Номаҳо ба президент

Аз ман пора талаб кард… Шикоят ба президент аз тамаъҷӯии корманди Хадамоти иҷро

Ба Пешвои Миллат, Асосгузори

Сулҳу Ваҳдати миллӣ Муҳтарам

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи Одилов Дилшод Сайдалиевич

сокини ш.Душанбе кӯчаи А.Дониш

Аризаи шикояти.

            Мухтарам Пешвои Миллат Асосгузори Сулху Вахдати милли Чаноби Оли Эмомали Рахмон  ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман Одилов Дилшод Сайдалиевич тибки халномаи Суди н.Исмоили Сомонии ш.Душанбе аз санаи 18.02.2019сол барои таъминоти чор фарзандони ноболигам, ки модаронашон гуногун мебошад ба андозаи 50% яъне нисфи музди маош ва дигар даромад алимент пардохт менамудам. Мохи октябри соли 2019 аз кор бо хохиши худ озод шудам то ин сол дар НБО Рогун ба хайси МРНТ (Мухандиси Раёсати Назорати Техники) кор ва фаъолият менамудам. Баъд аз озод шудан санаи 14.11.2019сол собик оилаи дигарам ба Суд бо аризаи шикояти ситонидани алимент барои кудакони ноболигамон  мурочиат намуд. Ман аризаи мукобил пешниход намудам барои тагйир додани андозаи алимент ва иваз шудани чои кориам ба Суд маълумотнома оиди музди мехнат ва чои корам пешниход намудам ва  санаи 29.04.2020сол халномаи Суди оиди ситонидани алимент барои 7 (хафт) кудак 50% нисфи музди маош аз чониби  Судя Хомидзода М.   бароварда шуда ситониши алимент тибки халномаи Суди огоз аз санаи 14.11.2019сол ситонида шавад ва инчунин чараёни ичрои ичроваракахои ичро вобаста ба халномаи Суди н.И.Сомони аз санаи 18.02.2019сол дар истехсолоти ичрочиёни хадамоти ичро катъ карда шаванд. Дар ин маврид кормандони Хадамоти ичрои ш.Норак Ализода Р. бо маслихати даъвогар собик оилаам ва бародари собик оилаам Камарзода Умед, ки корманди ВКДЧТ мебошад хостанд маро бе асос карздор намоян аз тарафи Прокуратураи ш.Норак санчида баромаданд ва карор кабул карда шуд оиди бе асос буданаш. Вале боз кормандони Хадамоти Ичро дар н.И.Сомони маслихат бо даъвогар ва наздик будан бо бародари собик оилаам Камарзода Умед корманди ВКДЧТ ки суйистифода аз мансаб ва бо маслихат маро бе асос хостанд карздор намоянд бо хамрохии корманди Хадамоти Ичро Гулов М. Оиди ин рафтори гайриконунии корманди Хадамот ва талаб намудани тамаъ  фишор овардан ба ман ва падару модарам шикоят намудам вале бинобар сабабе, ки кормандони Хадамот софдилона кор ва фаъолият накардан ва бо дастгирии якдигар хатто санчиш аз руи вичдон гузаронида нашуд ва хатто ба аризаи ман чавоб то ба имруз наомад, ки ин маротибаи аввал нест. Хангоми даъват намудан ба Хадамоти Ичро аз ман баёнот пурра гирифта шуд нисбати баромадан аз хадди ваколатхои хизматии корманди Хадамоти Ичро дар И.Сомони Гулов М вале бе вичдонии кормандони Хадамот боз якбори дигар маълум гашт. Ман шахсан бародари собик оилаамро Камарзода Умед-ро бо Гулов М дар идораи Суди н.И.Сомони дидам, ки чи тавр маслихат менамуданд вале аз тарафи санчишгар навор талаб карда нашуд. Гулов М-ро оиди бе асос будани суханонашон ман фахмонида ва халномае, ки санаи 29.04.2020сол бароварда шудааст пешниход намудам Судя Хомидзода кайд намудааст, ки ситониши алимент тибки халнома шуруъ аз 14.11.2019сол ситонида мешавад вале Гулов бинобар сабаби пурра манфиатдор буданаш як гапро такрор ба такрор ба ман мегуфт, ки ту аз мохи октябри соли 2019 то ба имруз дар ягончой кор накардаӣ ва бояд аз руи музди маоши миёнаи Хукумати н И.