Хабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ ГУРБАИ МИСКИН АЗ ШОХИ ДАРАХТ ДАР ДУШАНБЕ

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки имдоддиҳандагони раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шаби 27 ба 28 апрел як гурбаро, ки дар шохи дарахт дармонда буд, наҷот додаанд.

 Бино ба ин манбаъ, шабона як сокини кӯчаи Бинокорони Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки гурбааш дар нӯги шохи як дарахте, ки баробар ба ошёнаи шашуми биност, дармондааст ва пойин омада наметавонад. Соҳиби ин гурба гуфт, ки худи ӯ барои наҷоти гурба хеле талош кард, вале ҳама кӯшишҳояш бенатиҷа буданд. Ӯ пурсид, ки оё имконе ҳаст, ки гурбаро беозор поин оранд?

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии нардбон ба шохи дарахте, ки гурба  дармонда буд, баромаданд ва гурбаро беозор пойин оварда, ба соҳибаш супурданд.

“Ҳарчанд вазифаи аслии имдодгарон наҷоти ҷони инсонҳост, вале ҳолатҳои зиёде рух додааст, ки онҳо барои наҷоти ҳайвонот, бахусус сагу гурбаҳо, ки аз дӯстони хуби одамонанд, талошҳо кардаанд”, – навишааст КҲФ дар сомонаи расмиаш дар анҷоми хабари наҷоти гурба.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button