буд, сахт кашида дар тагсараки курсии ҷойи нишасти ронанда тоб дода баста, аз автомошина фаромада, кордро аз дасти РаҳматовХ.Ҳ. гирифта, як зарбаи нишонраси халандаю буранда ба хирной, сурхрӯда ва рагҳои гардани Шукуров М.М. зада, ӯро ба ҳалокат мерасонад…”, -чунин қисса кардааст маркази матбуоти Додситонии кулл лаҳзаи куштани ронандаи “Тико” аз ҷониби ин ду наврасро.

Баъди куштани Маҳмадраҷаб Шукуров, Зиёдуллоев ва Раҳматов ҷайбҳои ӯро чандин бор тагу рӯ мекунанд, вале ҳамагӣ 237 сомонӣ ва як телефони тамғаи “Самсунг”, арзишаш 3000 сомонӣ пайдо мекунанду халос. Онҳо сипас барои пинҳон кардани изи ҷинояташон ҷасади ронандаро аз мошин бароварда, ба ҷӯйбори канори роҳ партофта, мошинро бо мақсади баъдан нобуд кардан, бо худ мебаранд,  вале дар роҳ ба сӯи шаҳри Турсунзода дар километри 61-ум ба садама дучор мешаванд, ки дар натиҷа мошин ба ҷӯйбор якпаҳлу чаппа шуду Зиёдуллоев ва Раҳматов мошинро онҷо партофта, фирор карданд.

Вале алакай як рӯз баъд кормандони УБОП водии Ҳисор тавонистанд ин ҷинояти мудҳишро ошкор ва Зиёдуллоеву Раҳматовро ҳамчун гумонбарони асосӣ дастгир кунанд. Акнун онҳо барои 237 сомонӣ ва як телефон “ғанимат” аз куштани ронандаи бечора яке 22 сол ва дуюмб 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳанд кард.

Назари маҳкумшудагон ва наздикону вакилони онҳо ба ҳукми додгоҳ дастрас нест. Вале моҳи декабр, билофосила баъди боздошташон Зиёдуллоев ва Раҳматов дар як гузориши муфассал дар барномаи “Ахбори ВКД” даст доштанашон дар қатли ронандаи “Тико” Маҳмадраҷаб Шукуровро ба гардан гирифта, дар ҷараёни амалиёти тафтишотӣ нишон дода буданд, ки ронандаро барои чӣ, дар куҷо ва бо кадом шева  куштанд?

http://prokuratura.tj/news-tj/1215-piramidai-moliyav-9.html
http://prokuratura.tj/news-tj/1216-piramidai-moliyav-10.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button