ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ДӮКОНДОРРО ДАР ИШКОШИМ БАРОИ МУОМИЛОТ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ ҶАРИМА БАСТААНД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Ишкошим ду соҳибкори маҳаллиро бо ҷурми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷарима бастааст.

Бино ба ин манбаъ, Набӣ Амирбеков рӯзи 2 сентябр дар мағозааш дар деҳаи Зумудг ва Аминбек Мамадсаидов рӯзи 4 сентябр дар мағозааш дар дешаи Гармчашма маҳсулоти худро дар ивази асъори хориҷӣ фурӯхтаанд.

Барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷи дар қонун ҷавобгарӣ пешбинй шудааст

 Амирбеков Набӣ Сафарович истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, 2-сентябри соли 2020 дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Зумудги ноҳия, тахминан соати 12:15 дақиқа молу маҳсулоти дар мағозааш гузошташударо ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоштааст, ки ин ҳолат ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ҳангоми хариду фурӯш бо асъори хориҷй ошкор карда шуд.

  Прокуратураи ноҳияи Ишкошим нисбати Амирбеков Н.С. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ишкошим ирсол намуд.

  Бо қарори суди ноҳияи Ишкошим аз 21 сентябри соли 2020 сол нисбати Амирбеков Н.С. ҷарима таъин карда шуд.

  Ё ин, ки Мамадсаидов Аминбек Авазбекович, истиқоматкунандаи деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, 4-сентябри соли 2020 дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Гармчашма бо асъори хориҷӣ муомилоти ғайриқонунӣ намудааст, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор карда шуд.

  Прокуратураи ноҳияи Ишкошим нисбати Мамадсаидов А.А. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ишкошим ирсол намуд.

Бо қарори суди ноҳияи Ишкошим аз 21 сентябри соли 2020 сол нисбати Мамадсаидов А. ҷарима таъин карда шуд.

Маркази матбуотиПрокуратураи генералӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button