ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАМОМИ ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ АЗ МАРЗ БЕРУН КАШИДА ШАВАД! ТАВОФУҚИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Рӯзи 1 май гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд. Ин дуюмин суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ду рӯзи охир аст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд”, – гуфтаи мешавад дар иттилоияи расмии Қасри миллат.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод, ки ду раҳбар бо изҳори боварӣ ба ҳалли ҳарчӣ зудтарин вазъи пешомада дар марз, “пойбандии худ ба тавофуқоти қаблӣ ва ҳусни эҳтироми тарафайн ба якпорчагии қаламрав ва марзҳои кишварҳоро изҳор доштаанд.”
«Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ, роҳбарони Қирғизистон ва Тоҷикистон бори дигар тасдиқ карданд, ки тамоми техникаи ҳарбӣ аз ҳарду тараф аз минтақаҳои марзӣ бароварда мешавад. Ба ғайр аз ин, роҳбарони ду кишвар ҷиҳати ташкили комиссияи муштарак ҷиҳати ревизияи тамоми техникаи ҳарбӣ дар тӯли марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон тавофуқ карданд. Президентҳо аҳамияти роҳ надодан ба иғвоҳоеро, ки ба суботи вазъ дар манотиқи марзӣ таъсир мерасонанд, ба таври вижа таъкид карданд»,
– хабар додааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Нахустин суҳбати телефонии Эмомалӣ  Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар пайи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузошт, рӯзи 30 апрел доир шуд. Дар ҷарёни он гуфтугӯ онҳо ба тавофуқ расиданд, ки рӯзи 1 май дар вилояти Бодканд ҳайъатҳои расмии ду кишвар ба баррасии масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо шурӯъ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ба мулоқоти рӯбарӯ ба Душанбе низ даъват кард. Қасри миллат гуфт, замони анҷоми ин сафар ба сурати алоҳида баррасӣ мешавад. Вале хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон алакай хабар додааст, ки ин сафар дар нимаи дуюми моҳи май анҷом хоҳад ёфт.

Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон, рӯзи 1 май дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки нахустин гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди суҳбатҳои алоҳидаи телефонии Шавкат Мирзиёев бо ҳар кадоми онҳо имконпазир шуд. Алламҷонов навишт, ки дар умум муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи  саъйу ҳаракат ва дахолати шахсии Шавкат Мирзиёев ҳал шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button