МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 11 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 11 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:
ДАР ДИЛИ МАН МОНД… ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ
ДОДГОҲИ ВИЛОЯТИ САМАРА ҲУКМИ ИХРОҶИ РОҲБАРИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ: ТОҶИКИСТОН БАНКРОТ НАШУДААСТ
ДАР ТОҶИКИСТОН ПЕДОФИЛҲО, ДАЛЛАҲО ВА СОҲИБОНИ ФОҲИШАХОНАҲОРО АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРӢ ВА МОДАРӢ МАҲРУМ МЕКУНАНД
ДАР РУСИЯ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ КОРОНАВИРУС ҶАРИМА БАСТАНД
БОЗДОШТИ 45 МУҲОҶИР ДАР РЕЙДҲОИ «СОЛИНАВӢ»-И ПУЛИС ДАР ИРКУТСК
ҲАМЛА БО ТАБАР БА ХОЛАВУ ЯЗНА
СОКИНИ ДЕҲМОЙ ЯК МАРДРО БАРОИ ИЗҲОРИ ИШҚ БА МОДАРАШ КОРД ЗАДААСТ
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Фарҳанги тоҷик талафоти бузурге дод. Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, шоми 11 январ дар синни 58 баъди ду моҳи мубориза бо коронавирус дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Маросими дафни овозхони шинохта рӯзи 12 январ дар деҳаи Купрукбошии ҷамоати Гулрез дар канори шаҳри Ваҳдат доир мешавад. Шоираи Раҳимҷон, шоираи тоҷик гуфтааст, ки Қурбоналӣ Абдуллоев тақрибан ду моҳ боз зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дошт ва ду ҳафтаи охир пурра дар ҳуҷраи эҳё буд.
Қурбоналӣ Абдуллоев соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1987 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кард. Қурбоналӣ Абдуллоев бахусус дар хондани таронаҳои мардумӣ чирадаст буд ва таронаҳои шоҳкоре, чун “Занги телефон”, “Алвидо”, “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Хоки Ватан” дар ёди мухлисонаш боқӣ мемонад. Ӯро соли 2015 бо ҳамагӣ 630 сомонӣ нафақа аз ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион ба нафақа гусел карда буданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Қурбоналӣ Абдуллоев баъди бознишаста шудан ба назди наздиконаш ба шаҳри Краснодари Русия кӯчид. Ӯ як сол пеш ба Тоҷикистон омад, вале бо сабаби баста шудани марзҳо дар Ватан дармонд.
Қурбоналӣ Абдуллоев рӯзи 12 майи соли 2020, дар арафаи даҳаи сеюми моҳи Рамазон дар саҳифааш дар Фейсбук эълон кард, ки тарки саҳна мекунад. Ӯ навишт: “Имрӯз банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам, бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.”
xxxxxxx
Додгоҳи вилояти Самара низ ҳукми ихроҷи Саидасрор Мирзоев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин вилоят «Пайванд» ва соҳиби нуқтаҳои фурӯш дар базаи меваву сабзавоти №3-ро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Самара рӯзи 23 декабр қарор бароварда буд, ки Саидасрор Мирзоев бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави Русия берун карда шавад. Александр Паулов, адвокати Мирзоев гуфт, муваккили ӯ ҳанӯз соли 1993 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва набояд ихроҷ шавад, вале додгоҳ ҳамаи ваҷҳҳои овардаи ҷониби ҳимоятро нодида гирифт.
Паулов ба сомонаи маҳаллии «Волга.Нюс» гуфт: «Додгоҳ инро нодида гирифт, ки муваккили ман дар давоми солҳои зиндагиаш дар Русия се маротиба шиносномаашро иваз кардаааст, аз ҷумла бори охир вақти ба синни 45 расиданаш. Додгоҳ инро нодида гирифт, ки ӯ бар асоси ин шиносномаҳо шаҳодатномаи ронандагӣ гирифт, издивоҷ кард. Вале додгоҳ кӯркӯрона фақат ба гапи пулис бовар кард.»
Паулов гуфт, ки онҳо аз қарори додгоҳи вилоятӣ ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят хоҳанд бурд. Вале тасдиқи ҳукми Мирзоев аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба маъноест, ки ҳукми ихроҷи ӯ алакай қувваи қонунро мегирад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳар вақти дилхоҳ роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самараро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.
