Номаҳо ба президентТоҷикистонҶомеа

ВИДЕО: Меҳринигори Рустам барои ҷонварони Боғи ҳайвонот ғизо бурд: Шумо ҳам чунин кунед!

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик баъди нашри аксҳо дар бораи аҳволи зори ҷонварони Боғи ҳайвоноти Душанбе ҳамроҳи модараш Афсонаи Рустам ба ин боғ рафта, барои ҷонварон ғизо бурдааст.Меҳринигор дар як видео аҳволи ҷонварони Боғи ҳайвонотро намоиш дод ва аз мухлисонаш даъват кард, ки ба ин ҷонварон кумаки худро дареғ надоранд. “Ман медонам, ки дар байни мухлисонам ҳастанд онҳое, ки дасти хайр ва дили меҳрубон доранд. Як рӯз дар тарабхона нашинеду барои ин ҷонварон ғизо биоред. Хеле кори хайру савоб мешавад!” – гуфт Меҳринигор хитоб ба мухлисонаш.

Афсонаи Рустам, модари Меҳринигор ба сомонаи “Бомдод” гуфт, аз дидани аҳволи ҷонварон дар Боғи ҳайвонот ба риққат омадааст: “Аҳволашон бад аст, дар воқеъ. Мақомоти шаҳрдорӣ бояд бираванд ва бо вазъи ин ҷонварон ошно шаванд. Аз мардум ҳам даъват мекунем, ки бетараф набошанд. Мо набояд бетараф биистем.Мо бояд сарҷамъона дасти кумаки худро ба ин ҷонварон дароз кунем. Ду шаб хобамон набурд баъди дидани ин аксҳо ва рафта ба чашми худ дидани аҳволи ин ҷонварони бегуноҳ…”

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуданд, ки вазъи тоқатфарсои ҳайвоноти нодир дар боғҳои ҳайвоноти Тоҷикистонро намоиш медиҳанд. Корбарон пурсидаанд, ки “ин Боғи ҳайвонот аст ё зиндони ҳайвонот?”

«Қафасҳои танг, бӯи бад – чунин аст ҳоли боғҳои ҳайвоноти Душанбе ва Хуҷанд. Ҷонварон бояд то поёни умри худ дар чунин шароит зиндагӣ кунанд. Одамон ба чунин ҷойҳо барои ҷиноятҳои сангинтарин меафтанд, вале ин ҷонварон аз рӯзи таваллуд ва то дами марг бояд дар чунин шароит ба сар баранд!», – навиштааст аз ҷумла Фирдавс Муҳаммадиев бо нашри чанд акс дар гуруҳи фейсбукии «Мо-Тоҷикистониён!»

Аксҳои нашршуда мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард. Бисёриҳо аз мақомот хостаанд, ки ё барои ин ҷонварон шароити муносиб фароҳам биоранд ва ё ин ба истилоҳ «зиндонҳои ҳайвонот»-ро бубанданд.

Firdavs Mukhammadiev МЫТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МОТОҶИКИСТОНИЁН!

❗️Зоопарк или зоотюрьма?

Маленькие клетки, ужасный запах — все это про зоопарки Душанбе и Худжанда

Мы всегда кричим, что мы верующий народ, мы мусульмане. Видимо, это только на словах!

❗️Животные вынуждены до конца своих дней жить в подобных условиях. Люди попадают в подобные места за самые тяжкие проступки, а животные с самого рождения и пожизненно вынуждены существовать в подобных условиях!

В Душанбе строят аквапарки, гостиницы и тд. Давайте начнём с того, что приведём зоопарк в порядок, чтобы животные больше не мучались!

Для владельца зоопарка это стало исключительно заработком, про состояние животных давно позабыли!

Сделайте репост, не стыдитесь , именно благодаря вашему репосту мы можем дать этому огласку, давайте спасём животных!

❗️Всевышний вознаградит каждого причастного!

https://www.facebook.com/groups/tajikistanians/permalink/2869775303306365

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button