ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

19 КУШТА ВА 87 ЗАХМӢ: ТОҶИКИСТОН РАСМАН ТАЛАФОТАШ ДАР ҶАНҶОЛИ МАРЗӢ БО ҚИРҒИЗИСТОНРО ЭЪЛОН КАРД

Бо гузашти як ҳафта аз муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистон бори нахуст расман шумори кушташудагон ва захмиён аз ин ҷонибро эълон карданд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд рӯзи 6 май хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар марзи Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров 19 нафар кушта шуда, 87 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ,  барои кумак ба оилаҳои онҳо ҳукумати Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст ва рӯзи 5 май ин кумакҳо ба оилаҳои ҷабрдидагон супурда шуд. Аз ҷумла ба ҳар оилае, ки азизони худро аз даст додаанд, 70 ҳазор сомонӣ, ва ба захмиён аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд.

Рӯйхатти расмии кушташудаҳо, ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд нашр кардааст, чунин аст:

  1. Бахтовар Маҳмудов, сокини Ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;
  2.  Собир Ваҳобов, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  3. Манучеҳр Қаландаров, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  4. Ҳакимбой Ниёзов, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  5. Нусратулло Набиев, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  6. Ҳасанхон Шаропов, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  7. Далер Эшонов, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  8. Иброҳим Ҳошимзода, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  9. Ҳикматулло Махкамов, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара;
  10. Меҳрӯзиддин Болтаев, сокини Ҷамоати деҳоти Ворухи Исфара;
  11. Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;
  12. Умедҷон Юсупов, сокини деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  13. Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич;
  14. Акбаров Ҳасан – сокини ноҳияи Фархор;
  15. Аслиддин Абдузамонов – сокини ноҳияи Нуробод;
  16. Ғафурзода Некрӯзи Набӣ – сокини шаҳри Турсунзода;
  17. Салоҳиддин Гадоев – сокини ноҳияи Ховалинг;
  18. Раҷабзода Маҳмадулло Раҷаб – сокини ноҳияи Муъминобод;
  19. Абдулло Саидов – сокини ноҳияи Нуробод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  рӯзи 5 май аз хонаҳои 10 сокини кушташудаи Исфара шахсан аёдат карда, ба ҳар кадомаш 70 ҳазор сомонӣ кумак супурдаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳини бозгашт аз Исфара ба аҳли оилаи сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки низ дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд, кумакпулӣ супурдааст.

Ҳамин тавр, мақомоти маҳаллӣ ба ҳар кадом аз оилаҳои 9 қурбонии дигар дар Муъминобод, Нуробод, Ховалинг, Фархор, Деваштич ва Турсунзода 70 ҳазор сомонӣ кумак расондаанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Хатлон, раиси ин вилоят Қурбон Ҳакимзода рӯзи 4 май шахсан ба манзили волидони Акбар Ҳасани Акбарзод, зодаи ноҳияи Фархор рафтааст.  Ин прапоршики нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 29 апрел дар деҳаи Хоҷаи Аъло худро барои наҷоти ҷони шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аз китфаш тир хӯрда буд, сипар карда, аз тири снайпер ба ҳалокат расид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки Аҳмадзода ҳамчунин захмиёнро дар бемористонҳои Исфара ва Б.Ғафуров низ хабар гирифта, ба онҳо низ аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ додааст.

Ҷониби Қирғизистон то кунун дар бораи  ҳалокати 34 нафар ва ҷароҳат бардоштани 149 кас аз он ҷониб хабар додааст.

Муноқишаи поёни моҳи апрел дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва марзи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлак пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button