Александр Паулов, вакили мудофеъ (адвокат)-и Саидасрор Мирзоев, роҳбари боздоштшудаи ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара қаблан гуфта буд, ки муваккили ӯро рӯзи 23 декабр рабуда, ба сараш халта андохтаанд ва ба ҷангал бурда, латукӯб кардаанд.
Пойгоҳи хабарии маҳаллии «Волга-Нюс» хабар дод, ки «дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти вайронкунандаи қонун санадҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода шудааст». Ин нашрия меафзояд, ки қарори ихроҷи Мирзоев бо далели «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок карда шудааст. Аммо Довудҷон Мирзоев, бародари Саидасрор Мирзоев, боздошти ӯро кори дасти “як гуруҳ аз тоҷикони манфиатхоҳ” ва «ҳоҷиҳои пулдор»-е номид, ки мехостанд аробакашҳои тоҷикро дар базаи №3 «андоз» банданд.
хххххх
Котиботи вазорати молияи Тоҷикистон дар як изҳороти вижа гузоришҳоти нашршуда дар расонаҳои гуногун дар бораи инро, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи пардохти қарзи давлатии хориҷиаш дар ҳоли наздик ба дефолт қарор дорад ва ба ин сабаб ба қарздиҳандагони хориҷӣ бо дархости қафо партофтани замони пардохти қарзаш муроҷиат кардааст», рад кард.
Вазорати молия гуфт, Тоҷикистон дар ҳақиқат ба Ташаббуси кишварҳои 20-гонаи бузург (G20) дар мавриди мораторийи пардохти қарзи хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд ҳамроҳ шуд, вале «ҳадафи асосӣ аз пайвастан ба ин ташаббус сабук кардани паёмадҳои буҳрон тавассути ба мубориза бо коронавирус равона кардани хароҷоти давлатист, на халосӣ аз бори қарзҳо бар вазъияти моливии кишвар, тавре ки дар гузоришҳои нашршуда тасвир мешавад.»
Вазорати молия гуфт, маблағҳое, ки аз ҳисоби ба таъхир гузоштани пардохти қарзҳои хориҷӣ дар дасти ҳукумат боқӣ мемонанд, ба таври иловагӣ барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона мешаванд.
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, «то имрӯз тамоми уҳдадориҳои кишвар ҷиҳати хидматрасонии қарзи хориҷӣ саривақт ва пурра иҷро шудаанд, ки инро тамоми шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ метавонанд тасдиқ кунанд.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ташаббуси G20, ки моҳи апрели соли 2020 қабул шуда, алакай 46 кишвар ба он пайвастаанд, моҳи сентябри соли 2020 бо Клуби Порис ёддошти тафоҳум ба имзо расонда, бар асоси он ноил шудааст, ки пардохти қарзҳояш ба Эксимбонки Хитой ва Бунёди рушди Кувейт ба маблағи 43 миллион доллар ва ба Бонки рушди Олмон (KfW) ба маблағи 363 ҳазор евроро ба таъхир гузорад. Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 ба 3 миллиарду 163,2 миллион доллар расид, ки ин 36,9% аз ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.
хххххх
Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумат тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила ворид шудааст, ки аз ҷумла бар асоси иловаи сархатҳои 6 ва 7 ба моддаи 69-уми ин Кодекс, дар оянда метавонанд, ки шахсонеро, ки барои ҷиноятҳо ба зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, яъне таҷовуз ба номуси кӯдакони ноболиғи то 16-сола ваё барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона маҳкум шудаанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум кунанд. Ин тарҳи тағйиру иловаҳо рӯзи 11 январ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шудааст.
То кунун дар қонунгузорӣ чунин муҷозот нисбат ба афроди таҷовузгар ва онҳое, ки ба даллагӣ ва ташкили фоҳишахона машғул мебошанд, вуҷуд надошт.
Ин тағйирот ба Кодекси оила дар ҳоле сурат мегирад, ки вақтҳои охир хабарҳо дар бораи таҷовуз ба номуси кӯдакон ва бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба онҳо аз Тоҷикистон бештар ба даст мерасанд. Ахиран намояндагони 54 созмони ғайридавлатӣ аз роҳбарони Тоҷикистон хостанд, то ҷазо барои таҷовуз ба номуси ноболиғонро сахттар карда, нагузоранд, ки чунин афрод бо ҷазои сабук аз ҷавобгарӣ халос шаванд.
