Хабарҳои кӯтоҳ

Ҳавопаймои Минск-Душанбе ба иллати туман дар Тошканд нишаст

Субҳи 23 декабр ҳавопаймои ширкати Belavia Airlines ба сабаби туман натавонист дар фурудгоҳи Душанбе бинишинад. Экипажи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки то беҳтар шудани шароити обу ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Тошканд пойин шавад.

Радиои Озодӣ бо такя ба хадамоти матбуоти фурудгоҳи Душанбе хабар дод, ки ҳавопаймои ширкати белорусии Belavia Аirlines ба сабаби тумани ғафс натавонист дар фурудгоҳи пойтахти Тооҷикистон фуруд биояд ва аз ин рӯ, аз фурудгоҳи Тошканд ба ҳайси фурудгоҳи эҳтиётӣ истифода бурд. Ин ҳавопаймо танҳо баъди хуб шудани вазъи обу ҳаво аз Тошканд ба Душанбе парвоз карда, соати 14  билохира дар пойтахти Тоҷикистон нишастааст.  Қарор аст, ин ҳавопаймо баъди гирифтани мусофирон бегоҳи 23 декабр ба Минск баргардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button