ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК КӮДАК ДАР 3 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР МАСТЧОҲУ ВАҲДАТ ВА КОНИБОДОМ

Дар байни ҳамагӣ 13 соат – аз шоми 3 май то субҳи 4 май – дар Тоҷикистон дар се садамаи марговар се нафар, аз ҷумла ду пиёдагард, бо шумули як кӯдаки ҳаштсола ҷон додаанд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, шоми 3 май, соати 19:10, бар асари ба ҷарии тахминан 110 метр чаппа шудани мошини тамғаи “Муссо” дар ҳудуди деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мусофири ин мошин Садоратмоҳ Мингбошиева, сокини 39-солаи ҷамоати Иван Тоҷики  ҳамин ноҳия дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Субҳи барвақти 4 май, соати тахминан 04:30, пиёдагард Мурод Тоҳиров, сокини 61-солаи ҷамоати Лоҳутии  Конибодом дар роҳи Хуҷанд –  Конибодом зери чархи мошини “Мерседес” монда дар беморхона ҷон додааст.

Субҳи 4 май, соати 08:00, дар ҳудуди ҷамоати Н.Розиқ дар канори шаҳри Ваҳдат Нилуфар Олимоваи 8-сола зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар беморхона ҳалок шудааст.

ВКД гуфт, дар ҳар се маврид ронандагон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба садамаҳои марговар роҳ додаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххх

Се ноболиғи 15-сола ва як ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба он гумонбар мешаванд, ки соати дуи шаби 2 май пинҳонӣ вориди манзили як зани 30-солаи сокини Шоҳмансур шуда, 78 ҳазор сомониашро дуздидаанд.

Ду ноболиғи 16-сола, як навраси 15-сола ва як навраси 17-сола, сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 2 ба 3 май, пинҳонӣ ба тарабхонаи “Чашма” дар қасабаи 1-уми шаҳри Турсунзода даромада, 3 кондитсионери тамғаи “ЛҶ-Самсунг”-ро шикастаанд ва аз дохилаш қисмҳои эҳтиётии онро дуздидаанд. Зарари расонидашуда ба соҳиби тарабхона – сокини 34-солаи Душанбе 15 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 4-уми майи соли 2021, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидзода Шаҳбоз Мирзоаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Розиқ ба самти маркази шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Олимова Нилуфар Суҳробҷоновна, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати шаҳраки Розиқро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Олимова Н.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Инчунин, 4-уми майи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ғозиев Абдусаид Саидбекович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Тоҳиров Мурод Исомиддинович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутирро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров М.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, рӯзи 3-юми майи соли 2021, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Мингбошиев Абдусиддиқ Исҳоқович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ», дар ҳудуди деҳаи Оббурдон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии тахминан 110-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Мингбошиева Садоратмоҳ Кучаковна, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Иван Тоҷик, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Даст задани ноболиғон ба ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 78 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 15 ва як ноболиғи 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 2 ба 3-юми майи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба тарабхонаи бо номи “Чашм”, воқеъ дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода даромада, 3-адад кондитсионерҳои тамғаи “ЛҶ-Самсунг”-ро шикаста, аз дохилаш қисмҳои эҳтиётии онро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16 ва ноболиғони 17, 15-солаи сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button