Чанде пеш додгоҳи Ҳисор як марди муттаҳам ба таҷовуз ба номуси духтари 12-соларо бар асоси қонуни афв озод кард ва додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавонро барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба як писарбачаи 11-сола танҳо ҷарима баст. Ин ду ҳукми додгоҳ мавҷи вокунишҳои манфиро дар ҷомиа ба бор овард ва мардум чунин ба истилоҳ “раҳмдилӣ”-и додрасҳо нисбат ба таҷовузкоронро ба боди шадиди интиқод кашиданд.
ххххххх
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Оренбурги Русия як марди зодаи Тоҷикистонро, ки бо парвози Хуҷанд – Маскав вориди Русия шуда буд, барои иҷро накардани талаботи беҳдоштӣ ва саривақт насупурдани ташхиси коронавирус ба маблағи 7500 сомонӣ ҷарима баст.
Тибқи муқаррарот, ҳар нафаре, ки аз хориҷ вориди Русия мешавад, бояд дар зарфи се рӯз баъди омаданаш аз ташхиси коронавирус гузашта, натиҷаҳояшро дар саҳифаи худ дар сомонаи давлатии Госуслуги ҷой кунад. Марде, ки аз Тоҷикистон омадааст, ин муқарраротро иҷро накарда, дар зарфи се рӯзи баъди омаданаш тести коронавирус насупурдааст ва маълумотро дар сомонаи Госуслуги ҷой накардааст.
Ин мард ҳанӯз то баррасии парвандааш дар додгоҳ аз ташхис гузашт ва маълумотро дар Госуслуги ҳам ҷой кард. Вале додгоҳ боз ҳам ӯро 7500 рубл ҷарима баст.
Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия то 11 январ ба 3 миллиону 370 ҳазор расида, ин вирус то имрӯз сабаби марги қариб 61 ҳазор нафар дар ин кишвар шудааст. Танҳо дар як шабонарӯзи охир дар Русия 22 ҳазору 540 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 440 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд. Русия аз лиҳози миқёси паҳншавии коронавирус дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ дар ҷои аввал ва дар дунё баъди Амрико, Ҳиндустон ва Бразилия дар зинаи чорум ҷой гирифтааст.
хххххх
Дар ҳоле ки дар Русия таътилоти солинавӣ идома дошт, аз 4 то 10 январ дар шаҳри Иркутск, аз ҷумла дар бозорҳои ин шаҳр пулис рейдҳои вижае ҷиҳати тафтиши қонунияти будубоши муҳоҷирони хориҷӣ доир кардааст. Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск гуфт, ин рейдҳоро кормандони идораи муҳоҷирати хориҷӣ (УВМ) якҷо бо Маркази мубориза бо экстремизм ва нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия баргузор карда, дар маҷмӯъ то куҷо қонунӣ будани будубоши 208 шаҳрванди хориҷиро санҷидаанд.
«Дар натиҷаи санҷишҳо 6 мавриди сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд. Нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои будубош 45 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки дар бланки замони вуруди як шаҳрванди 42-солаи Қирғизистон ва як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ба қаламрави Русия аломатҳои тақаллуб мушоҳида мешавад», – гуфта мешавад дар иттилоияи пулис.
Дар видеое, ки хадамоти матбуоти пулиси вилояти Иркутск нашр кард, дида мешавад, ки дар байни муҳоҷирони боздоштшуда зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ зиёданд.
xxxxxx
Марди 27-солаи сокини ҷамоати К. Исмоили шаҳри Ваҳдат, бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 10 январ, тахминан соати 02:55, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи холаи 59-солааш ба ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо табар 1-маротиба ба сари холааш ва 1-маротиба ба сари шавҳари низ 59-солаи холааш задааст. Дар натиҷа, зану шавҳар ҳарду ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
хххххххх
Як ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. ВКД гуфт, ки ӯ тахминан соати дувоздаҳуними шаби 10 январ, дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 33-солаи сокини ҷамоати Деҳмой вохӯрда, ду маротиба ба шиками ӯ корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Сабаби муноқиша ин шудааст, ки гӯё ҷабрдида ба модари 45-солаи ҳамлагар занг зада, хоҳиш кардааст, ки бо ӯ муносибати ошиқона намояд. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.