ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАБАРИ ҲАМЛАИ ҚИРҒИЗҲО ДАР ХИСТЕВАРЗ ТАҲЛУКАВУ ВОҲИМА ЭҶОД КАРД

Хабари тирандозӣ аз самти Қирғизистон ба тарафи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дар байни сокинони ин ҷамоати таҳлукаву воҳимаро эҷод кардааст.

Хаёмиддин Исмоилов бо нашри як видео аз Хистеварз хабар дод, ки сокинон бо шунидани ин хабар ба тарсу таҳлука афтода, бошитоб хонаҳои худро тарк карда истодаанд ва ба тарафи Хуҷанд ҳаракат доранд. Исмоилов гуфт, ин боиси эҷоди танба дар роҳи атрофи Хистеварз шудааст.

Хаёмиддин Исмоилов ва ҳамроҳони ӯ аз мардуме, ки тарки Хистеварз мекунанд, хостаанд, то ба хонаҳои худ баргарданд, чунки, ба гуфтаи онҳо, вазъ ором аст ва ҳеҷ сабабе барои тарсу таҳлука ва тарки манзилҳояшон барои сокинони Хистеварз вуҷуд надорад.

Хистеварз (собиқ Қистақӯз) бо 62 ҳазор аҳолиаш яке аз бузургтарин ҷамоатҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Хистеварз аз самти ҷанубу шарқ бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button