КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

Афсари милиса ба гирифтани 15 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешавад

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи Ғаюров Таҳмурас, собиқ сардори қисми навбатдории ШВКД-2 ноҳияи Рӯдакиро анҷом дода, ба додгоҳ супурдаанд. Ин афсари милиса ба он айбдор мешавад, ки моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писараш 3.000 доллар талаб карда, аз ин маблағ 15.000 сомониашро гирифтааст. Аммо мақомоти Агентӣ ба зидди Ғаюров на бо иттиҳоми  гирифтани пора, балки бо моддаи ҷазояш хеле сабуктари “қаллобӣ” парванда кушодаанд. Афроди муттаҳам ба қаллобӣ маъмулан бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои бо моддаи “қаллобӣ” бандубаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, хеле зиёд шудааст.

Ҳилаи шаръие, ки мақомот барои бо ин модда бандубаст кардани парвандаҳои порахӯрӣ истифода мебаранд, чунин аст, ки гӯё ин ё он мансабдори ба даст афтода дар доираи салоҳиятҳои мансабиаш ҳалли масъалаҳоеро, ки ваъда мекард, надошт ва аз ин рӯ, гӯё корафтодаро фиреб медод ва ин қаллобист, на порахӯрӣ аз ҷониби шахси мансабдор.

Ба ақидаи коршиносон, бо чунин шаклу шеваи муборизаи “раҳмдилона” бо коррупсия Тоҷикистон шонси пирӯзӣ дар ин набардро нахоҳад дошт, чунки ин шакли мубориза, ба ақидаи онҳо, аз як доми маҳкам дида, бештар ба як ғалбери сӯрох шабоҳат дорад, ки мансабдорони порахӯр бо вуҷуди бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодан, аз мӯрии хеле калони “қаллобӣ” худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Ва нафақат халос мешаванд, балки баъди чанде дар ягон мансаби дигари серравған такя мезананд.

Тасарруфи маблағи 15.000 сомонӣ аз ҷониби корманди ШВКД

Ғаюров Тахмурас Файзидинович дар вазифаи сардори қисми навбатдории ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писари охирин, маблағи 3.000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 15.000 сомониашро гирифта, тасарруф намуд.

      Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров Т.Ф. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

      Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button