ВидеоИқтисодКоррупсия

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД: ШАРҲИ ДОДСИТОНӢ ДАР БОРАИ ПАРВАНДАИ ҚОЧОҚИ 1,4 ТОННА ТИЛЛО

Додситонии кулли Тоҷикистон бархе тафсилоти парвандаи пурсарусадои қочоқи ҳудуди 1,4 тонна тилло ва даҳҳо миллион доллару асъори дигари хориҷиро нашр кард. Дар гузорише, ки рӯзи 3 май дар сомонаи Додситонии кул нашр шуд, гуфта мешавад, ки Субҳиддин Назаров, раҳбари ин гуруҳи қочоқбар ва ҳаммаслаконаш рӯзи 14 ноябри соли 2020  бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поёни Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон наздики 90 кило  13,5 миллионриёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва 200 000 фунт стерлинги Британияи Кабирро аз шахсони номаълум қабул намуда, бо мошини тамғаи “Старекс” бо мақсади қочоқ то тарозуи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён овардаанд. Дар инҷокорманди гумруки Панҷи поён Маҳмадризо Шарипов бидуни ҳуҷҷату эъломияи гумрукӣ ба ворид кардани ин миқдори бузурги тилову асъори хориҷӣ иҷозат додааст ва сипас Субҳиддин Назаров ба воситаи корманди гумрук Зариф Аслонов ва корманди милисаи ноҳияи Ҷайҳун Қудбидин Одиназода ин ҳудуди 90 кило тилло ва миқдори бузурги пулро аз Панҷи пойн ба Душанбе интиқол додаанд.

   Худи ҳамон рӯз соати 18:00 Субҳиддин Назаров ва ҳаммаслакаш Фирдавс Сафаров дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми парвоз ба самти Душанбе-Дубай аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, аз онҳо наздики 13,5 миллион риёли Саудӣ, 200 ҳзаор фунт стерлинг ва ҳудуди 90 кило тилло ёфт ва мусодира шуд.

Баррасии ин парванда моҳи апрел дар додгоҳи Душанбе ба анҷом расид. Додситонии кул бидуни ироаи ҷузъиёт навишатаст, ки додгоҳи пойтахт ба Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш “ҷазоҳои сазовор” дод.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Душанбе қаблан хабар дод, ки аз 9 нафари гунаҳкор дар ин парвандаи қочоқи аср  8 нафараш ба муҳлати ҳамагӣ аз 2 сол то 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда, корманди гумруки Панҷи поён Маҳмадризо Шарипов бо ҳамагӣ 2 сол корҳои ислоҳӣ халос шудааст. Чунин ҳукми сабук нисбат ба онҳое, ки ба қочоқи дар умум қариб 1,4 тонна тилло ва даҳҳо миллион доллару риёлу фунту дигар асъори хориҷӣ айбдор мешуданд, мавҷи интиқодҳоро дар ҷомиа ба бор овард.

Бори каҷ ба манзил намерасад

   Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати айбдоршавандагон Назаров Субҳиддин Розиқович, Сафаров Муҳаммадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич ва Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қочоқ), нисбати Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович, Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва нисбати Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (хунукназарӣ) баъди ба анҷом расонидан ба суди шаҳри Душанбе ирсол намуд.

  Гурӯҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш 14 ноябри соли 2020 бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поёни Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон 89 кг 343 грамму 52 млг тилло, 13 489 539 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва 200 000 фунт стерлинги Шоҳигарии Британияи Кабирро аз шахсони номаълум қабул намуда, тилло ва асъори хориҷиро дар автомашинаи тамғаи “Старекс”, ки дар ҳудуди минтақаи гумрукӣ қарор доштааст, бо мақсади қочоқ бор карда, то тарозуи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён овардаанд.

  Сипас, Шарипов М.З., ки дар вазифаи нозири калони дидбонгоҳи барасмиётдарории молу воситаҳои нақлиёт дар гумруки Панҷи поён кор мекард, бархилофи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бе дастрас кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, декларатсияи гумрукии транзити байналмилалиро тартиб додааст.

