Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ДАСТИКАМ СЕ ТИФЛ ДАР ЯК ҲАФТА: ДАР ЁВОН ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз як тифл хабар дод. Бино ба гузориши сомонаи ин ниҳод, рӯзи 18 апрел як модари ҷавон аз деҳаи Сабзазори ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш барои об меравад, вале ҳангоми обгирии модар, кӯдак ба канал сарозер мешавад. Модар ба хотири наҷоти ҷигарбандаш худро бо талвоса ба об задааст, вале натавонистааст ӯро наҷот диҳад. Худи ин занро як хонандаи синфи 11-уми мактаби №52 аз об берун кашида, наҷот додааст. Вале ҷасади кӯдаки ҷавонмарги ӯро танҳо баъди як рӯзи ҷустуҷӯ соати ҳашти субҳи 19 апрел 500 метр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, аз об берун овардаанд ва ба хешовандонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин фоҷиа бори дигар волидонро ҳушдор додааст, ки нисбат ба фарзандони худ бепарво набошанд ва аз чунин фоҷиаҳо пешгирӣ кунанд: “Боз як марги ноболиғ. Чаро волидон беаҳамиятанд? Ё садои эътирози ҷомеа ба волидони бепарво намерасад ва ё мо аз ҳад зиёд серкорему вақт барои назорати фарзандон намеёбем. Вале оё марги як тифл, наврас ё ҷавон оромиву суботро дар он хонадон баҳам намезанад? Агар ҳа, пас ин бепарвоиҳо аз чист?

Аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 17 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки  ду духтари хурдсоли 5 ва 4-сола аз як хонаводаи сокини деҳаи Шаббодаи ҷамоати Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар дарёи Кофарниҳон  ғарқ шудаанд. Ин ду кӯдак нимаи дуюми рӯзи 14 апрел тахминан соати 15 ғайб заданд ва хешовандону сокинони деҳа ҷасади яке аз онҳоро танҳо як рӯз баъд, рӯзи 15 апрел, соати 14:30, тахминан 20 километр поёнтар аз манзили зисташон дар соҳили дарёи Кофарнишон дар назди деҳаи Гулибодом пайдо карданд. Ҷасади дуюмиро соати ҳашти субҳи 16 апрел тақрибан 5 километр дуртар аз деҳаи Шаббода дар мавзеи Насими Кӯҳсор низ аз соҳили дарё ёфтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи он ҳодиса низ сокинонро ҳушдор дода буд, ки нисбат ба фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир накунанд: Ин фоҷеа моро водор мекунад ба такрор ба сокинони кишвар ҳушдор диҳем: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳалокати ду кӯдак аз як хонадон ҳодисаи такондиҳандаест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.

Боз як марги ноболиғ. Чаро волидон беаҳамиятанд?

КҲФ Тоҷикистон

Ё садои эътирози ҷомеа ба волидони бепарво намерасад ва ё мо аз ҳад зиёд серкорему вақт барои назорати фарзандон намеёбем. Вале оё марги як тифл, наврас ё ҷавон оромиву суботро дар он хонадон баҳам намезанад? Агар ҳа, пас ин бепарвоиҳо аз чист?

18-уми апрели соли 2021 як модари ҷавон, сокини деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, ҳамроҳи духтарчаи духтарчаи 6-солаааш канали деҳа барои об меравад. Замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал с арозер мешавад. Модари ҷавон, ки 26 сол беш надорад, саросемавор худро ба об мезанад. Аммо мавҷи хурӯшон тифло бурда буд. Модар ҳар қадар, ки талош кард, натавонист ба фарзандаш расад ва қариб буд риштаи ҳаёташ канда шавад.

Дар ҳамин ҳол хонандаи синфи 11 МТМУ №52, сокини ҳамин деҳа ҳолро дидаву худро ба об меандозад ва модари тифлро наҷот медиҳад.

Чун хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон расид, дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Маълум буд, ки дигар ҷони ҷавони ин ноболиғро наметавонанд аз марг раҳонанд. Вазифа пайдо кардани ҷасад буд.

Корҳои ҷустуҷӯи рӯиобиву зериобӣ то соати 18:30 дақиқа идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Субҳи имрӯз имдодгарон корҳои ҷустуҷӯиро дубора ба роҳ монданд ва соати 08:00 тақрибан 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодис а ҷасади духтарча пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.

Сабаби ин марг ҳам чун даҳҳо марги ноболиғон дар обҳои кишвар беаҳамиятиву бепарвоии волидон гуфта мешавад. Ин кӯдаки шашсола, ки ҳанӯз намедонад фоҷеаву марг чист, ҳарчанд бо модар лаби канал меравад, вале аз саргармии модар барои об истифода мекунад ва ба об наздик шудаву аз беэҳтиётӣ сарозер мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button