Тоҷикистон

ДУ ФОҶИАИ МАРГОВАР ДАР АШТ ВА ЛЕВАКАНТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ду фоҷиаи марговар дар Ашт ва Леваканд хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, дар ҷамоати Ориёнои ноҳияи Ашт дар поси шаб як манзил ҳангоми хоб будани бошандагонаш ба коми оташ рафтааст. Бар асари ин сӯхтор соҳибхона – пирамарди 76-сола ҷон бохтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка)-ро сабаби сар задани сӯхтор номидааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки шаби Соли нав бар асари заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар Ҳисор ду нафар ба ҳалокат расида, якеи дигарро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Бино ба иттилои ҳамин ниҳод, имдодгарони Кумита дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷасади як мардро аз обанбори нирӯгоҳи Сарбанд берун кашидаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ буда, бо сабабҳои ҳанӯз номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба обанбори нирӯгоҳи Сарбанд партофтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳодисаи худкушӣ ё қасди худкушӣ рӯй медиҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 6 январ  соати 10:38 дар анбори ҶДММ Султони Ҳаким, воқеъ дар кӯчаи Абдуллобеков – 21, ноҳияи Сино дар масоҳати 150 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Сӯхторро алакай баъди 40 дақиқа пурра хомӯш кардаанд. “Талафот нест, сабабҳои сӯхторро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button