   Сипас, Назаров С.Р. тилло ва асъори хориҷиро ба воситаи корманди гумруки Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон Аслонов З.Ю. ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Қ.Н. ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

   Худи ҳамон рӯз соати 18:00 Назаров С.Р. бо ҳамроҳии Сафаров Ф.Д. дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми парвоз ба самти Душанбе-Дубай аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, аз онҳо 13 489 539 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 200 000 фунт стерлинги Шоҳигарии Британияи Кабир ва 89 кг 343 грамм 52 млг тилло ёфта мусодира карда шуд.

    Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазоҳои сазовор татбиқ карда шуд.

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ ҲУКМИ 9 НАФАР БАРОИ ҚОЧОҚИ 1,4 ТОННА ТИЛЛО ВА 55 МИЛЛИОН ДОЛЛАРУ 207 МИЛЛИОН РИЁЛ

Додгоҳи шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини раиси ин додгоҳ Асомуддин Бобохонзода баррасии парвандаи пурсарусадои қочоқи 1,3 тонна тилло ва даҳҳо миллион долларро ба анҷом расонда, дар маҷмӯъ 9 нафарро ба даст доштан дар қочоқи қариб 1,4 тонна тилло, 55 миллион доллар, 4,5 миллион евро, 1 миллион фунт стерлинг, 207,5 миллион риёли Саудӣ, 2,5 миллион дирҳами Иморот, 585 ҳазор динори Кувайт ва 200 ҳазор доллари Канада гунаҳкор шинохт.  Вале додгоҳ нисбат ба онҳо ҷазоҳои сабук – ҳадди аксар 5 солу 6 моҳи зиндонро раво дидааст ва аз ҷумла  яке  аз муттаҳамон танҳо ба 2 соли корҳои ислоҳӣ ва се нафар ба ҳамагӣ 2 соли зиндон маҳкум шуда, танҳо 5 нафари асосӣ аз 5 то 5 солу 6 моҳ ҳукми зиндон гирифтаанд.

Сомонаи “Бомдод” нахустин расонае буд, ки алакай дар ҳамон моҳи ноябри соли 2020 дар бораи боздошти қочоқбарон бо ҳудуди 90 кило тилло дар фурудгоҳи Душанбе хабар дода буд.

Расонаҳои Афғонистон ахиран навиштанд, ки дар пушти ин қочоқи мақодири бузурги тилло ва асъори хориҷӣ Мирзо Катавозай, муовини раиси парлумони он кишвар истодааст. Сафари Катавозай ба Тоҷикистон дар поёни моҳи феврал ба оташи ин сарусадоҳо равғани боз ҳам бештар рехт ва дар расонаҳои Афғонистон ҳадс мезаданд, ки Катавозай асосан бо ҳадафи баррасии масъалаи пулу тиллоҳои дар Тоҷикистон мусодирашудааш ба Душанбе рафтааст.

Аммо Катавозай  дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, дар қочоқи тиллову асъори хориҷӣ аз тариқи Тоҷикистон даст надорад: “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир”, –гуфт вай. Аммо Катавозай тавзеҳ дода натавонист, ки пас чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст.

Додгоҳи Душанбе 2 нафар аз айбдоршавандагон: Субҳиддин Назаров ва Муҳаммадавлӣ Сафаровро ба муҳлати 5 солу 6 моҳ, се нафари дигар: Фирдавсӣ Сафаров, Ҳасан Саидов ва Меҳрубон Раҳмоновро ба муҳлати 5 сол, боз се айбдоршавандаи дигар: Қурбоналӣ Сайфуллоев, Зариф Аслонов ва Қудбиддин Одиназодаро барои 2 сол маҳкум ба зиндон карда,  танҳо Маҳмадризо Шариповро ба 2 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст.

Додгоҳ гуфт, “Муҳаммадалӣ Сафаров ва Субҳиддин Назаров бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла бо “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф”  иҷҳати қочоқи тило ба Дубай ва Туркия аз тариқи Тоҷикистон маслиҳат карда,  ба ин мақсад Сафаров бародараш Фирдавс ва домодҳояш Меҳрубон Раҳмонов ва Ҳасан Саидовро низ ҷалб кардааст.  Аъзои ин гуруҳи ҷиноӣ аз ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry”  ва “Abdul Naseem Qarizada  Jewelliry”- роҳбараш Абдул Насим Қоризада барои интиқоли асъор ва тилло ваколатнома гирифта,  танҳо аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ 207 миллиону 594 ҳазору 515 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 2 миллиону 565 ҳазору 510 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55 миллиону 560 ҳазор доллари Амрико, 1 миллиону 10 ҳазор фунт стерлинги Бритониё, 4 миллиону 460 ҳазор евро, 585 ҳазору 431 динори Кувайт, 200 000 доллари Канада ва 1 тоннаю 376 килою 756 грамм тиллои дар шакли сабиқа омодашударо тавассути нуқтаи гумрукии Панҷи Поён аз Афғонистон ғайриқонунӣ ворид кардаанд ва тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Дубай ва Истанбул интиқол додаанд.”

