ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 19 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 19 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Хӯҷа Командир ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Барканории Носирхон Сафарзода барои кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад

Ягона чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон Дилшод Назаров барои ду сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд

Даргузашти фармондеҳи собиқи полки қалъаи Хуҷанд полковник Комилов

Дар Бохтар дар арафаи сафари президент ба дарахтони қади роҳ чакану атлас пӯшондаанд

Аз моҳи апрел шумори парвозҳо байни Тошканду Душанбе афзоиш меёбанд

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа Командир, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба 14 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи Олӣ рӯзи 19 март ба Радиои Озодӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳукми Хӯҷа Командир ҳанӯз моҳи феврал содир шуд, вале то ҳол ҳукми қонунӣ нагирифтааст, чунки наздикони вай ба марҳалаи кассатсионии Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд. Тафсилоти ҳукми фармондеҳи дар гузашта пурнуфуз дар минтақаи Ғозималики водии Вахш эълон нашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки Хӯҷа Каримов ба даст доштан дар ҷиноятҳои сангине, чун куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ айбдор мешавад.

Хӯҷа Каримовро баъди тақрибан 20 соли фирораш аз Тоҷикистон  рӯзи 30 июли соли 2019  дар Дубай дастгир карда, моҳи феврали соли 2020 аз Иморот ба Душанбе оварданд.

Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон ба дунё омада, оиладор ва соҳиби 7 духтар аст.

Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва бо маслиҳати дӯсташ Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон,ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.

Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ ҳамчунин дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.

Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавони умедбахшро гирд оварда буд.

Аммо дар аввали солҳои 2000 сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард.

ххххххх

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 март бо имзои як фармони алоҳида Сафарзода Носирхонро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард.

Мақомот дар ин бора расман тафсилоти дигар надодаанд, вале  “Азия Плюс” як рӯз пеш бо такя ба манбааш дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ки додраси додгоҳи иқтисодии ин вилоят Носирхон Сафарзода рӯзи 9 март аз ҷониби мақомоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5 ҳазор доллар дастгир шудааст.

Носирхон Сафарзода қаблан дар додгоҳи шаҳри Панҷакент кор мекард, аз соли 2017 ба ҳайси додрас дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон кор мекард.

Назари худи Сафарзода ва наздикон ё вакилаш дастрас нест, вале аз раёсати вилоятии Агентии мубориза бо коррупсия ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки нисбати Носирхон Сафарзода бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Ҳар сол президент чандин фармони барканории судяҳо бо айни далели “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”-ро содир мекунад.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар ҷумлаи кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст. Созмони Transparency International моҳе пеш дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз лиҳози сатҳи коррупсия дар байни 180 кишвар и дунё дар мақоми 149-ум ҷой дода буд.

хххххххх

Чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров ба иллати истифодаи допинг барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои варзиши сабук маҳрум карда шуд. Дар ин бора рӯзи 18 март хадамоти матбуоти иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук Athletics Integrity Unit (AIU) хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ташхиси такрории намунаҳои барои ташхис супурдаи Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳони соли 2011 дар Тэгу, Кореяи ҷанубӣ дар бадани Назаров маводи мамнӯъро ошкор кардааст. Дилшод Назаров дар он чемпионат ҷои даҳумро ба даст оварда буд. Бо қарори AIU, ҳамчунин ҳамаи натиҷаҳои дар мусобиқаҳо бадастовардаи Нахаров аз 29 августи соли 2011 то 29 августи соли 2013 бекор карда мешаванд.

Моҷарои допинги Дилшод Назаров соли 2019 оғоз ёфт ва ӯро ҳанӯз моҳи сентябри соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карда буданд. Ба ин сабаб, дисквалификатсияи ӯ аз ҳамон соли 2019 оғоз ёфта, то 24 сентябри соли 2021 давом мекунад. Вале то он вақт Олимпиадаи Токио алакай ба анҷом мерасад ва табъан, Дилшод Назарови 38-сола, ки соли 2016 дар Олимпиадаи Рио дар гурзандозӣ соҳиби медали тило шуд ва ягона чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон баъди касби истиқлол кардани ин кишвар аст, наметавонад дар Олимпиадаи Токио иштирок ва аз унвони чемпиониаш ҳимоят кунад. Олимпиадаи Токио, қарор аст, аз 23 июл то 8 августи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Дилшод Назаров дар як вокуниши пурэҳсос дар Фейсбук бо изҳори таассуф аз қарори манъи иштирокаш дар мусобиқоти гурзандозӣ ин қарорро беинсофӣ номид ва таъкид кард, ки ҳадафи аслии ин моҷарои допинг дар атрофи номи ӯ гирифтани пеши роҳи ширкати вай дар Олимпиадаи Токио будааст. “Вақте муҳлати манъи иштирокамро дидам, фаҳмидам, ки маро дар Олимпиадаи Токио дидан намехостаанд. Чунки Олимпиада аз 23 июл то 8 август доир мешавад, вале манро то 24 сентябр аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кардааанд. Онҳо ҳаққи иштироки ман дар Олимпиадаи Токиоро аз ман гирифтанд…”, навиштааст Дилшод Назаров.

