ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ КӮДАК ДАР ҲИСОР ПУЛҲОИ ПИРАЗАНИ ҲАМСОЯРО ДУЗДИДААНД

Як пиразани 69-солаи сокини ҷамоати Мирзо Ризо дар канори шаҳри Ҳисор иддао дорад, ки се кӯдаки 13-сола чанд дафъа ҳангоми набудани вай дохили хонааш шуда, 14 500 рубл ва 25 500 сомониашро дуздидаанд.

Сокини 25-солаи қаблан судшудаи ноҳияи А.Ҷомӣ ба дуздиии ду ангуштару як гарданбанди тиллоӣ ва телевизори “Самсунг” аз манзили як зани сокини шаҳраки Ҷомӣ гумонбар мешавад.

Сокини 40-солаи пойтахт ба он айбдор мешавад, ки ҳанӯз соли 2019 дар бозори “Султони Кабир” аз як шаҳрванди Чин ба маблағи 22 ҳазор доллар яхдон гирифта, 20 ҳазор доллар пули ин яхдонҳоро то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми апрели соли 2021, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии хоҳараш зани 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 2-адад ангуштарини тиллоӣ, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки А.Ҷомӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза пиразани 69-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳи январ то моҳи марти соли 2021, ноболиғи 13-солаи сокини ҳамин ҷамоати деҳот бо ҳамроҳии ду ҳамсинфаш аз набудани соҳибхона истифода бурда, ба хонаи истиқоматиаш даромада, якчанд маротиба аз дохили ҷузвдон маблағи пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 14 ҳазору 500 рубли русӣ ва 25 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 51-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2019, ҳангоми дар ҶДММ бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш, марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш ба маблағи 22 ҳазору 116 доллари амрикоӣ таҷҳизоти техникии яхдон гирифта, аз ин маблағ 2 ҳазору 50-доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 20 ҳазор доллари дигарро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button