ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистонЧеҳраҳо

ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК НАҚЛ КАРД, КИ ҶАНГ ДАР ИСФАРА ЧӢ ГУНА САР ШУД?

Генерал Хуршед Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳое махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, рӯзи 3 май дар Исфара дар мусоҳиба бо хабарнигори “Азия Плюс” Меҳрангез Турсунзода нақл кардааст, ки муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел чӣ гуна оғоз ёфт?

Ба гуфтаи генерал Муҳаммадзода, “субҳи барвақти 29 апрел ба минтақаи баҳсӣ дар Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ як мошини УАЗик омад аз Қирғизистон ва аз дохили он ба тирпарронӣ ба ҳаво сар карданд. Шаҳрвандони мо садои тирро шунида, берун баромаданд, вале ба тарафи онҳо ҳам тир парронданд. Қурбониён аз тарафи мо аз пешониашон тир хӯрданд. Пешониро фақат тирандозҳои хеле касбӣ чӯт (нишон) мегиранд. Тирандозҳои касбӣ дар марз аз куҷо пайдо шуданд? Ба ғайри тирандозҳои касбӣ ба тарафи мо сокинони мулкӣ ҳам аз камонҳои шикорӣ ба тирпарронӣ сар карданд. Мо вақте дастбакор шудем ва ҷавоб додем, ки ҳамла сар шуда буд.”

Генерал Муҳаммадзода ҳамчунин нақл кард, ки ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаи ахир асосан бо ҷалби нирӯҳои вилояти Суғд иктифо кардааст: “Мо аз Душанбе нирӯ наовардем, балки ҳамаи нирӯҳои ҷалбшуда аз қисмҳои низомии худи вилояти Суғд буд. Асосан марзбонҳо, нирӯҳои милиса ва ОМОН ҷалб шуданд. Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.”

 Ӯ гуфт, шумори дақиқи талафотро намедонад, вале  агар мо ҳамла мекардем, талафотамон бештар мешуд. Аммо мо дар ҳоли мудофиа қарор доштем, на ҳамла. Аз ин рӯ, талафоти мо камтар аст.

Генерали тоҷик мӯътақид аст, ки “масъалаҳоро бояд бо роҳи музокирот ҳал кард, на бо гранатомёту пулемёт ва тирборони мардуми мулкӣ.”

Генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода  49 сол дорад. Ӯ 29 майи соли 2015, чанд рӯз баъди ба Сурия фирор кардану ба ДОИШ пайвастани фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи ОМОН ва раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус таъйин шуд.

“МО ВАҚТЕ ДАСТБАКОР ШУДЕМ, КИ ҲАМЛА САР ШУД”

Чаро ногаҳон тирпарронии шадид сар шуд?

– Субҳи барвақти 29 апрел ба минтақаи баҳсӣ дар Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ як мошини УАЗик омад аз Қирғизистон ва аз дохили он ба тирпарронӣ ба ҳаво сар карданд. Бояд бигӯям, ки мо яке аз ин УАЗикҳоро ба муовини вазири дохилаи Қирғизистон баргардондем.

Шаҳрвандони мо садои тирро шунида, берун баромаданд, вале ба тарафи онҳо ҳам тир парронданд. Қурбониён аз тарафи мо аз пешониашон тир хӯрданд. Пешониро фақат тирандозҳои хеле касбӣ чӯт (нишон) мегиранд.

Тибқи протоколи дуҷониб дар марз фақат шумори маҳдуди нирӯҳои қудратиро метавонанд нигоҳ бидоранд. Тирандозҳои касбӣ дар марз аз куҷо пайдо шуданд?

Ба ғайри тирандозҳои касбӣ ба тарафи мо сокинони мулкӣ ҳам аз камонҳои шикорӣ ба тирпарронӣ сар карданд. Мо вақте дастбакор шудем ва ҷавоб додем, ки ҳамла сар шуда буд.

Инро ҳам бояд таъкид кунам, ки ҷониби Тоҷикистон дар ягонҷо аввалин шуда мошинҳои зиреҳпӯшро истифода набурдааст.

Ин ҳам гуфтанист, ки дирӯз (2 май), дар Хоҷаи Аъло  мо 26 снарядро ёфта, безарар гардондем.

Бархе некиро ба маънои заифӣ мепазиранд. Мо ин қадар сол дар ҳамсоягии якдигар зиндагӣ кардем ва хоҳем кард. Мо ҳеҷ куҷо гум намешавем. Мехоҳем мо инро ё не, мо бояд  дар паҳлуи ҳам дӯстона зиндагӣ кунем ва ҳусни эҳтироми якдигарро ба ҷо биорем.

