![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2021/01/КОРРУПСИЯ5.jpg?resize=650%2C393&ssl=1)
Агентиии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи ду зани аҷфсари баландпояи ВКДро анҷом дода, ба додгоҳ супурдааст. Исматшозода Зебуниссо Исматшо, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Тоҷикистон аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб санаи 08 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд. Санаи 10 сентябри соли 2020 Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Тасарруфи 1.200 доллари ИМА аз ҷониби кормандони ВКД
Исматшозода Зебуниссо Исматшо дар вазифаи сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб санаи 08 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.
Санаи 10 сентябри соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Оиди ҳолати зикршуда нисбати Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Агентӣ
Барои чи ахборҳоятон такроран дар як сархат нашр мешавад? Каме омузед илтимос