ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ПИРАМАРДИ 74-СОЛА ДАР НАТИҶАИ БАРХӮРДИ “ДЕУ ЛАБО” БО ХАРАРОБА

Рӯзи 23 апрел, тахминан соати 10:40, дар роҳи Айнӣ – Панҷакент дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Халифа Ҳасан дар канори шаҳриПанҷакент бар асари бархӯрди мошини “Дэу Лабо” бо як харароба, соҳиби ароба, сокини 74-солаи ҷамоати Халифа Ҳасан Холмуродов Нормурод  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистн то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ду ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 21 ба 22 апрел аз заминҳои хоҷагии деҳқонии як сокини 38-солаи шаҳраки Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати Истиқлол  4 сар чорвои хурди шохдорро дуздидаанд. Ҳаҷми зарари расонидашуда 2 400 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ду сокини 25 ва 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 22 апрел,  тахминан соати 14:00,  аз заминҳои чарогоҳ дар ҷамоати Лоҳур  як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби он – сокини 49-солаи Лоҳур 2300 сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пирамард дар натиҷаи бархӯрди воситаи нақлиёт бо харароба

Рӯзи 23-юми апрели соли 2021, тахминан соати 10:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Лабо», Солиҳов Парвиз Ашурбоевич, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаи Холмуродов Нормурод, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасанро, ки бо роҳи асосӣ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Холмуродов Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии ҳайвоноти хонагӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия 4-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 24-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми апрели соли 2021, тахминан соати 14:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25 ва марди 42-солаи сокинони ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button