Ман шахсан ҳамсояҳоро эҳтиром мекунам. Ман одами замони Шӯравиам, дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардаам, ҳамроҳам бародарони қирғиз ҳам хидмат мекарданд. Мо дар кишвар зиндагӣ доштем, дар як казарма шабамонро рӯз мекардем ва аз як дег хӯрок мехӯрдем. Ман аз Қирғизистон ҳамхидмати зиёд дорам.

Вале, азизон, масъалаҳоро бояд бо роҳи музокирот ҳал кард, на бо гранатомёту пулемёт ва тирборони мардуми мулкӣ. Мо ба ҳамлаи таҷовузкорона ҷавоб хоҳем дошт, мо дар назди мардумамон масъулият дорем.

 “АГАР МО ҲАМЛА МЕКАРДЕМ, ТАЛАФОТАМОН БЕШТАР МЕШУД”

– Ба марз чӣ қадар нирӯҳои иловагӣ ҷалб шуд? Албатта, ба ҷуз аз марзбононе, ки онҷо қарор доранд. Кадом воҳидҳо?

– Шуморашро гуфта наметавонам, вале як шумори хеле кам буд. Мо аз Душанбе нирӯ наовардем, балки ҳамаи нирӯҳои ҷалбшуда аз қисмҳои низомии худи вилояти Суғд буд.

Асосан марзбонҳо, нирӯҳои милиса ва ОМОН ҷалб шуданд, ки тибқи созишномаи дутарафа, то 10 нафараш метавонад дар минтақаи марзӣ бошад.

Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.

Чанд низомӣ кушта шуд? Чанд нафар ҷароҳат бардошт?

-Ман дар ин бора маълумоти дақиқ надорам. Вале агар мо ҳамла мекардем, талафотамон бештар мешуд. Аммо мо дар ҳоли мудофиа қарор доштем, на ҳамла. Аз ин рӯ, талафоти мо камтар аст.

Чӣ навъи техникаҳои ҳарбӣ истифода шуд аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон? Ва чӣ қадар?

– Асосан техникае, ки дар маҳалли истиқрори доимиаш қарор дошт.

”ПРОТОКОЛҲО ИМЗО ШУД, МО БОЯД МАНОТИҚИ МАРЗИРО ТАРК КУНЕМ”

Дар интернет видеое нашр шуд, ки дар он бархе нафароне, ки тоҷикӣ ҳарф мезананд, иддао мекунанд, ки хонаҳои қирғизҳоро оташ зада истодаанд. Метавонед инро шарҳ диҳед?

– Ман бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҳарбиён ягон хонаро оташ назадаанд. Бо ҳамсояҳо дӯстона бояд зист.

Ин  ҳодиса (оташ задани хонаҳо)  натиҷаи қаҳру аламест, ки дар дили мардум дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда буд. Мардуме, ки дар манотиқи марзӣ зиндагӣ мекунанд. Ва онҳо бо ин кор, яъне сӯзондани хонаҳо, шояд эҳсосоти худро ба берун рехтанд.

– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео ва аксҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо изҳори омодагӣ барои дифоъ аз марзи кишвар нашр шуд. Ин сокинони ҷумҳуриро кӣ ва барои чӣ сафарбар кардааст?

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” имкон медиҳад, ки дар сурати ҳамлаи кишвари дигар ба сарзамини мо, сокинон сафарбар карда шаванд. Дар чунин ҳолат, шаҳрвандони мо муваззафанд, ки барои ҳимоят аз Ватани худ бархезанд.

Вале аҳолӣ дар эҳтиёт қарор дошт, барои ҷангидан ҷалб нашудааст. Сипос аз ҳамаи онҳое, ки аз тамоми минтақаҳо садо баланд карданд, вале мо аз нирӯи онҳо истифода набурдем.

Ҳоло ҳама мепурсанд, ки “Алфа” куҷост? ОМОН  – канӣ? Мо дар ҳама ҷое, ки муноқиша мехест, будем.

Ҳоло шумо аз инҷо меравед?

– Бале, созишномаву протоколҳо байни тарафҳо имзо шуд. Дар чорчӯби ин тавофуқот мо бояд минтақаҳои марзиро тарк кунем.

Бори дигар мегӯям, ки мо наметавонем заминҳоро бибурем ва бо ҳамсояҳо тақсим кунем. Бояд гузашт кард ва вазъиятро ҳал кард.

Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Муҳаммадзода Хуршед Изатулло – генерал-майори милитсия, таваллудаш 2 марти соли 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар сафи мақомоти қудратӣ: аз 13 майи соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен», медали «Ҷасорат».

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Дастурдеҳи калони қисми ҳарбии 26251 Вазорати мудофиа, командири взводи Бригадаи 4-уми таълимии савораи тирандози Вазорати мудофиа, ёрдамчии сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button