ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 23 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 23 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

ФАРИД ЧАҚАБОЕВ, АРОБАКАШИ СОБИҚ, КИ ДАР МАСКАВ МИЛЛИОНЕР ШУД

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БАРОИ ҲАМЛА БА ҲАМҶИНСГАРОЁН

ОҒОЗИ РАСМИИ МАЪРАКАИ ВАКСИНАЗАНӢ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

 ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОС ВА ШОИРИ ТОҶИК АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ДУШАНБЕ

ДАЪВАТ БА ИСТЕЪФОИ ДИЛШОД НАЗАРОВ БАЪДИ ҶАНҶОЛИ ДОПИНГ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Зодаи Бадахшони Тоҷикистон Фарид Чақабоев яке аз меҳмонони асосии шумораи навбатии YouTube-шоуи “Урюк и клюква”.  Ин нашри барнома ба мавзӯи дар Русия чанд пул кор кардани муҳоҷирон бахшида шуда буд.

Фарид Чақабоев бори аввал соли 2003, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, ба Маскав ба мардикорӣ омад. Ва инак 18 соли дигар, яъне нисфи дигари умри ӯ инҷо дар мулки ғурбат гузашт.

Фарид дар Маскав солҳои аввал аробакашӣ ва ҳаммолӣ мекард ва алакай баъди ду сол ваъдаи худро иҷро карда, барои модараш дар Душанбе хона харид. Ҳоло Фарид дар Маскав тиҷорати худро дорад ва миллионҳо рублро мечархонад.

Фарид бар ин аст, ки муҳоҷирон дар Русия назар ба мардуми маҳаллӣ часпу талоши бештар нишон медиҳанд, ки як амри, ба ақидаи ӯ, табиист: «Бисёре аз талаботи мардуми маҳаллӣ то ҳадде пӯшонда мешавад. Онҳо дар фикри сарпаноҳ нестанд, чунки аксар хона доранд. Падару модар доранд, ки онҳоро мехӯронанду мепӯшонанд. Муҳоҷироне, ки инҷо меоянд, аз ин ҳама неъматҳо маҳруманд. Онҳо танҳо ба нирзи даст ва маҳорати худ метавонанд умед банданд. Аз ин рӯ, муҳоҷирон, вақтеро кореро ба онҳо бовар карда, бисупоранд, тамоми саъйу кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд”.

Фарид ягона меҳмони барномаи «Урюк и клюква» набуд. Дар ҷараёни барнома фурӯшандагони тоҷик аз бозори “Садовод” нақл карданд, ки чӣ гуна бо вуҷуди нархи гарони иҷора (150 ҳазор рубл дар як моҳ) тавонистанд дар ин бузургтарин бозори Маскав ҷойгоҳи худро пайдо кунанд. Ронандагони маршруткаҳо аз ҳамин бозор нақл мекарданд, ки моҳона аз 80 то 150 ҳазор рубл кор мекунанд. Роҳрӯбҳо (дворникҳо) аз Қирғизистон ҷои хоби худ – таҳхонаи пур аз наму рутубати барои зиндагӣ аслан номуносибро нишон дода, нақл карданд, ки тобистонҳо бо 35 ҳазор рубл маош кор мекунанд ва зимистонро то 45 ҳазор рубл маош мегиранд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 5-6 миллион муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна кор мекунанд, ки аксарияти кулли онҳо аз се кишвари муҳоҷирфиристи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Соли 2020 бо вуҷуди пандемияи коронавирус аз Русия ба ин се ҷумҳурӣ асосан бо шарофати муҳоҷиронашон ҳудуди 7,7 миллиард доллар пул фиристодаанд. То пандемия ба ин се кишвар аз Русия солона то 10 миллиард доллар пул мерафт.

