ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 14 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 14 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

ТАҶАММӮИ ҲАЗОРОН НАФАР ДАР НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲ ДАР ТОҶИКОБОД

ЭҲ, ИҚБОЛҶОН, ИҚБОЛҶОН… ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР МЕШАВАД

ПАЙДО ШУДАНИ ҶАСАДИ БОЗ ЯК ҶАВОНЗАН АЗ КӮҲҲОИ ЛЕВАКАНТ

ҲУНАРПЕШАИ ШИНОХТА ҚИЁМИДДИН ЧАҚАЛОВ АЗ ДУНЁ РАФТ

СЕ КӮДАК ДАР ҲИСОР ПУЛҲОИ ПИРАЗАНИ ҲАМСОЯРО ДУЗДИДААНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш –  деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар видеое, ки ба дасти идораи сомонаи “Бомдод” расид, дида мешавад, ки  дар намози ҷаноза ва маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ҳазорон нафар аз муридону пайравонаш иштирок доранд.

Домулло Ҳикматуллоҳ шаби 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Домулло Ҳикматуллоҳ давоми рӯз сиҳату бардам буд, вале  баъди адои намози хуфтан дар бистари хобаш ногаҳон вафот кардааст.

Аз ӯ асарҳое, чун «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон» , «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима» ба ёдгор монд.

Ӯ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Домулло Ҳикматуллоҳ бо он ки дар водии Рашт – як пойгоҳи аслии мухолифини солҳои 90  – зиндагӣ мекард, дар кашмакашҳои сиёсиву мазҳабии даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҷонибдорӣ кард ва мардумро ба қатъи мухолифати мусаллаҳона даъват мекард.

Домулло Ҳикматуллоҳ дар назди нухбагони сиёсии ҳукумати имрӯза, аз ҷумла дар назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ, аз эҳтироми вижае бархӯрдор буд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориаш ба водии Рашт маъмулан ба хонаи ин рӯҳонии маъруф ташриф меовард ва аз ӯ зиёрат мекард.

Хххххх

Сарраёсати тафтишоти ҳавзаи федералии Қафқози шимолии Русия хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии шаҳрванди Тоҷикистон Иқболҷон Шамшиддинов, донишҷӯи Донишгоҳи федеролии Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ставрополро бо иттиҳомоти террористӣ ба анҷом расонда, ба додгоҳ фиристодааст. Шамшиддинов бар асоси қисми дуюми моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятии Русия ба даъват ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар маҳзари ом сафед кардани терроризм ва бар асоси қисми 1.1, моддаи 205.1 ба кӯшиши ҷалби афроди дигар ба саффи гуруҳҳои террористии байналмилалӣ айбдор мешавад.

Ба ӯ барои сафед кардани терроризм ҷарима ваё аз 5 то 7 сол ҳукми зиндон ва барои ҷалби дигарон ба фаъолиятҳои террористӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, Иқболҷон Шамшиддинов аз 16 апрели соли 2019 то 29 январи соли 2020, ҳангоми ба хотири таҳсил дар Донишгоҳи федеролии Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ставропол қарор доштанаш, нисбат ба терррористҳое, ки дар саффи ду созмони байналмилалии террористӣ меҷангиданд, ҳамраъйӣ нишон дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар маҳзари ом видеоҳоеро мегузошт, ки терроризмро сафед ва таблиғ мекарданд.  “Ба ғайр аз ин, Шамшиддинов бо роҳи пешниҳод ва мутақоид сохтан, аз ҷумла бо истифода аз Интернет, шиносҳои худро барои пайвастан ба саффи созмонҳои террористӣ даъват мекард”, – гуфта мешавад дар иттилоияи мақомоти тафтишотии  ҳавзаи федералии Қафқози шимолии Русия.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризм дастгир мешаванд. Ду сол пеш гузориш шуда буд, ки танҳо тавассути ҳамкории мақомоти Тоҷикистону Русия, беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо гумони ҳаводорӣ ё пайравӣ ба созмонҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои охир беш аз 2000 нафар аз зодагони ин кишвар ба доми фиреби гуруҳҳои террористӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфта буд, 80 дарсади ин ҷангиёни тоҷик маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба ақидаҳои ифротиву террористӣ гароидаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба сабаби дар як шароити пур аз маҳрумият ва таҳти таъқиби ҳамешагии мақомоти интизомии Русия қарор доштанашон ба як туъмаи осон барои мубаллиғони созмонҳои “ҷиҳодӣ” табдил меёбанд.

