ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

ОМОДАГИИ ПУТИН БАРОИ МИЁНАРАВӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, Владимир Путин  омода аст, ки барои ҳалли буҳрони байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.

“Бидуни шак, бо назардошти муштаракоти мо дар чорчӯбҳои гуногун, аз ҷумла дар ОДКБ, президент ҳамеша омода аст, ки барои ҳалли мушкилоти доғе, ки байни кишварҳои узв бармехезад, миёнавӣ кунад. Ӯ инро на як бору ду бор ба таври муассир намоиш додааст“, – гуфт Песков ба хабарнигорон дар Маскав.

Ҳарду ҷониб тавассути вазирони хориҷа тамос барқарор кардаанд. Мо, албатта, аз ин хабарҳо (дар бораи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон) дар ташвишем, вазъро бо таваҷҷуҳ назорра мекунем ва тавофуқ дар мавриди оташбасро истиқбол мекунем. Умедворем, ки ин як оташбаси собит шуда, аз чунин ҳодисаҳо дар оянда ҷилавгирӣ мекунад “, – таъкид кардааст Дмитрий Песков.

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия низ рӯзи 29 апрел изҳор дошта буд, ки Маскав бо таваҷҷуҳ таҳавуллот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро меомӯзад.

Рӯзи 30 апрел сухангӯи Иттиҳоди Аврупо низ дар робита ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як изҳороти вижа нашр кард, ки дар он чунин гуфта мешавад:

ИА имзо шудани созишномаи оташбас рӯзи панҷшанбе байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин музокироти минбаъдаро нисбати ҳалли сиёсии масъалаҳои марзӣ истиқбол мекунад. ИА аз хушунат ибрози таассуф менамояд, ва ба касоне, ки хешовандону азизонро аз даст доданд, баёни ҳамдардӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад. Бо назардошти бархӯрдҳо дар баъзе минтақаҳо инчунин имрӯз, созишнома бояд бидуни таъхир барои ҳалли пойдор ва осоишта иҷро карда шавад.

ИА омода аст, ки дар ҳолати зарурӣ дар доираи барномаҳои минтақавӣ кӯмаки машваратӣ, ҳамчунин дастгирии доимии сиёсӣ барои субот ва шукуфоӣ дар минтақа расонад.

Рӯзи 29 апрел намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан ба вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон занг зада, низ вазъият дар марзро баррасӣ кардааст.  Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи вазъи пешомада ва талошҳо барои қатъи даргириҳо ва оддӣ сохтани вазъ маълумот додааст.

Дар иттилоияи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Питер Буриан “аз қарори оқилонаи роҳбарони Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба созиш бо кишвари ҳамсоя дар мавриди оташбас истиқбол кард ва омодагии Иттиҳоди Аврупо барои пуштибонии фаннӣ дар амри иҷрои барномаҳои муштарак дар марзро баён кард”.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  низ рӯзи 30 апрел бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои расмӣ, мавзӯи асосии ин суҳбатҳо баррасии вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи задухӯрдҳое буд, ки хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешаванд.

Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷараёни суҳбатҳо бо Мирзиёев дар бораи талошҳои то ин дам анҷомшуда ҷиҳати ба ҳолати оддӣ баргардондани вазъ дар марзи ду кишвар маълумот додаанд ва Мирзиёев аз ин талошҳо пуштибонӣ кардааст.

Бархӯрдҳои хунини рӯзҳои 29 ва 30 апрел, ки ба тирпаррониҳо дар марзи навоҳии Исфараву Бодканд ва Б.Ғафурову Лайлак печида,  аз ҳарду тараф дастикам 23 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузошт, пурқурбонитарин муноқиша  натанҳо дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button