хххххххх

Додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Шуҳрат Салимовро бо ҷурми ҳамлаву латтукӯби ҳамҷинсгароён ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

“Стимул”, як созмони ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Маскав гуфт, Шуҳрат Салимов бо шариконаш  бо як ҳамҷинсгарои зодаи Осиёи Миёна бо номи шартии Алӣ дар як гуруҳи ақалиятҳои ҷинсӣ дар “Одноклассники” шинос шуда, баъди чанде ӯро ба мулоқот ба як бӯстонсаро дар Новая Москва даъват кардаанд.Вале дар роҳ ба бӯстонсаро онҳо Алиро шадидан латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки дар видеокамера аз ҳамҷинсгароӣ тавба кунад. Онҳо кирдори Алиро шармандагӣ барои мусалмонон номида, сабти ӯро ба хешу табораш фиристодаанд ва пулу ду телефони ӯро гирифта, гуфтаанд, ки вақте пулу телефонҳояшро бармегардонанд, ки ӯ ба масҷиди Проспект Мира омада, намозхон шавад. Вале Алӣ ба ҷои масҷид ба созмони “Стимул” ва сипас ба пулис муроҷиат кардааст. Шуҳрат Салимовро баъди чанде замоне дастгир кардаанд, ки як ҳамҷинсгарои дигарро “дарси тарбия” медод.

Назари худи Шуҳрат Салимов дастрас нест, вале «Стимул» иддао дорад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки пеш дар сохтмон кор мекард, узви гуруҳи ҷиноятиест, ки пайгирона ҳамҷинсгароён аз Осиёи Миёнаро пайдо карда, ҷазо медоданд.

Ин нахустин чунин мавриди ҷазои худсаронаи намояндагони ақалиятҳои ҷинсии зодаи Тоҷикистон аз сӯи ҳамватанҳояшон дар Русия нест. Соли 2019 додгоҳи шаҳри Красногорски вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамла ва ғорати як ҳамватани ҳамҷинсгарояш ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешуд, ки як гуруҳи зодагони Тоҷикистон бо роҳи фиреб як ҳамватани ҳамҷинсгарои худро ба мулоқот ба Красногорск даъват карда, дар як бӯстонсаро дасту пояшро баста, сахт латтукӯб кардаанд ва аз вай пул хостаанд. Аммо ба ҷабрдида муяссар шудааст, ки рӯзи дигар аз дасти гаравгонгирҳо фирор карда, ба пулис муроҷиат кунад.

Хххххх

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 март қарори ҳукумат таҳти №83 бо номи “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро имзо кард, ки бар асоси он аз 22 март дар Тоҷикистон расман  маъракаи иммуизатсия (ваксиназанӣ) ба зидди бемории коронавирус шурӯъ мешавад. Дар марҳалаҳои аввал бояд гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ваксина зада шаванд.

Тоҷикистон тибқи як барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳадафаш таъмини одилонаи тамоми кишварҳо ба давои зидди коронавирус аст,  бояд тақрибан 2 миллион ваксина ба зидди коронавирус бигирад. Аввалин бастаҳои ин ваксионаҳо, ки сохтаи ширкати дорусозии “АстраЗенека” мебошанд, алакай ба Тоҷикистон расонда шудаанд.

Оғози расмии маъракаи ваксиназанӣ ба зидди коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба иддаои мақомоти расмии ин кишвар, аз оғози соли нав дар ҷумҳурӣ ягон мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус ваё вафот аз он сабт нашудааст.

Ҷамъи гирифторони коронавирус дар кишварро мақомот расман 13 ҳазор ва шумори фавтидагон аз ин вируси қаттолро ҳамагӣ 90 нафар баршумурдаанд, вале бисёриҳо ба ин омори вазорати тандурустӣ бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд.

Хххххххх

Абдушукури Абдусаттор, доктори илмҳои филологӣ, мунаққид, адабиётшинос ва шоири тоҷик шаби 23 март дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Маросими ҷанозаи донишманди шинохта соати 13 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1994 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамуд.

Абдушукури Абдусаттор муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аз ҷумлаи «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов) мебошад. Дар таҳия ва нашри ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009).

Ӯ бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекард, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордас­та» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғ. ба табъ расидаанд.

хххххх

Рӯзи 22 март дар ду садама дар Восеъ ва Душанбе як дучархарони 72-сола ва як ҷавони 20-сола ҷон бохтаанд.

ВКД гуфт, рӯзи 22 март, соати 12630 Исмоналӣ Назаров, с.т. 1949, сокини ҷамоати А.Авазови ноҳияи Восеъ дар роҳ Фархор – Восеъ зери чархи мошини тамғаи “Сонг – Хуа” ба ҳалокат расидааст.

Ҳамон рӯз, соати 11:10 мошини тамғаи “Фолксваген-Поло” дар кӯчаи Карамови пойтахт пиёдагард Низомиддин Азимов, с.т. 2001, сокини ноҳияи Варзобро пахш кардааст. Мақомоти милисаи Душанбе гуфтанд, ки ин ҷавон донишҷӯи Донишкадаи исломӣ будааст. Ба зидди ронанда бар асоси моддаи 212 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги инсон шудааст, парванда кушодаанд. Ӯ дар боздошт қарор дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Хххххх

Себастьян Коу, президенти Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук аз Дилшод Назаров хост, ки аз мақоми президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон истеъфо диҳад. Дар ин бора нашрияи Insidethegames хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, Себастян Коу дар нишасти хабарӣ баъди судури қарори Шӯрои варзиши сабук дар мавриди барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кардани Дилшод Назаров гуфт: «Дар гузашта шоҳид будем, ки маъмулан баъди моҷарои истифодаи допинг президентҳо ё мақомҳои расмии Федератсияҳо ба истеъфо мерафтанд. Аз ин рӯ, интизор ин аст, ки чунин нафарон дар мақоми президенти Федератсия нахоҳанд нишаст».

Вокуниши Дилшод Назаров ба даъвати Себастян Коу ҳанӯз маълум нест. Вале ягона чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон қаблан қарори аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карданашро ноҷавонмардона номид ва гуфт, бо ҳамин ӯро аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио маҳрум карданд.

Хадамоти матбуоти иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук Athletics Integrity Unit (AIU) рӯзи 18 март хабар дод, ки чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров ба иллати истифодаи допинг барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои варзиши сабук маҳрум карда шуд. Ин ниҳод гуфт, ташхиси такрории намунаҳои барои ташхис супурдаи Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳони соли 2011 дар Тэгу, Кореяи ҷанубӣ дар бадани Назаров маводи мамнӯъро ошкор кардааст.

Дилшод Назаров дар як вокуниши пурэҳсос дар Фейсбук бо изҳори таассуф аз қарори манъи иштирокаш дар мусобиқоти гурзандозӣ ин қарорро беинсофӣ номид.. “Вақте муҳлати манъи иштирокамро дидам, фаҳмидам, ки маро дар Олимпиадаи Токио дидан намехостаанд. Чунки Олимпиада аз 23 июл то 8 август доир мешавад, вале манро то 24 сентябр аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кардааанд. Онҳо ҳаққи иштироки ман дар Олимпиадаи Токиоро аз ман гирифтанд…”, навиштааст Дилшод Назаров.

Дилшод Назаров хушномтарин варзишгари Тоҷикистони имрӯза ба шумор мерафт. Ӯ ягона чемпиони олимпии баъди истиқлоли Тоҷикистон буда, ба ҷуз аз медали тилои Рио-2016, ҳамчунин соли 2015 медали нуқраи чемпионати ҷаҳон ва солҳои 2006, 2010 ва 2014 медалҳои тиллои Бозиҳои Осиёро ба даст овардааст.

Феълан Назаров президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва муовини аввали раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши ҳукумати Тоҷикистон буда, дар ин мақоми охир раҳбарии тамоми умури варзишии ин кишварро дар даст дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button