ВидеоИқтисодТоҷикистон

БОНКИ БАНКРОТШУДАИ “ФОНОНБОНК” ПУЛИ ТАМОМИ МУШТАРИЁНАШРО БАРГАРДОНДААСТ

ҶСК «Фононбонк», яке аз ду бонки соли 2017 банкрот эълоншудаи Тоҷикистон, аввалин шуда, пули ҳамаи муштариёнашро баргардонд. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» бо истинод ба манбааш дар додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе хабар дод.

 «Бонки собиқи «Фононбонк» дар 4 соли гузашта ба соҳибони тамоми депозитҳо пасандозашонро баргардондааст. Маблағи қарзи бонк дар моҳи феврали соли 2017 ҳудудан 71,5 миллион сомонӣ (8,5 миллион доллар бо қурби он вақт)-ро ташкил медод. Ду ширкати бузурге, ки «Фононбонк» маблағҳои онҳоро баргардонда натавонист, розӣ шуданд, ки б ҷои пул молу мулки ғайриманқул бигиранд ва додгоҳ дар бораи ба ихтиёри онҳо супурдани як қисми молу мулки бонк қарор қабул кард. Қарзҳои хурде ба маблағи аз 30 то 50 доллар боқӣ мондаанд, ки онҳо низ рӯзҳои наздик пардохт хоҳанд шуд», — хабар додааст ин манбаъ аз додгоҳи иқтисодии пойтахти Тоҷикистон.

Дар бораи сарнавишти пулҳои дар “Тоҷпромбонк”, бонки дуюми 4 сол пеш банкротшуда, гузоштаи муштариёнаш то ҳол маълумоти дақиқе дастрас нест.

Дар аввали моҳи март давраи дуюми барҳамдиҳии “Фононбонк” ба анҷом расид ва дар робита ба ин дар додгоҳи иқтисодии Душанбе масъалаи баргардонидани пасандозҳои дар ин бонк дармондаи мардум ва ширкатҳо баррасӣ шуд.

 «Азбаски ҳамаи пулҳо баргардонда шудаанд, мо ба маъмурияти барҳамдеҳ Раҳим Шарифов як моҳ муҳлат додем, то ҳисоботашон барои мо ва Бонки миллии Тоҷикистонро омода карда, тамоми аснодро ба бойгонӣ супоранд. Таърихи ниҳоии барҳам додани бонк дигар муқаррар шудааст”, — гуфтааст манбаи “Фергана”.

Буҳрони иқтисодии солҳои 2014-2015 ба низоми бонкии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ зад. Бахусус 4 ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла ду бонки бузурги «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ва ду бонки миёнаи «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» дар вазъи хеле ногувор қарор гирифтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 барои наҷоти ин 4 бонк аз ҳисоби буҷа кумаки дар таърихи ҷумҳури бесобиқа ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кард. Вале алакай моҳи феврали соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба имкони наҷоти «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» комилан ноумед шуда, иҷозатномаи ҳардуро пас хонд. Бонки миллӣ дар ин бонкҳо маъмурияти беруна ҷорӣ кард ва раисони қаблии ҳарду Самихон Қурбонов ва Ҷамшед Зиёев ба ҳабс гирифта шуданд. Ба куҷо расидани тафтиши парвандаи Самихон Қурбонов маълум нест, вале Ҷамшед Зиёев моҳи декабри соли 2020 бо ҷурмҳое, чун аз худ кардани маблағҳо ва исрофкорӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

 «Бонки собиқи «Фононбонк» — ягона бонкест, ки бидуни ба бор овардани норозигии оммавии муштариёнаш тавонист дар муҳлати муқарраркардаи қонун раванди барҳамдиҳиро тай кунад. Дар ҳамин ҳол, се бонки дигари бузурги Тоҷикистон ҳамчунон дар вазъи мураккабе, ки роҳи баромад аз он дида намешавад, қарор доранд.  “Тоҷпромбонк”, ки низ дар ҳоли барҳам хӯрдан қарор дорад, бояд ба муштариёнаш 49 миллион сомониро баргардонад, вале пул надорад. Бонк молу мулки ҷаззобе ҳам дар ихтиёр надорад ва он молу мулке, ки дорад, ба дарди муштариёнаш намехӯрад», – менависад хабаргузории «Фергана».

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button