Муноқишаи ду ҳамдеҳа дар Хуҷанд ва ташкили қиморхона дар Вахш
Сокини 51-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Ғафуров шаби 15 декабр, соати 20:40 дар як меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд ҳамдеҳаи 62-солаашро корд задааст.
Сокини 40-солаи ҷамоати 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Вахш барои ташкили қиморхона дар манзили зисташ дастгир шудааст.
Як сокини ҷамоати Нофароҷ дар Истаравшан аз як сокини Пошкент 22 сар чорвои хурдро 30 ҳазор сомонӣ нарх карда, то ҳол пулашро надодааст.
Сокини 23-солаи ноҳияи Ғафуров аз як сокини Вахш барои 30 тонна арматура 195 ҳазор сомонӣ гирифта, ин пулро ба манфиати худ сарф кардааст ва арматура нафиристодааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 17 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Бо корд захмӣ намудани ҳамдеҳа дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 15-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:40-дақиқа, ҳангоми дар меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қисми шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошти марди 40-сола бо гумони ташкили ғайриқонунии қиморхона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо гумони ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, мардони 35, 38, 49 ва 29-солаи сокинони ноҳияи мазкурро ба хонааш даъват карда, ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 1-уми сентябри соли 2020, бо тариқи телефон бо марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти ш.Кирови ноҳияи Вахш гуфтугӯ намуда, худро ҳамчун фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ дар бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб барои дар давоми 1-ҳафта ба номбурда фиристодани 30-тонна арматура, тавассути бонки «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, аз охирон ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 12-юми декабри соли 2019, ҳангоми дар дохили бозори чорво, воқеъ дар деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри мазкур қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 22-сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.