СОҲИБКОР СИРОҶИДДИН ХОЛОВ АЗ ҲИСОБИ ХУД РОҲИ ТУТҚАВУЛ – ҚИБИЛРО МУМФАРШ КАРД (6 АКС)

Соҳибкори тоҷик Сироҷиддин Холов аз ҳисоби худ як километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Тутқавул ва Қибил дар канори шаҳри Норакро мумфарш (асфалтпӯш) кардааст. Хабаргузории расмии “Ховар” бо нашри 6 акс аз маҳалли сохтмони роҳ хабар дод, ки ин иқдом ба пешвози 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, анҷом шудааст.
Бисёриҳо ба ғайрати ин соҳибкори норакӣ аҳсану офарин хонда, ташаббуси ӯро сазовори дастгирӣ ва пайравӣ барои дигар соҳибкорони тоҷик номидаанд.
Солҳои охир саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳалҳои Тоҷикистон бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла ду сол пеш аз ҳисоби соҳибкорон Нуршед Машрабов ва Абухалил Ғуломов дар ноҳияи Рӯдакӣ ду мактаби сеқабатаи ҳар кадомаш бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ сохта шуд.
Аксҳо аз “Ховар”:





