ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

Tcell даст доштанаш дар ирсоли паёмакҳо бо видеои зидди фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддинро рад мекунад

Давоми рӯзи 14 декабр ва шаби 15 декабр ба даҳҳо муштариии ширкати Tcell, бузургтарин ширкати алоқаи мобили Тоҷикистон, паёмак (СМС) бо суроғаи як видео дар Ютуб ба зидди сардабири сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин ирсол кардаанд. Чунин паёмакҳоро муштариёни ширкатҳои дигари алоқаи мобилӣ низ дарёфт кардаанд.

Дар ин видео ин фаъоли мухолифинро ба гӯё алоқаи ҳамҷинсгароёна бо як фармондеҳ аз вилояти Қундузи Афғонистон бо номи “қумандон Ғулом” айбдор мекунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ин иттиҳомро “бофта” номид ва гуфт, ки “бо ин дурӯғбофиҳо мехоҳанд маро аз нашри матлабҳо дар бораи коррупсия дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон манъ кунанд.”

Дар ширкати Tcell дар посух ба дархости пойгоҳи хабарии «Бомдод»  гуфтанд, ки дар ин замина мутахассисони ширкат таҳқиқот анҷом додаанд ва ба чунин натиҷа расиданд, ки «ин паёмакҳое, ки бархе муштариёни Tcell, ҳамчунин муштариёни ширкатҳои дигар дарёфт карданд, спам аст.» «Ширкати Tcell тавсия медиҳад, ки паёмакҳои ҳамчун спас ирсолшударо накушоянд ва чунин спамҳоро пок кунанд», – гуфт дар суҳбат бо «Бомдод» як манбаъ аз ширкати Tcell, ки аз бурдани номаш худдорӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки чунин шеваи ирсоли паёмакҳо кори ширкати Tcell  нест. «Стратегияи кори ширкати мухобиротии Tcell танҳо кор дар роҳи рушди соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон ва кор ба манфиати ҷомиаи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Паёмакҳои расмӣ аз Tcell ҳамеша бо зикри «TCELL» дар ин паёмак сурат мегиранд ва дар поёни он шумораи тамос барои маълумот илова карда мешавад», – таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки  «мутахассисони фаннии Tcell  ҳоло рӯи навсозии механизмҳои пешгирӣ аз ирсоли минбаъдаи чунин паёмакҳо кор мекунанд.»

Tcell бузургтарин оператори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба омори соли 2019, Tcell ҳудуди 40 фоизи бозори алоқаи мобили Тоҷикистонро таҳти назорат дошта, рақибони асосии худ – «Мегафон Тоҷикистон», «Вавилон» ва «БиЛайн»-ро хеле қафо гузоштааст. Шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,4 миллион нафар баровард мешавад, ки қариб 3 миллиони онҳо дар баробари алоқаи мобилӣ тавассути телефон аз Интернет низ истифода мебаранд.

Сомонаи «Ислоҳ», ки бо нашри мақолаҳо ва видеоҳои пурсарусадо дар бораи дар коррупсия даст доштани мансабдорони баландпояи Тоҷикистон маъруф аст, тақрибан 4 сол пеш дар Фаронса аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин, як зодаи Тоҷикистон, ки дар ин кишвари аврупоӣ паноҳанда шудааст, таъсис ёфтааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин писари Қаландар Садриддинзода – яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) мебошад. Раҳбарони ҲНИТ мегӯянд, ин ҳизб соли 1974 маҳз дар манзили Садриддинзода дар Қӯрғонтеппа (ҳоло- Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оилаи Садриддинзодаҳо, аз ҷумла писараш Муҳаммадиқбол, маҷбур шуданд, ки ба Афғонистон паноҳ баранд. Муҳаммадиқбол як муддат дар шаҳри Толуқон буд ва сипас барои таҳсил ба Покистон рафт.

Дар видеое, ки ахиран аз ҷониби троллҳои марбут ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нашр шуд, як мард бо лаҳҷаи хоси шимоли Афғонистон Муҳаммадиқболи Садриддинро ба он айбдор мекунад, ки дар давраи паноҳандагиаш дар Афғонистон бо як қумандон аз вилояти Қундуз бо номи “қумандон Ғулом” гӯё  алоқаи ҳамҷинсгароёна дошт ва чанд сол дар хонаи ӯ буд. Дар видео иддао мешавад, ки падари Муҳаммадиқбол дар ниҳоят бо додани пули зиёд тавонист писарашро аз дасти он қумандон халос кунад.

Вале Муҳаммадиқболи Садриддин дар як видеои дусоата, ки дар Интернет нашр кард, ин иддаоро шадидан рад кард ва дурӯғи маҳз номид.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии «Бомдод» низ изҳор дошт, ки «ин дурӯғро барои он бофтаанд, ки маро аз нашри матлабҳо дар бораи вуҷуди коррупсия дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон манъ кунанд ».

Ӯ мавҷи ахири ҳамлаҳо ба шахси худро ба шадидтар шудани ихтилоф дар роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон байни “гвардияи кӯҳна” ва намояндагони насли нав, бахусус бо Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД рабт дод. Ба гуфтаи сардабири “Ислоҳ”, доираҳои муайян, ки мехоҳанд монеи рушди карйераи Шоҳрух Саидзода шаванд, бо ирсоли компромат (маълумоти бадномкунанда) дар бораи ин дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ ва падараш– генерал Абдулфаттоҳи Ғоиб мехостанд, ки аз минбари “Ислоҳ” барои сиёҳу бадном кардани Шоҳрух Саидзода сӯиистифода кунанд.

 «Мо ин маводро чоп накардем ва ин норозигии тарафи дигарро ба бор овард. Ва онҳо тасмим гирифтанд, ки бо чунин шакл – бофтану паҳн кардани қиссаи бардурӯғи қумандон Ғулом аз ман қасос бигиранд. Вале ҳама даъвоҳояшон пойдарҳавост. Ман ҳеҷ гоҳ дар Қундуз зиндагӣ накардаам, тавре дар ин видео иддао мешавад. Оилаи мо дар Толуқон зиндагӣ мекард, вале ман дар он ҷо ҳам зиёд набудам, чунки хеле зуд маро барои таҳсил ба Покистон фиристоданд”, – нақл кард Муҳаммадиқболи Садриддин.

Идораи «Бомдод»  ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри видеои зидди Муҳаммадиқболи Садриддин ва зикри  суроғаи он худдорӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button