Коррупсия

ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛИ 90 КИЛО ТИЛЛО ВА 15 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Як манбаи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар пули нақд пешгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро аз Душанбе ба Дубай бурданӣ будаанд.

Кормандони амният чанд нафар, аз ҷумла Фирдавс Давлатов ва Маҳмадалӣ Давлатовро бо иттиҳоми қочоқ дастгир кардаанд. Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки онҳо фарзандандони Давлати Хавос, раҳбари собиқи кони тиллои Шугнов мебошанд.

Тафтсилоти дигари қазия дастрас нест. Дар фурудгоҳи Душанбе аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд. Мақомоти амниятӣ низ то ҳол ин қазияро расман шарҳ надодаанд. Вале манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки тафтишот эҳтимоли бо мусоидати кормандони гумрук сурат гирифтани ин кӯшиши қочоқи миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро низ таҳқиқ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button