ВидеоКоррупсияТоҷикистон

КОРМАНДИ МБТИ ВАҲДАТ БА “ГИРИФТАНИ МУКОФОТ БО РОҲИ ТАМАЪҶӮӢ” АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич, мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ) дар шаҳри Ваҳдатро анҷом дода, барои  баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Маркази матбуоти агентӣ гуфт, Искандар Абдулхайров “моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а  маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.”

Абдулхайров бар асоси қисми якуми моддаи 324-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба “гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад” айбдор мешавад. “Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ” амалан гирифтани пора аст, вале аз ҷониби онҳое, ки корманди давлатӣ нестанд.

 Бар асоси ин банди қонун ба Абдулхайров ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 30 ҳазор то 60 ҳазор сомонӣ) ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Корхонаҳо  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 6.10.2008 № 422).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button