Рӯзи 14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18 Назаров С.Р. бо ҳамроҳии Сафаров Ф.Д. баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риёли Арабистони Саудӣ, 200 000 фунт стерлинги Бритониё ва 89 килову  350 грамм тилло ёфта гирифта шуд.

Сомонаи “Бомдод” нахустин расонае буд, ки алакай дар ҳамон моҳи ноябри соли 2020 дар бораи боздошти қочоқбарон бо ҳудуди 90 кило тилло дар фурудгоҳи Душанбе хабар дода буд.

ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛИ 90 КИЛО ТИЛЛО ВА 15 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Тафтишот ба натиҷае расид, ки қочоқи ин миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷӣ бо мусоидати бархе кормандони ниҳодҳои давлатӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла  тавре додгоҳ мегӯяд, нозири калони дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён Маҳмадризо Шарипов дар 12 ҳолат бо ҳуҷҷатҳои сохта ва бидуни эъломия ба интиқоли 590 кило тилло роҳ дода, бо ин амалаш барои қочоқи миқдори бузурги ин фулузи қиматбаҳо шароит фароҳам овардааст. Нозирони мушояти гумрукӣ Зариф Аслонов ва Қурбоналӣ Сайфуллоев бошад аз 8 сентябр то 14 ноябри соли 2020 мутаносибан дар 11 ва 15 ҳолат интиқоли миқдори бузурги тиллоро аз Панҷи поён то фурудгоҳи Душанбе роҳбаладӣ кардаанд ва барои ҳар рӯзи роҳбаладӣ аз Субҳиддин Назаров аз 700 то 1500 сомонӣ мегирифтаанд.

Ҳамчунин Қудбиддин Одиназода, ваколатдори фаврии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, бино ба маводи парванда, аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат “бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ аз қисми навбатдории ШВКД Ҷайҳун бо баҳонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ силоҳи хизматии  тамғаи “Макаров” силсила ва рақами ПМ 180-ро гирифта, онро бар хилофи манфиатҳои идоравӣ истифода бурда, ҳангоми аз тарафи Сафаров М.Д. ва дигарон аз Гумруки Панҷи поён ба шаҳри Душанбе интиқол додани ҷамъ 51 миллиону 800 ҳазору 440 риоли ШАС, 4 миллиону 580 ҳазор доллари ИМА, 875 ҳазору 750 дирҳами АМА, 1 миллиону 880 ҳазор евро, 460 ҳазор фунт стерлинги ШБК ва 625 килою 304 грамм  меттали қиматбаҳои навъи “тилло” ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намуда, барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ аз Сафаров М.Д. ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ, ҷамъ аз 3200 то 5600 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтаст.”

Ҳамин тариқ, манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карда, барои аз тарафи гурўҳи ҷиноятӣ бо роҳбарии Назаров С.Р. тариқи қочоқ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содир кардани миқдори калони асъори хориҷӣ ва меттали қиматбаҳои навъӣ “тилло” шароит фароҳам овардааст.

Расонаҳои Афғонистон ахиран навиштанд, ки дар пушти ин қочоқи мақодири бузурги тилло ва асъори хориҷӣ Мирзо Катавозай, муовини раиси парлумони он кишвар истодааст. Сафари Катавозай ба Тоҷикистон дар поёни моҳи феврал ба оташи ин сарусадоҳо равғани боз ҳам бештар рехт ва дар расонаҳои Афғонистон ҳадс мезаданд, ки Катавозай асосан бо ҳадафи баррасии масъалаи пулу тиллоҳои дар Тоҷикистон мусодирашудааш ба Душанбе рафтааст.

