ВидеоҶомеа

МУАЛЛИМАИ МАКТАБРО БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи ноҳияи Рӯшон омӯзгори мактаби № 7-и деҳаи Барӯшон Назархотун Ғуломқодирова ва овозхони маҳаллӣ Мамадато Давлатназаровро бо ҷурми вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” ҷарима бастааст.  Манбаи ин хабар – маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми ҷарима чизе нагуфтааст, вале ҷарима барои вайрон кардани қонуни танзим тибқи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронунии маъмурии ҶТ аз 50 то нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 3 ҳазор то 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Омӯзгори 34-солаи мактаб, ки модари 4 фарзанд будааст, ба он гунаҳкор донистаанд, ки “бар хилофи моддаи 8-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” амал намуда, 30 январи соли 2021 бо розигии Директори муассисаи таълимии мазкур ва даъвати 45 нафар омӯзгорон дар ошхонаи МТМУ №7-и ноҳияи Рушон бо оростани зиёфат ҷашни зодрӯзашро қайд намудааст, ки он бар хилофи қонун буда, ҷашнгирии зодрӯз амали ихтиёрӣ буда, гузаронидани он танҳо дар доираи оила мутобиқ ба қонуни мазкур сурат мегирад.”

“Зиёда аз он хуқуқвайронкунанда Ғуломқодирова Н.М ба ҷашни зодрӯзаш сароянда Давлатназаров М.Р-ро даъват намудааст, ки охирин дар ин ҷамъомад хизматрасонӣ намудааст”, – таъкид кардааст Додситонии кулл.

Додситонии ноҳияи Рӯшон восбата ба ин ҳолат нисбати Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна ва Давлатназаров Мамадато Рамхудоевич бар асоси қисми 1 моддаи 481-и КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, додгоҳ ҳардуро дар ниҳоят ҷарима бастааст.

Додситонии Рӯшон ҳамчунин ба унвони мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия баҳри бартарф намудани қонунвайронкуниҳо ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони дар ҷашни зодрӯз ширкат дошта, ҳуҷҷати эътиноии прокурорӣ ирсол  кардааст.

Бар асоси моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ҷашни зодрӯзро метавонанд ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила бе даъвати санъаткорон ва бе забҳи чорво гузаронанд.

Моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ин банди қонуни танзим ҷарима аз ҷониби шахсони алоҳида ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.

Маҳдуд кардани ҷашни зодрӯз аз силсилаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша бо писханд ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз маҳдуд шудани таҷлили зодрӯзи шаҳрвандон ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд. Ба ақидаи мақомот, ин маҳдудият ба мардум имкон медиҳад, ки пулашонро сарфа карда, ба ҷои исрофи беҳуда дар ҷашни зодрӯз барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон харҷ кунанд.

ҲУҚУҚВАЙРОНКУНАНДАГОНИ ҚОНУН ҶАРИМАБАНДӢ КАРДА ШУДНД,

  Прокуратураи ноҳияи Рушони ВМКБ, зимни фаъолият ду ҳолати вайронкунии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон”-ро дар ҳудуди ноҳия ошкор намуд.

Чунончӣ, сокини ноҳияи Рушон, Ҷамоати деҳоти Н. Додихудоев, деҳаи Барушон Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна соли таваллудаш 1987, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и ноҳияи Рушон фаъолият намуда, бархилофи моддаи 8-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” амал намуда, 30 январи соли 2021 бо розигии Директори муассисаи таълимии мазкур ва даъвати 45 нфар омӯзгорон дар ошхонаи МТМУ №7-и ноҳияи Рушон бо оростани зиёфат ҷашни зодрузшро қайд намудааст, ки он бархилофи қонун буда, ҷашнгирии зодрӯз амали ихтиёрӣ буда, гузаронидани он танҳо дар доираи оила мутобиқ ба қонуни мазкур сурат мегирад.. Зиёда аз он хуқуқвайронкунанда Ғуломқодирова Н.М ба ҷашни зодрӯзаш сароянда Давлатназаров М.Р-ро даъват намудааст, ки охирин дар ин ҷамъомад хизматрасонӣ намудааст.

Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рушон нисбати Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна ва Давлатназаров Мамадато Рамхудоевич бо қисми 1 моддаи 481-и КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани тлаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд, ки ниҳоят хуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ карда шуданд.

Дар ин асно, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рушони ВМКБ, унвонии мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия баҳри бартарф намудани қонунвайронкуниҳо ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони дар ҷашни зодрӯз ширкат дошта, ҳуҷҷати эътиноии прокурорӣ ирсол намуд. 

         Маркази матбуотии Прокуратураи

        генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button