хххххх

Дастаи махсуси раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон рӯзи 13 апрел аз баландии беш аз 2 ҳазор метр аз як кӯҳи атрофи деҳаи Зағертии ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант ҷасади боз як ҷавонзани 23-соларо пайдо карда, тавассути як пайроҳаи танги шашкилометрӣ пойин овардаанд.

Дар ин ҳафта ин алакай дуюмин ҷасад аст, ки аз кӯҳҳои атрофи Зағертӣ пайдо мекунанд. Рӯзи 12 апрел наҷотбахшон аз баландии 1500 метр ҷасади як духтари 16-солаи сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пайдо карда, пойин оварда буданд.

Маълум мешавад, ҷавонзани рӯзи 13 апрел ёфтшуда низ аз ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ будааст.

Сабаби марги ин ҷавонзан ва он духтари ноболиғ маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо дар кӯҳ бар асари ягон тасодуф ё гум кардани роҳ ҷон бохтаанд, худкушӣ кардаанд ваё кушта шудаанд?

Наҷотбахшон ҳарду ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Леваканд супурдаанд ва бояд акнун мақомоти тафтишотӣ сирри ҳалокати ин зану духтарро ошкор кунанд.

Ба гуфтаи сокинон, духтаре, ки рӯзи аввал ёфт шуд, хонандаи синфи 9 буда, ҳанӯз ду моҳ пеш ҳамроҳи як ҷавонзан дар кӯҳ бедарак шуда буд. Дар видеое, ки Радиои Озодӣ нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ҷасади духтарро аз кӯҳ пойин меоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳадс задааст, ки онҳо шояд ҳамшира бошанд.

ххххххх

Қиёмиддин Чақалов (Чақалзода), Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик, субҳи 14 апрел дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги ӯ рӯшан нест. Аслиддин, писари Қиёмиддин Чақалзода ба сомонаи Pressa.tj гуфтааст, ки падараш чанде пеш ҷарроҳии рӯдаро паси сар карда буд, вале аз саломатиаш дигар шикоят надошт. Вале “Азия Плюс” аз қавли наздикони ҳунарманд хабар дод, ки ӯ вақтҳои охир бемории вазнин дошт ва дар бемористони “Истиқлол” табобат мегирифт.

Қиёмиддин Чақалзода 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1975 риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кард ва ба Театри Лоҳутӣ  роҳҳат  гирифт. Аз соли 1975 то поёни умр, қариб 46 сол (!!!) ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ буд.

Аз Қиёмиддин Чақалзода даҳҳо нақши мондагор дар театру синамо ва 10 фарзанд боқӣ монд.

Хххххххх

Ва акнун чанд хабари криминалӣ:

Як пиразани 69-солаи сокини ҷамоати Мирзо Ризо дар канори шаҳри Ҳисор иддао дорад, ки се кӯдаки 13-сола  аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ чанд дафъа ҳангоми набудани вай дохили хонааш шуда, 14 500 рубл ва 25 500 сомониашро дуздидаанд.

Сокини 25-солаи қаблан  ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияи А.Ҷомӣ ба дуздии ду ангуштару як гарданбанди тиллоӣ ва телевизори “Самсунг” аз манзили як зани 28солаи сокини шаҳраки Ҷомӣ гумонбар мешавад.

Сокини 40-солаи пойтахт ба он айбдор мешавад, ки ҳанӯз соли 2019 дар бозори “Султони Кабир” аз як шаҳрванди 51солаи Чин ба маблағи 22 ҳазор доллар яхдон гирифта, танҳо 2 ҳазор доллар пули моли гирифтаашро дода, боқимонда  20 ҳазор доллар пули яхдонҳоро барнагардондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button