ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистонЧеҳраҳо

МОДАРАШ БАРОИ Ӯ ҶОМАИ ДОМОДӢ МЕДӮХТ… НОМИ 15 ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН МАЪЛУМ ШУД

Сафаров Муҳаммадуллоҳ Раҷабалиевич, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, рӯзи 30 апрел бар асари ҷароҳатҳои дар марз бо Қирғизистон бардоштааш ҳалок шуд. Муҳаммадуллоҳ Сафаров дастпарвари Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон буд ва дар марз адои хидмат мекард.

Дар бора  ҳалокати ӯ яке аз наздиконаш Иззатуллоҳ Қурбонов дар Фейсбук хабар дод.

“Муҳаммадуллоҳ зодаи Кӯлобзамин буда, аке аз хешовандони банда мебошад. Қарор буд, ки дар моҳи оянда(моҳи май) издивоҷ кунад, аммо хости Худо чизи дигаре будааст”,  – навиштааст Иззатуллоҳ Қурбонов.

Муҳаммадуллоҳ Сафаров инак 15-умин исмашон барои матбуот маълум шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон шумораи расмии қурбониёнашро то ҳол нашр накардааст, вале вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, аз он ҷониб дар марз бо Тоҷикистон 31 нафар кушта шуда, 123 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бо ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмӣ, муноқишаҳои поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Рӯйхатти 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд:

Салоҳиддин Гадоев

1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.

Бахтовар Маҳмудов

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.

3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.

4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”

5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

Меҳрӯзиддин Болтаев

9. МЕХРӮЗИДДИН БОЛТАЕВ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух.

Ҷасурҷон Суярқулов

10. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, санаи таваллудаш 05.05.1993, прапоршик, зодаи деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич.Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

11. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

12. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

13. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

14. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ

15. САФАРОВ МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЕВИЧ, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, афсари нируҳои марзбонӣ.


Муҳаммадуллоҳ Сафаров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button