Дилшод Назаров хушномтарин варзишгари Тоҷикистони имрӯза ба шумор мерафт. Ӯ ягона чемпиони олимпии баъди истиқлоли Тоҷикистон буда, ба ҷуз аз медали тилои Рио-2016, ҳамчунин соли 2015 медали нуқраи чемпионати ҷаҳон ва солҳои 2006, 2010 ва 2014 медалҳои тиллои Бозиҳои Осиёро ба даст овардааст.

Феълан Назаров президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва муовини аввали раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши ҳукумати Тоҷикистон буда, дар ин мақоми охир раҳбарии тамоми умури варзишии ин кишварро дар даст дорад.

Ххххх

Полковники мустаъфӣ Комилов Мирмуҳаммад Ашӯрович, фармондеҳи собиқи полки қалъаи Темурмалик дар шаҳри Хуҷанд, дар синни 60 бар асари сактаи дил (микроинфаркт) даргузашт. Ҷанозаи полковник Комиловро шаби 19 март аз Русия ба Тоҷикистон оварданд ва маросими намози ҷанозааш баъди намози ҷумъа дар кӯчаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд доир мешавад.

Дар ин бора дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” Раҷаби Мирзо хабар дод.

Мирмуҳаммад Комилов 25 июни соли 1960 дар маҳаллаи Пуличуқури шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ 60 ба дунё омада, соли 1977 мактаби миёнаи рақами 24-ро хатм кардааст. Ӯ баъди хатми мактаб ба Мактаби олии ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Новосибирски Русия дохил мешавад. Баъди хатми он, то соли 1990 дар ҷумҳуриҳои мухталифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои вазифа кардааст.

Баъдан ба Тоҷикистон баргашта, дар сохторҳои муҳими давлатӣ адои вазифа намудааст.

Дорандаи ифтихорномаву диплому раҳматномаву медалҳои зиёд буда, то ба нафақа баромадан ба ҳайси фармондеҳи полк дар қисми ҳарбии 3501 (қалъаи Темурмалик) кору фаъолият доштааст.

Аз полковник Комилов 5 фарзанд ва панҷ набера боқӣ монд.

Хххххх

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, ба танаи дарахтони сари роҳ чакану атлас “пӯшондаанд”.

Мақомоти маҳаллӣ то ҳанӯз сабаби рафтори худро шарҳ надодаанд, вале зоҳиран ин як бахши омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва ҳамзамон сафари раиси ҷумҳурӣ ба минтақа аст.

Як ёвари президент ба “Азия-Плюс” гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба Хатлон меравад ва онро сафари корӣ номидааст, на сафари ҷашнӣ.

Атласу чаканро, ки ҳамчун либоси миллӣ эътироф шудаанд, асосан бонувон дар айёми баҳор ба бар мекунанд. Ҳоло нархи миёнаи як метр атлас дар бозорҳои Тоҷикистон тақрибан 50 сомонӣ аст.

Пешвози мансабдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон сол ба сол ба як маъракаи пурхарҷ ва пурташвиш табдил меёбад.

Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд, аммо мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрӣ ва ё самимияти мардум медонанд.

хххххххх

Ширкати ҳавопаймоии “Uzbekistan Airways” («Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ») эълон кард, ки шумори парвозҳояшро дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд афзоиш медиҳад.

Дар иттилоияи расмие, ки дар сомонаи расмии ширкат нашр шудааст, гуфта мешавад, ки аз 3 апрел байни Тошканду Душанбе ҳафтае ду парвоз –  рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода хоҳанд шуд. Феълан байни пойтахтҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳафтае ҳамагӣ як парвоз анҷом дода мешавад.

Нархи парвози як тараф барои эконом-класс 147 доллар ва барои бизнес-класс – 214 доллар муқаррар карда шудааст.

Парвози ҳавопаймоҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон соли 1992 қатъ шуда, то поёни ҳукумати Ислом Каримов дигар аз сар гирифта нашуд. Танҳо соли 2017, баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев парвозҳо байни ду кишвари ҳамсоя барқарор гардиданд.

Дар баҳори соли 2020 Ӯзбекистон ба далели пандемияи коронавирус марзҳояшро баст ва парвозҳоро қатъ кард. Дар аввали соли 2021 “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дигарбора ба анҷоми парвозҳо байни Тошканду Душанбе оғоз кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button