ТАҚДИРИ ВОРУХ ЧӢ ГУНА ҲАЛ ШУД? НАШРИ МАТНИ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ҲАЙЪАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Матни протоколҳои имзошуда дар ҷараёни музокироти рӯзҳои 1 ва 2 майи ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пиромуни масоили марзӣ то ҳол нашр нашудааст, вале хабаргузории “Ховар” рӯзи 5 май, баъди 3 рӯз матни изҳороти муштараки раҳбарони ҳайъатҳо – сардорони КДАМ ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиевро нашр кард. Ин санад бархе нукоти муҳими тавофуқоти бадастомада байни тарафҳо дар пайи хунрезиҳои шадиди поёни моҳи апрелро бозгӯ мекунад.
Нуктаи асосӣ дар санад, албатта, сарнавишти ҷамоати Ворухи Тоҷикистон аст, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон дармондааст.
Ҷонибҳо дар мавриди Ворух чунин тавофуқ кардаанд, ки “то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.”
Ба топографҳо амр шудааст, ки тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд. Ҳамчунин тавофуқ шудааст, ки танҳо баъди анҷоми сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ мекунанд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки “барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989-ро истифода мекунанд.” Ба гуруҳҳои кории топографӣ дастур додаанд, ки хатти лоиҳавии сарҳадро дар ин қисматҳо аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.
Ҳамзамон, то 17 май бояд дар минтақаҳои Овчи Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматҳои болозикр шурӯъ кунанд.
ДУШАНБЕ, 05.05.2021. /АМИТ “Ховар”/. 01-02 майи соли 2021 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии якҷояи Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон равона шудаанд, эҳё ва фаъолсозии кори Комиссияи муштарак, мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда пурра изҳори ҳамдигарфаҳмӣ карданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.
Ба гурӯҳҳои кории топографӣ дастур дода шуд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршуда аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.
Ҳамзамон бо ин, дар минтақаҳои Овчи Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, гурӯҳҳои кории Тарафҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматҳои болозикр шурӯъ мекунанд.
Ба мувофиқа расида шуд, ки то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчыгай)якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.
Барои ҳарчи зудтар оғоз намудани сохтмони ин роҳ, ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчыгай) ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ мекунанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Аз ҳайати Аз ҳайати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон
Ятимов С.С. Ташиев К.К.