Сомони пешбинишудаи хадди акал бояд алимент супори ва карздор хасти тамом холон, ки карздори аз чониби Суд муайян карда мешаввад. Ба ман гуфт хамаи суханонат бе худааст ва ман туро бо хар рох карздор менамоям ва падару модаратро норахат месозам то ки онхо супоранд. Ба падарам, ки алакай солаш ба чое расидааст ин корманди Хадамот Гулов М занг зада тахдид мекардааст, ки ман фарзандатонро ба кофтукоби чинояти медихам расонед, ки омада карзи алиментро супорад падарам ба у фахмондаст, ки писари ман дар кайди хонаи ман нест ва худ алакай ба балогат расидааст харчи, ки хаст дар доираи конун бигзор Суд чорачуи намояд вале у бинобар сабаби пурра манфиатдор буданаш падарамро монда ракамхои мобилии модарамро аз бародари собик оилаам Камарзода Умед гирифта ба модари пирам занг зада боз хамин суханонро гуфтаст. Гулов М ба назди раиси махаллае, ки ман пеш дар кайди истикомат будам рафта ба у гуфтааст, ки Одилов Дилшод чиноят кардааст мо аз Суд уро мечуем ва нисбати у делои чинояти огоз кардаем холонки нафаре агар чиноят содир намояд то муайян намудани гунахгориаш уро хамчун гумонбар мехисобанд ва инрчунин ин нафар худ корманди хадамот мебошад вале аз номи Суд истифода мебарад холонки ин рафтори гайриконуни мебошад. Оиди ин рафторашон чандин маротиба ба Хадамоти Ичрои назди хукумати Чумхурии Точикистон мурочиат намуда хатто ба кабули шахрвандон ба назди сардорашон Саидвализода Б рафтабудам вале мутаъсифона ягон чораи зарури андешида намешавад маълум, ки хамаи инхо як максад доранд ва якдигарро дар ин корхои гайриконуниашон бе восита дастгири менамоянд. Ман санаи 12.10.2020сол ба Прокуратураи Шахри шикоят намудам ва аризаи ман тибки хабарнома санаи 14.10.2020 ба прокуратураи н.И.Сомони ворид шуда буд аризаи манро пурра насанчида боз бо рохи шиносбози ва манфиатдор намудан барзиди ман Делои чинояти огоз намуданд. Дар инчо шикояти ман оиди гайриконуни рафтор намудани корманди Хадамоти ичро дар И.Сомони Гулов М ва бародари собик хамсарам Камарзода Умед буд. Ман санаи 28.11.2020 ба кабули Прокурори н И.Сомони рафтам ва оиди холати кор хостам шикоят намоям вале як сухани бе нихояд нагз ба ман гуфт, ки ариза мухлат дорад: пас мухлат бошад кани санчиш нисбати корманди Хадамот Гулов М ва хамаслакаш Камарзода Умед? Ногуфта намонад, ки Камарзода Умед бо дастгирии Кодирова Зебо ки корманди Прокуратураи Генералии ЧТ раёсати тафтишот мебошад шуруъ аз соли 2017 то ба охири солхои 2019 хостанд маро бо дузанаги догдор намояд хушбахтона бори кач ба манзил намерасад ин кор халли худро ёфт. Акнун боз як муаммо ки барои чи аризаи маро прокурор насанчид ва ба муфатиши Прокуратура доданд? ин худ маълум, ки боз дар инчо сахми Кодирова Зебо ва Камарзода Умед мебошад оиди ин ду нафар ки аз ваколатхои мансабиашон истифода мебаранд чандин маротиба шикоят навиштам вале мутаъсифона бе чавоб монд.

        Бинобар сабаби   бе ягон асосу далел нисбати ман делои чинояти огоз намуданашон гуе ман аз супоридани алимент саркаши намудаам, холо он, ки то ба имруз аз чониби на даъвогарон на судичрочи ба чои кори ман ичроварака пешниход ва ворид нагардидааст ва ман ба ин нигох накарда худ шуруъ аз мохи августи соли 2020 то ба мохи Ноябри 2020 ба ному насаби собик хамсаронам бо тарики бонк маблаг гузарондаам ва оиди ин  расид аз бонк хамчун далели он ки ман аз супоридани алимент саркаши накардаам ба прокуратура пешниход намудаам.  Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки нисбати ин нафарони номбурда тибки конун чорахои зарурӣ андешида шавад.

аризадиханда            Одилов Д

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button