БОЗДОШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДОМУЛЛО АБДУЛҲАҚ БАЪДИ СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ДАФНИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲ (ВИДЕО)
Бино ба иттилои манобеи сомонаи “Бомдод”, Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шудааст.
Мақомоти амниятӣ сабаби боздошти рӯҳонии шинохтаро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, боздошти Домулло Абдулҳақ ҳамагӣ чанд рӯз баъди мавъизаи пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сурат гирифт.
Дар видеое, ки ба идораи сомонаи “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки Домулло Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд” ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд. Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”
Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.
Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши ба маротиб камтар аз шахсиятҳое, чун Домулло Ҳикматуллоҳ фатво содир мекунанд.
Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд.
Дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ, бино ба видеоҳои нашршуда, ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.
Аз ҷумла Домулло Абдулҳақ дар ин маросим бо иқтибос аз як ҳадис чунин суханронӣ кард:
“Ҳазрати Абдуллоҳ Ибни Амр Ибни Ос мегӯяд, ки ман аз Ҳазрати Расули Акрам(с) шунидам, ки Ҳазрат гуфтанд:
Худованд илмро аз миёни мардум ба якборагӣ аз байн намебарад. Балки илмро ба сабаби аз байн бурдани уламо ва донишмандони дин аз миён мебарад.
Ҳатто замоне фаро расид, ки як олиму донишманде дар миёни мардум боқӣ намонд. Худованд ҳамаи олимон ва донишмандонро паиҳам аз миён бурдан гирифт. Чуноне ки дар ин сарзамини мо пешвоҳо яке паси дигаре аз байн рафта истодаанд.
Лекин Худованд олимҳоро аз миён бурд ва олимеро дар ин рӯи замин дар ҳаёт боқӣ нагузошт ва мардум пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд.
Азизони аҳли Ислом!
Имрӯз мову шумо мебинем, ки яке аз пешвоҳои бузурги мо, яке аз олимҳое, ки васфи ӯро бузургон худашон медонанд, ҳам олими раббонӣ, ҳам муршид, ҳам ҳофизи Каломуллоҳ, дорои тамоми сифатҳои хуб, имрӯз аз миёни мо рафт.
Вақте ки чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд. Пас ҳангоме ки он ашхоси ҷоҳилу нодон он инсонҳое, ки олиму донишманд нестанд, аз илми Шариъат баҳрае надоранд, аммо ҳамчун пешво қарор гирифтаанд, вақте ки онҳоро пурсида мешавад, он ашхоси нодон бидуни илму огоҳӣ ба мардум фатво содир мекунанд. Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.
Аз ин рӯ, азизони аҳли Ислом, вуҷуди уламоро ғанимат донед! Пеш аз оне ки донишмандон ва уламои дин аз миёни мову шумо раванд, эҳтироми онҳоро ба ҷо биорем, аз илми онҳо истифода кунем. Дар назди онҳо зонуи адаб занему таълими илм гирем ва аҳкоми Шариъатро аз онҳо пурсем. Ҳалолу ҳаромро аз онҳо фаҳмем. Чунки вақте аз миён рафтанд, дигар пушаймон мешавем, вале дигар пушаймонӣ сӯде надорад!”