ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ПАҲЛАВОНИ ТОҶИКИ МУҚИМИ РУСИЯ ДАР “GRAND SLAM KAZAN 2021” ҶОИ АВВАЛРО БА ДАСТ ОВАРД

Паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, рӯзи 6 май дар мусобиқоти “Grand Slam Kazan 2021” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, дар вазни то 73 кило барандаи ҷои аввал ва нишони тиллои ин мусобиқаи бонуфуз шуд. Маҳмадбек аввалин паҳлавони зодаи Тоҷикистон аст, ки соҳиби медали тилло дар мусобиқоти  “Grand Slam” мешавад.

Маҳмадбек Маҳмадбеков дар роҳ ба сӯи фатҳи қуллаи тиллоии “Grand Slam Kazan 2021” ибтидо Зинг Антони аз Олмон, сипас Рашид Маҳмадалиевро аз Озарбойҷон шикаст дода, дар даври сеюми мусобиқот бо амакбачаи худаш Сомон Маҳмадбеков, ки таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, ба майдон баромад ва ӯро ҳам шикаст дод.

Маҳмадбек сипас Фердинанд Карапетян аз Арманистон ва дар марҳалаи ниманиҳоӣ Тоҳар Бутбулро аз Исроил мағлуб сохт ва дар рақобати ниҳоӣ узви дигари дастаи Русия Аюб Хажалиевро шикаст дод.

Маҳмадбек Маҳмадбеков 21 сол дошта, дар шаҳри Иркутски Русия зиндагӣ мекунад ва якҷо бо амакбачааш Сомон дар назди амакҳояшон Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо дар толори варзишии “Мори” машқи гуштин мекунанд. Хонаводаи Маҳмадбековҳо зодагони ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Тоҷикистон мебошанд, вале чандин сол боз дар Русия ба сар мебаранд.

Сомон Маҳмадбеков тасмим гирифт, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон майдондорӣ кунад. Маҳмадбек бошад ба тими миллии Русия роҳ ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button