Аммо Катавозай, ки раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмониро дар сафари Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард,  дар Душанбеба хабарнигорон гуфт, дар қочоқи тиллову асъори хориҷӣ аз тариқи Тоҷикистон даст надорад: “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир”,-гуфт вай. Аммо Катавозай тавзеҳ дода натавонист, ки пас чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст.

Зимнан, баъди бозгашт аз Душанбе Мирзо Катавозай рӯзи 8 март дар як раъйдиҳии дохилӣ аз мақоми муовини раиси парлумони Афғонистон канор зада шуд. Маълум нест, ки оё сабаби барканории ӯ  моҷарои қочоқи тиллову асъор буд ё чизи дигар?

Ҳукми суд нисбати қочоқчиёни тилло ва асъорҳои хориҷӣ

Суди шаҳри Душанбе

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Сафаров М.Д. ва Назаров С. давоми солҳои 2018-2020 бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла бо ному насаби “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо барои ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия интиқол додани асъори хориҷӣ ва металли қиматбаҳои навъи “тилло”, ки дар шакли сабиқаи худсохт омода шудааст, маслиҳати пешакӣ намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи худ Сафаров М.Д. барои иҷрои ин кор бародари худ Сафаров Ф. домодҳояш Раҳмонов М. ва Саидов Ҳ-ро низ ҷабл намуда, аз ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry”  – (Суҳроб Ҷувайши Ҷевелирӣ) ва “Abdul Naseem Qarizada  Jewelliry”- роҳбараш Абдул Насим Қаризада барои интиқоли асъор ва тилло ваколатнома гирифтанд.

Пасон Назаров С. бо ҳаммаслаконаш Сафаров М.Д., Сафаров Ф.Д., Давлатзода А., Саидов Ҳ.А., Саидзода Ф. ва Раҳмонов М.Н. аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 бо қасди умумӣ ва мақсади ягона дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ 207 594 515 риоли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 2 565 510 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55 560 000 доллари ИМА, 1 010 000 фунт стерлинги ШБК, 4 460 000 Евро, 585 431 динори Қувайт, 200 000 доллари Канада ва 1 тоннаю 376 кг 756 гр металли қиматбаҳои навъи “тилло”, ки дар шакли сабиқа омода шуда буд ва миқдори калонро ташкил медод, дар Гумрукии Панҷи Поёни РМГ дар вилояти Хатлон дар шакли бағоҷи ҳамроҳинашаванда ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷатҳои содиротии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қабул намуда, онро бо роҳи фиреб ва ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохтакорона омода карда, яъне нусхаи шартномаҳои хариду фурӯши металли қиматбаҳо байни ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” таҳти № 0508\01 аз 05.08.2020 сол ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” ба воситаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ҳамчун борҷомаи дастии ҳамроҳишавандаи шахсони дарҷшуда интиқолдода, ба намояндаҳои шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла боному насаби “Наим Расолӣ”ва “Муҳаммад Зариф” супориданд.

Инчунин, 14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18 Назаров С.Р. бо ҳамроҳии Сафаров Ф.Д. баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, 89 кг 350 гр металли қаматбаҳои навъи “тилло” ёфта гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, Назаров Субҳиддин Розакович дар ҳайати гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ дар 37 ҳолат бо қасди умумӣ ва мақсади ягона, ки барои ба миқдори калон содиркардани қочоқи асъори хориҷӣ ва металли қиматбаҳо равона буд, ҷинояти вазнин содир намуд.

Шарипов М.З. (Нозири калони дидбонгоҳи Гумруки Панҷи поёни РМГ дар вилояти Хатлон)  дар 12 ҳолат ҳангоми бо ҳуҷҷатҳои руякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти  гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз тарафи Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш интиқол додани меттали қиматбаҳои навъи “тилло”,  ҷамъ ба миқдори 590 кг 001 гр ба вазифаҳои хизматии худ бепарвоӣ намуда, бо ҳуҷҷатҳои рўякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои транзити байналмилалии гумруки пешниҳод шудани меттали қиматбаҳои навъи “тилло”-ро муайян накарда, бепарвоёна ба хизмат муносибат намуда, бархилофи талаботи моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 19.12 дастурамал дар бораи тақсимоти вазифаҳо, ки бо фармоиши сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 04 аз 11.09.2019 сол тасдиқ шудааст, содир гаштани қочоқи калони молро муайян ва пешгирӣ накарда, баръакс онҳоро бе қасди содир кардани ҷинояти қочоқ ҳамчун транзити гумрукии байналмилалӣ барасмият дароварда, деклоратсияҳо ва декларатсияҳои транзити дохилӣ тартиб дод ва бо ин хунукназарии худ ба манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карда, барои аз тарафи гурўҳи ҷиноятӣ бо роҳбарии Назаров С.Р. тариқи қочоқ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содир кардани миқдори калони меттали қиматбаҳои навъи “тилло” шароит фароҳам овардааст.

