ВидеоИқтисодМуҳоҷиронТоҷикистон

ҲАҶМИ ИНТИҚОЛИ ПУЛ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН 800 МИЛЛИОН $ КАМ ШУДААСТ

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони физикӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 32% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар пул фиристодаанд, ки ин назар ба 2 миллиарду 540 миллион доллар пули ирсолшуда дар соли 2019 ҳудуди 800 миллион доллар камтар аст.

Омори расмӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ дар соли 2020ро Бонки марказии Русия дар сомонааш нашр кардааст.

Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар байни кишварҳои СНГ баъди Ӯзбекистон ҷои дуюмро мегирад. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4 миллиарду 420 миллион доллар пул фиристодаанд, ки ин назар ба Тоҷикистон 2,6 маротиба бештар аст. Дар ҷои сеюм дар ин “сабқат”и пулфиристӣ аз Русия Қирғизистон, боз як кишвари аз пули муҳоҷиронаш сахт вобастаи Осиёи Марказӣ меояд. Соли 2020 аз Русия ба Қирғизистон 1 миллиарду 716 миллион доллар (ҳамагӣ 25 миллион камтар аз Тоҷикистон) пул фиристодаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки аз пулҳои интиқолии муҳоҷирони кориаш, ки шумори онҳо танҳо дар Русия то шурӯи пандемия беш аз як миллион нафарро ташкил медод,  сахт вобаста аст ва чунин коҳиши башиддати ҳаҷми пулҳои интиқолшуда аз Русия ба сатҳи некӯаҳволии аксари хонаводаҳо дар ин кишва, ҳамчунин ба вазъи тамоми иқтисод ва савдо дар Тоҷикистон таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Коршиносон коҳиши башиддати ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро пеш аз ҳама ба пандемияи коронавирус ва чораҳои ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии он андешидаи кишварҳо, аз ҷумла Русия, бастагӣ медиҳанд. Қарори маълум, Русия моҳи марти соли 2020, дар рӯзҳои оғози мавсими нави муҳоҷират марзҳояшро ба рӯи хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷирон, пурра баст ва дар натиҷа, миллионҳо муҳоҷир, аз ҷумла садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон, ки ҳар сол бо расидани баҳор барои мардикорӣ ба Русия раҳсипор мешуданд, соли гузашта дар Ватан бекор дармонданд ва натавонистанд ба Русия бираванд. Бар илова, он муҳоҷироне, ки дар Русия дармонданд, ба далели пандемияи коронавирус муддати тӯлоние аз ҷои кор ва манбаи даромад маҳрум буданд ва натавонистанд ба таври бояду шояд хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ кунанд.

Коршиносон бар инанд, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои муҳоҷирфирист, аз ҷумла ба Тоҷикистон дар соли 2021 низ метавонад боз ҳам коҳиш биёбад, чунки дар моҳҳои охир даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан баргаштанд, вале он садҳо ҳазор муҳоҷири бекормонда дар Тоҷикистон то ҳол наметавонанд ба далели баста будани марзҳои Русия ба он кишвар ба мардикорӣ бираванд.

Дар умум соли 2020 аз Русия ба хориҷ 40,1  миллиард доллар пул фиристода шудааст, ки ин назар ба 41,7 миллиарди соли 2019 ҳудуди 3,8% камтар буда, пойинтарин нишондиҳанда аз соли 2018 ба ин тараф будааст. Соли гузашта аз Русия бештар ба кишварҳои ғарбие, чун Швейцария (7,8 млрд доллар), Британия (2,7 млрд доллар), Амрико(2,3 млрд доллар), Латвия (1,8 млрд) ва Литва (1,2 млрд) пул интиқол додаанд. Вале дар ҳоле ки пулҳои аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсолшуда асосан пули бо заҳмат ба даст овардаи муҳоҷирони кориашон аст, миллиардҳое, ки ба самти Ғарб мераванд, асосан сармояҳоест, ки аз Русия “мегурезонанд”.

Перечисления из России1
 осуществленные физическими лицами, всегоосуществленные физическими лицами-резидентамиосуществленные физическими лицами-нерезидентами
сумма переводов, млн долларов СШАсредняя сумма одного перевода, долларов СШАсумма переводов, млн долларов СШАсредняя сумма одного перевода, долларов СШАсумма переводов, млн долларов СШАсредняя сумма одного перевода, долларов США
Всего по странам 40 10514433 2211276 884387
 Страны дальнего зарубежья 29 06912626 8621172 2073 355
из них2:      
 ШВЕЙЦАРИЯ7 8567 2777 6677 12218963 475
 СОЕДИНЕННОЕ КОРОЛЕВСТВО2 7031632 54515415815 418
 СОЕДИНЕННЫЕ ШТАТЫ2 3171672 06314925414 399
 ЛАТВИЯ1 839111 81911204 172
 ЛЮКСЕМБУРГ1 2823081 2623032080 770
 МОНАКО1 153361 3431 134377 92420102 270
 ГЕРМАНИЯ1 0642 6559362 4381287 587
 КИПР1 0414 1521 0184 0892313 170
 ИСПАНИЯ9797 4579427 535385 915
 ТУРЦИЯ8991 3066841 2162141 706
 АВСТРИЯ74117 91267917 9426217 597
 ЯПОНИЯ6942 2776762 234188 477
 ИТАЛИЯ5675 9325156 078524 796
 ГРУЗИЯ49434842232772558
 ФРАНЦИЯ4404 0453603 687807 176
 ИЗРАИЛЬ3724 1233393 921328 914
 ЧЕХИЯ358417322377368 778
 ОБЪЕДИНЕННЫЕ АРАБСКИЕ ЭМИРАТЫ2844 5052083 4827523 854
 НИДЕРЛАНДЫ2491 0972049134513 940
 СИНГАПУР22865216621325 666
    Страны СНГ11 0352346 3592114 676273
 УЗБЕКИСТАН4 4203652 1083382 312393
 ТАДЖИКИСТАН1 7411516811391 059159
 КИРГИЗИЯ1 7161711 163159553203
 АЗЕРБАЙДЖАН901341730339171353
 АРМЕНИЯ829308611297218344
 КАЗАХСТАН447104313741351 949
 УКРАИНА430295330280100362
 МОЛДОВА, РЕСПУБЛИКА31525022922886337
 БЕЛАРУСЬ23720419419443269
 ТУРКМЕНИЯ016201640147

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button