Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

РУСИЯ ТАРТИБИ ВУРУДИ МУҲОҶИРОНИ ӮЗБЕКРО ОСОН МЕКУНАД

Русия ва Ӯзбекистон ҷиҳати осон кардани тартиби вуруди муҳоҷирони кории ӯзбек ба Русия чанд қарордод имзо кардаанд.

Хабаргузории «Дунё» – минбари расмии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки Агентии муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 24 декабр дар Маскав бо корхонаи федералии ФГУП «Паспортно-визовый сервис»-и марбут ба вазорати корҳои хориҷии Русия ва муассисаи давлатии «Многофункциональный миграционный центр»-и  Сахарово, ки муҳоҷирон барои кор дар шаҳру вилояти Маскав дар ҳамин ҷо патент мегиранд, қарордодҳои алоҳида ба имзо расондааст.

 «Ҳадаф аз имзои ин қарордодҳо осон кардани тартиби сафари муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо мақсади фаъолияти кории муваққат дар қамларави Русия мебошад», – таъкид мекунад «Дунё».

Ин қарордодҳо барои таъсиси бахшҳои марказҳои муҳоҷирати Русия дар қаламрави Ӯзбекистон роҳ мекушоянд. «Ин ба шаҳрвандони Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки вақт ва хароҷоти худ барои таҳияи санадҳои лозим барои гирифтани иҷозати кор дар Русияро сарфа кунанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи хабаргузории «Дунё».

Ӯзбекистон, ки бо беш аз 30 миллион аҳолиаш пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказист, ҳамчунин бузургтарин кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа ба шумор меравад. Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол аз Ӯзбекистон аз 2 то 4 миллион нафар аз аҳолии қобили кораш ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Ба мисли Тоҷикистону Қирғизистон – ду кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – пулҳое, ки муҳоҷиронаш аз Русия мефиристанд, дар Ӯзбекистон низ як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад. Соли 2019 аз Русия ба Ӯзбекистон асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 4,7 миллиард доллар пул фиристодаанд.

В Москве подписаны документы по упрощению процедур организованного выезда граждан республики, намеревающихся осуществлять трудовую деятельность на территории России

МОСКВА, 25 декабря. /ИА «Дунё»/. Вчера в ходе визита делегации Узбекистана во главе с советником Премьер-министра Мехриддином Хайриддиновым в Россию Агентством по внешней трудовой миграции при Министерстве занятости и трудовых отношений нашей страны подписаны соглашения о сотрудничестве с Федеральным государственным унитарным предприятием «Паспортно-визовый сервис» при МВД России (ФГУП «ПВС»), а также с Государственным бюджетным учреждением города Москвы «Многофункциональный миграционный центр» (ГБУ «Миграционный центр»), сообщает корреспондент ИА «Дунё».

По информации Посольства Узбекистана в г.Москве, цель подписания документов – упрощение процедур организованного выезда граждан республики, намеревающихся осуществлять временную трудовую деятельность на территории России.  

От узбекской стороны документы подписаны первым заместителем министра занятости и трудовых отношений Узбекистана Эркином Мухитдиновым, от российской – заместителем начальника ФГУП «ПВС» Петром Карповцом и генеральным директором ГБУ «Миграционный центр» Сергеем Балдиным.

ФГУП «ПВС» и ГБУ «Миграционный центр» являются уполномоченными учреждениями, предоставляющими комплекс услуг для получения разрешения по осуществлению трудовой деятельности в Москве и по всей территории России.

Подписание документов государственными органами сторон позволит упорядочить миграционные процессы, включая открытие фронт-офисов миграционных центров, результатом которых будет являться сокращение времени и расходов, затрачиваемых гражданами республики при оформлении документов, необходимых для получения разрешения на осуществление трудовой деятельности на территории России. В том числе получение части услуг на территории республики до выезда в Россию.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button