Аслонов З.Ю. ва Сайфуллоев Қ. (нозирони мушояти гумрукӣ) тибқи вазифаҳои хизматӣ барои аз Гумруки Панҷи поёни РМГ дар вилояти Хатлон, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир аст, то дигар минтақаҳои гумрукӣ мушоият намудани мол ва воситаҳои нақлиёт вазифадор гардида, дар давраи фаъолият аз 8 сентябр то 14 ноябри соли 2020 Аслонов З.Ю. дар 11 ҳолат ва Сайфуллоев Қ. дар 15 ҳолат барои то Дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мушоият намудани металли қиматбаҳои навъи “тилло” вазифдор гардиданд.

Дар ин давом, онҳо дар асоси варақаҳои роҳбаладӣ металли қиматбаҳои навъи “тилло”-ро, ки аз тарафи Назаров С.Р. ва дигарон дар асоси ҳуҷҷатҳои руякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хунукназарии нозири калони дидбонгоҳ Шарипов М.З. ва ҳамкоронаш ҳамчун транзити гумрукии байналмилалӣ барасмият дароварда шуда буданд, қабул намуда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона барои то Дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интиқол додани моли мазкур бо нияти ғаразнок ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ суистифода бурда, аз Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш ғайр аз хироҷи гумрукии муқарраршуда аз 700 то 1500 сомонӣ барои ҳар як рўзи мушоият, ҷамъ аз 7000 то 15 000 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, дурустии ҳуҷҷатҳои моли мазкурро бар хилофи талаботи 2.8 ва 4.4 Низомномаи шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти РМГ дар вилояти Хатлон аз 22.09.2019 сол насанҷида, манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карданд.

Одиназода Қ. (ваколатдори фаврии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун) аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат бо қасди умумӣ ва мақсади ягона бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ аз қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Ҷайҳун бо баҳонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ силоҳи хизматии  тамғаи “Макаров” силсила ва рақами ПМ 180-ро гирифта, онро бар хилофи манфиатҳои идоравӣ истифода бурда, ҳангоми аз тарафи Сафаров М.Д. ва дигарон аз Гумруки Панҷи поён ба шаҳри Душанбе интиқол додани ҷамъ 51800440 риоли ШАС, 4 580 000 доллари ИМА, 875750 дирҳами АМА, 1 880 000 Евро, 460 000 Фунт стерлинги ШБК ва 625 кг 304 гр меттали қиматбаҳои навъӣ “тилло” ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намуда, барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ аз Сафаров М.Д. ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ, ҷамъ аз 3200 то 5600 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтаст.

Ҳамин тариқ, манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол карда, барои аз тарафи гурўҳи ҷиноятӣ бо роҳбарии Назаров С.Р. тариқи қочоқ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва содир кардани миқдори калони асъори хориҷӣ ва меттали қиматбаҳои навъӣ “тилло” шароит фароҳам овардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Назаров Субҳиддин Розакович, Сафаров Муҳамадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич, Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович ва Одназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,

Ба Назаров Субҳиддин Розакович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр, 

Ба Сафаров Муҳаммадалӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,  

Ба Сафаров Фирдавсӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр, 

Ба Саидов Ҳасан Асадуллоевич бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр, 

Ба Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр, 

Ба Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ, 

Ба Аслонов Зариф Юсупович бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,  

Ба Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ, 

Ба Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда, бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Далелҳои шайъӣ 89 кг 343 гр 52 млг. металли қимматбаҳои тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, ки дар Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини раиси суди шаҳри Душанбе – Бобохонзода Асомуддин баррасӣ гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button