ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ НОБОЛИҒ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО ХАРАРОБА

Шоми 6 январ, тахминан соати 18:00, дар роҳи Восеъ – Ҳамадонӣ ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари бархӯрди мошини “Опел-Астра” бо харароба ноболиғи аробасвор Сайҷаъфар Ятимов, с.т.2006, сокини ҷамоати Гулистон  ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. ВКД мегӯяд, ронандаи 37-солаи “Опел” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ноболиғ дар натиҷаи бархӯрди автомашина бо харароба

Рӯзи 6-уми январи соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонов Сайдаҳмад Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба харароба, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа аробасавори ноболиғ, Ятимов Сайҷаъфар Қиёмуддинович, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Гулистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 15-уми майи соли 2015, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 47-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро ҳамчун корманди ҶДММ “Аюб 2010” муаррифӣ намуда, аз ӯ 16 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, дар бинои навсохташуда хонаи истиқоматиро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button