Хабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ КРИМИНАЛИИ 13 ЯНВАР: ДУ САДАМАИ МАРГОВАР, ҒОРАТГАРӢ ДАР ҚУБОДИЁН ВА ДУЗДИИ «ЛЕКСУС»

Шоми 11 январ, соати 18:40 як зани 50-сола дар ҷамоати Бӯстонқалъа дар наздикии шаҳри Леваканд зери чархи мошини «Мерседес» ҷон бохта, сокини 57-солаи деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт зери чархи мошини «Опел» ба ҳалокат расидааст.

Ду сокини Қубодиён шаби 10 январ ду ҷавони 27 ва 17-соларо латтукӯб карда, телефонҳои онҳоро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.

Як сокини 22-солаи Ваҳдат бо лақаби «Судайс» субҳи 9 январ як мошини «Лексус»-ро аз Душанбе дуздидааст, вале ба садама дучор шуда, фирор кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 11-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседесс Бенс», Қурбонов Убайдулло Зубайдуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Сабзова Хурсандбӣ Файзовна, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Сабзова Х.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин рӯзи 11-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдувалиев Зарифҷон Шарифҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Шодоба, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, Абдуллоев Мақсудҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Абдуллоев Мақсудҷон Мамадҷонович ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Боздошти ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 27 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҷамоати деҳоти У.Назарови ноҳияи мазкур муроҷиат намудаанд, ки санаи 10-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, шахсони номаълум ошкоро дар маркази ноҳия, онҳоро зери лату кӯб қарор дода, аз дасташон телефонҳои мобиллии тамғаҳои “Самсунг+4” ва “Самсунг А10”-ро бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 26-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратагрӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми январи соли 2021, тахминан соати 06:00, “Судайс” ном шахс аз кӯчаи Н.Махсуми пойтахт автомашинаи шахсиаш тамғаи «Лексус ЛС-430»-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кофарниҳони шаҳри Вахдат бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 30-юми декабри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар кӯчаи Матросови шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби марди 50-солаи сокини пойтахт 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Норак ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сохтмонаш нотамом, ки ба зани 63-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, ворид шуда, аз дохили он ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button