ВарзишМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ДАСТПАРВАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ЮРИЙ БАТУРЕНКО САРМУРАББИИ “РОТОР” (ВОЛГОГРАД) ШУД

Юрий Батуренко, нимҳимоятгари шинохта аз ҳайъати тиллоии дастаи шуҳратёри “Помир” (Душанбе) ва зодаи Қӯрғонтеппаи Тоҷикистн сармураббии дастаи “Ротор” аз шаҳри Волгогради Русия таъйин шудааст.

Батуренко алакай сеюмин намояндаи он ҳайъати тиллоии “Помир” аз солҳои 80 аст, ки ба мақоми сармураббии дастаҳои Премер –лигаи  Русия мерасанд. Эдгар Гесс як муддат дастаи «Алания» аз Владикавказро машқ медод, Рашид Раҳимов сармураббии се тими лигаи асосии футболи Русия– «Амкар» (Перм), «Локомотив» (Маскав) ва « Ахмат» (Грозний) буд. Ва Юрий Сёмин, ки собиқаи мураббигиашро дар Душанбе сар карда, он ҳайъати тиллоии “Помир”-ро маҳз ӯ сохта буд, яке аз хушномтарин мураббиёни футболи имрӯза дар Русия эътироф шудааст. Юрий Батуренко беш аз 20 соли собиқаи мураббигиашро дар ситоди устодаш Сёмин сипарӣ кардааст ва ҳоло бори нахуст мустақилона раҳбарии як дастаро ба дӯш мегирад.

Дар пеши Батуренко вазифаи мушкиле гузоштаанд  – дар  Премер-Лига ҳифз кардани “Ротор”. Ҳоло дастаи футболи Волгоград бо 18 имтиёз дар 23 бозӣ дар ҷадвал дар мақоми хеле поёини 13-ум ҷой гирифтааст ва фарқи имтиёзҳояш аз ду дастаи аз ҳама охир «Уфа» ва «Тамбов» ҳамагӣ 4 ва 5 имтиёз аст.

Андрей Рекечинский, мудири кулли бошгоҳи варзишии “Ротор” рӯзи 20 март гуфт, зимни интихоби Батуренко ба ҳайси сармураббӣ ин нуктаро ба назар гирифтанд, ки ӯ бо чанде аз футболбозони ин даста, ки қаблан дар “Локомотив” бозӣ мекарданд, ошност: “Ҳангоми интихоби срамураббӣ вазифаи аввалиндараҷа ёфтани касе буд, ки битавонад нафақат бозии дастаро созмон диҳад, балки футболбозонро муттаҳид кунад. Юрий Михайлович Батуренко номзади аз ҳама мувофиқ барои мост. Ӯ дӯшодӯш бо Юрий Сёмин кор карда, ҳамроҳи ӯ дастаҳои қавиеро бунёд ва омода кардааст. Ҳамчунин ӯ бо бисёре аз бачаҳои мо ошност ва ин имкон медиҳад, ки бо бозигарони дигар низ зуд забон биёбад.”

Юрий Батуренко 29 декабри соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Батуренко соли 1981,  вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, ба дастаи “Пахтакор” –и Қӯрғонтеппа, ки дар дар лигаи дуюми футболи СССР бозӣ мекард, пазируфта шуд ва соли 1983 ба ҳайъати дастаи асосии Тоҷикистон – «Помир» (Душанбе) даъват шуд..

Батуренко  то поёни соли 1991, то замони фурӯпошии СССР дар ҳайъати “Помир” бозӣ кард, ҳамроҳи “Помир” ба лигаи олии футболи СССР роҳхат гирифт ва дар умум дар ҳайъати “Помир” 228 маротиба ба майдон баромада, 10 гол задааст. Ӯ танҳо ду сол, яъне солҳои 1985-1986 дар ҳайъати ЦСКА (Маскав) бозӣ кард, вале ин гузариш маҷбурӣ буд, чунки “Помир” бо вуҷуди “хоҳиши” генералҳои бонуфуз аз Маскав бозиашро ба ЦСКА набохт ва мақомоти ҳарбӣ дар посух ба нишони интиқом як гуруҳи футболбозони “Помир”-ро ба артиш фиристоданд.

Батуренко солҳои 1992-1995  дар ҳайъати «Локомотив» (Маскав) ва сипас се сол дар ҳайъати «Тюмен» бозӣ кард ва соли  1998 дар ҳайъати «Сокол» (Саратов) ба собиқаи футболбозиаш нуқта гузошт.

Юрий Батуренко баъди ин ба ҳайси мураббӣ ба «Локомотив» баргашт ва тӯли беш аз 20 сол узви содиқи ситоди Юрий Сёмин буд. Ӯ Сёминро дар ҳар дастае, ки таъйин мешуд, ҳамроҳӣ мекард ва аз паси устодаш ҳатто ба Молдова ва Озарбойҷон рафт. Батуренко ҳамчунин бо он маъруф аст, ки дар давраи кораш бо ҳайъати ҷҷавонони “Локомотив” истеъдодҳое, чун Диниёр Билолиддинов ва Марат Измайловро кашф кардааст.

ЮРИЙ БАТУРЕНКО: «ДЛЯ МЕНЯ БОЛЬШАЯ ЧЕСТЬ СТАТЬ ТРЕНЕРОМ «РОТОРА»

Первое интервью наставника сине-голубых клубной пресс-службе

— Легко ли далось решение возглавить «Ротор»?
— Знаете, очень легко. Волгоград — город с большими футбольными традициями. Еще будучи игроком мне доводилось соперничать с «Ротором» в союзных лигах и я прекрасно помню его успехи в конце прошлого века. Серебро и бронзу в чемпионате России, выступление в Еврокубках. Поэтому для меня большая честь стать тренером такой команды.

— Следили за выступлением команды в РПЛ?
— Да, конечно, следил. Думаю, что смотрел каждую вторую игру.

— Команда сейчас в непростом положении. Готовы к такому вызову?
— Разумеется. Положение — рабочее. Нет безнадежных ситуаций.

— В одном из своих интервью вы сказали, что Соломон Кверквелия — один из трех лучших игроков, с которыми вам доводилось работать. Саба сейчас находится у нас в аренде, а с кем еще из футболистов нынешнего состава «Ротора» вы уже знакомы?
— Хорошо знаком с Иваном Маевским, знаю еще троих парней. А Соломон, да. Это отдельная история. Он тот игрок, который нравится мне как футболист и человек. Рад, что смогу снова с ним поработать.

— Какой футбол вы хотите видеть в исполнении нашей команды?
— Тот, который принесёт нам желаемый результат.

— Вы уже бывали в Волгограде и наверняка знаете, что у нас очень требовательные болельщики. Что можете сказать им после своего назначения?
— Болельщики у клуба невероятные, пожалуй, одни из лучших в России. В Волгограде я бывал неоднократно, у меня там живёт мой родной брат. Хочу сказать болельщикам, чтобы они верили в нас, поддерживали команду и футболистов, и тогда все будет хорошо. Мы со своей стороны приложим максимум усилий, чтобы не разочаровать их.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button